Дар кори ҷаласа иштирок доштанд: намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муродзода Мирзоалӣ, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Сафаров Шодӣ Азизович ва сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ, инчунин муовинони сардори Раёсат, кормандони масъули дастгоҳи марказии Раёсат ва сардорони Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок доштанд.
Рўзномаи ҷаласа:
Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ.
Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ, оғоз намуда, ба иштирокчиёни ҷаласа рўзномаи ҷаласаро пешниҳод кард.
Вобаста ба масъалаи рўзномаи ҷаласа «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2022 ва вазифаҳо барои семоҳаи дуюми соли ҷорӣ» маърӯзаи муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Шамсзода шунида шуд.
Зимни суханрони қайд намуд, ки Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣӣ ва нафақа ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монд.
Таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо дар семоҳаи якуми соли 2022 дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ (25%) 183 млн. 252,8 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки аз ин 100 млн. 905,9 ҳазор сомонӣ ба ташкилотҳои буҷетӣ (25%) ва 82 млн. 346,9 ҳазор сомонӣ ба ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ (20%) рост меояд.
Дар давраи иҷрои нақша бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобат гирифташуда, ба андозаи 178 млн. 407,4 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 97,4 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ дар семоҳаи якуми соли 2022 нисбати нақшаи пешбинишуда 4 млн. 845,4 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад 1,4 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 0,1 фоиз зиёд мебошад.
Аз маблағи умумии воридгардида 144 млн. 272,0 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби андози иҷтимоии ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ (25% ва 20%) ва 22 млн. 583,5 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорони инфиродӣ (20%) –ро ташкил медиҳад.
Тибқи ҳисоботҳои пешаки маблағҳои андози иҷтимоӣ дар ин давра 11 млн. 551,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба 6,3 фоизи нақшаи пешбинишуда баробар аст.
Теъдоди умумии нафақагирон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1-уми апрели соли 2022 – 267250 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8270 нафар ё ин, ки 3,2 фоиз зиёд гардидааст.
Тибқи маълумотҳои ҷамъбастгардида дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 208203 нафарашро гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ ташкил медиҳад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 340,8 сомонӣ баробар мебошад. Гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ 59047 нафарро ташкил карда, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо 216,33 сомониро ташкил медиҳад.
Дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 56585 нафарро ё ин, ки 21,2% нафақагиронро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1606 нафар ё ин, ки 2,9 фоиз зиёд гардидааст. Нафақагирони маъюб дар як моҳ 18,2 млн. сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 321,98 сомонӣ баробар аст.
Аз шумораи умумии маъюбон 5660 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 25841 нафарашон маъюбони гурӯҳи дуюм ва 12621 нафарашонро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то синни 18 сола дар вилоят 12463 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 307,03 сомонӣ баробар аст.
Дар қайди Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1-уми апрели соли равон 631 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 41 нафар кам гардида, ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 237,05 сомонӣ баробар аст.
Дар давраи ҳисоботи шумораи маъбон ва иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 18 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 937,57 сомонӣ баробар аст.
Гирандагони нафақаи аҳамияти Ҷумҳуриявӣ дошта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 368 нафар ва аҳамияти маҳаллӣ дошта 12 нафарро ташкил медиҳад.
Айни замон дар вилоят 91424 нафар шаҳрвандон гирандагони нафақаи суғуртавӣ мебошанд, ки ба онҳо дар як моҳ 26,5 млн. сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда мешавад. Ҳисоби миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ дар вилоят 289,84 сомониро ташкил медиҳад.
Баъдан камбудию норасоиҳои дар фаъолияти Раёсату шуъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, муҳокима карда шуд.
Баъди пурсишҳо намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Муродзода Мирзоалӣ баромад намуда, ба сардорони Раёсату шуъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дода, таъкид намуд, ки ҳамкориҳоро бо филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пурзӯр карда, дурустии санадҳои муқоисавиро таҳлил намуда, баъдан онро тасдиқ намоянд, ҳамзамон супориш дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва кам намудани бақияпулиҳои андози иҷтимоии инфиродӣ ҳамкориҳоро бо нозиротҳои андоз, сохторҳои молия ва дигар идораҳои дахлдори маҳаллӣ ҷоннок намуда, корҳоро дар самти бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ, бозпас намудани маблағҳои нафақагирони фавтидаю кӯчбаста ва зиёда аз 4 моҳ амалиёт нагузаронида, хароҷотҳои маблағҳои 25 фоиза, бастани шартномаҳо оиди нафақаҳои касбӣ ва гузаронидани инвентаризатсияи аснодҳои нафақавӣ пурзӯр карда, муроҷиатҳои шаҳрвандонро бо риояи талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷрои онҳоро назорат ва таъмин намоянд.
Сардори Раёсат Мусозода С.А. ба иштирокчиёни ҷаласа супориш дода шуд, ки то ҷамъбасти семоҳаи дуюми соли равон, камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро бартараф намоянд.
Дар охир сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони ҷаласаи корӣ саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъдаашон бурдбориҳоро орзу намуд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA