You are here

Табрикот бахшида ба ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ҳамватанони азиз!

Ҷашни 25-умин солгарди Рӯзи Вахдати миллиро барои Шумо табрик ва таҳният гуфта, бароятон рӯзгори обод, саломатию сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро орзу менамоям. 27 июни соли 1997 ба таърих ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории Тоҷикистон ворид гашт. Ватандориву ватандӯстӣ, сулҳу ваҳдат, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он ҳамчун арзиши миллӣ барои ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст.

Бигзор Ваҳдати миллӣ ҳамчун сабақи таърихӣ ва армуғони беназири таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои наслҳои оянда ва дар арсаи байналмилалӣ ҷовидону побарҷо бимонад.

Бо камоли эҳтиром!

Кормандони дастгоҳи марказии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA