Санаи 27-уми июли соли 2022 дар толори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо ҷалби кормандони бахшу шўъбаҳои дастгоҳи марказии Раёсат ва Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Бохтар дар асоси банди 9-и қарори раиси вилояти Хатлон аз 8-уми декабри соли 2021, №382 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳои вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои мудофиаи гражданӣ, эътино, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда барои соли 2022» корҳои оммафаҳмонӣ ҷиҳати амалисозии қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, инчунин вобаста ба пешгирии ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар кўлу дарёҳо доир гардид.
Намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон зимни суханронї қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ ҳамасола ба ҳодисаҳои офати табиӣ дучор мешавад. Омадани селу ярч тарма, заминларза аз ҳодисаҳое ҳастанд, ки рух доданашон бо тағйир ёфтани иқлим аз эҳтимол дур нест.
Ҳамзамон иброз намуд, ки ҳамасола бо рух додани офатҳои табиӣ иншооти ёрирасони сокинон ва манзилҳои зисту заминҳои корам аз истифода мебароянд.
Офатҳои табиӣ ба маҳалҳои аҳолинишин таъсири манфӣ расонида, мутаассифона, боиси фавти одамон, харобшавии инфрасохтор мешаванд ва барои рушди минбаъдаи иҷтимоию иқтисодии кишвар монеа эҷод мекунанд. Дар робита ба ин, қабул ва амалисозии Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030 барои Тоҷикистон иқдоми муҳими сиёсӣ мебошад.
Инчунин дар баромади худ иттилоъ дод, ки дар давраи сипаришудаи соли равон дар ҳудуди вилоят дар натиҷаи ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқулодда 38 нафар шаҳрвандони вилоят ҷони худро аз даст доданд.
Аз ин лиҳоз ҳамаи мо кормандон ва хизматчиёни давлатӣ вазифадорем, ки ҷиҳати амалисозии қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, корҳои оммафаҳмониро ҷиҳати пешгирии рафъи ҳолатҳои фавқулодда миёни кормандон, аҳолӣ ва оилаҳои худ ҷоннок намоем.
Ба диққати кормандони Раёсат расонида шуд, ки бинобар гарм омадани ҳаво бо кӯдакони хурдсолашон аз сайру гашт дар рӯзҳои истироҳатӣ ва дигар рӯзҳо махсусан дар нимаи дуюми рӯз, инчунин аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва оббозӣ дар обанборҳо худдорӣ намуда, нисбат ба фарзандони худ беаҳамиятӣ зоҳир нанамоянд, балки масъулиятпазир бошанд. Нафароне, ки аз бемории фишорбаландӣ, диққи нафас ва бемории қалб ранҷ мекашанд, бояд тибқи тавсияҳои духтурон амал намуда, бе зарурат ба кӯча набароянд ва матоъҳои аз либоси пахтагин омода шударо ба бар намуда, аз либосҳои рангашон равшан худдорӣ намоянд.
Ҳамзамон ба иттилои иштирокчиёни ҷаласа расонида шуд, ки дар натиҷаи гармии зиёд эҳтимоли обшавии пиряхҳо дар назар аст. Дар натиҷаи ин ҳолат омадани сел ва ярч дар доманакӯҳҳо имкон дорад.
Мавриди зикр аст, ки дастгириҳои Ҳукумати кишвар ва мақомотҳои маҳаллӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар мавзеъҳои осебпазир назаррас мебошад.
Ҳозирини гиромӣ,
Агар ҳамаи мову Шумо ба хотири пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда ва ободии Ватани азизамон Тоҷикистон ва пешрафти он, содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа мушкилотҳои мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ бартараф шуда, зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA