Дар ҷаласаи мазкур иштирок доштанд: Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Мусозода Саймумин Абдухолиқ, муовини сардори Раёсат, кормандони дахлдори дастгоҳи марказии Раёсат, сардорони Раёсату шуъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо сардорон ва масъулини Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.
Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон муҳтарам Мусозода Саймумин Абдухолиқ ҳусни ифтитоҳ бахшида, тибқи тартиб ба ҳозирин рӯзномаи ҷаласаи кориро, ки иборат аз се масъала пешниҳод гардида буд, шинос намуда, вобаста ба ин санаи таърихӣ суханрони намуда, баъдан риштаи суханро ба сармутахассиси бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузорӣ Мирзоев Д.С., доданд. Сипас вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа маърӯзаи сармутахассиси бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузорӣ Мирзоев Д.С., шунида шуд.
Зимни суханрони қайд намуд, ки мо, ворисони Шераку Спитамен, Муқаннаву Темурмалик, Абумуслиму Восеъ, Исмоили Сомонӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Сино, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафурову Мирзо Турсунзода ва садҳо қаҳрамонони миллат ҳамчун ворисони арзанда аз рӯҳи шикастнопазири аҷдодонамон неруву тавонмандӣ гирифта, тавонистем баъди ҳазорон сол тоҷи соҳибдавлатиро бар сар ниҳем ва боиси ифтихори фарзандони имрӯз ва гузаштагони соҳибмаърифатамон гардем.
Баъди шикастҳои пайдарпай, фишору таъқиб, шиканҷаву озор аз сӯи душманони аҷнабӣ танҳо хиради азалӣ моро боз ба истиқлолияти комил пайванд дод ва мо тавонистем ба пойдории истиқлолият ва сулҳу суботи комил дар саросари кишвар ва тараққиёти ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ зери сиёсати наҷотбахшу созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хизмати шоён ва қаҳрамононаи халқи босабру хирадманд, ободкору ранҷбар, ватандӯсту сулҳофарамон, бирасем.
Мардуми шарафманди тоҷик 31 сол боз озоду сарбаланд, боғуруру бовиқор зери навои ҷонбахши соҳибистиқлолӣ умр ба сар мебаранд. 31 соли соҳибистиқлолӣ, ки қимматтарин ва боарзиштарин дастоварди мардуми фарҳангсозу маданиятофари тоҷик маҳсуб меёбад, танҳо бо талошу ҷоннисориҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ба хотири таҳкими субот, рушду инкишофи давлатдории миллӣ, равнақи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва расидан ба ормонҳои ҳазорсолаҳо интизори мардум, амалӣ гардида истодаанд.
Хизмати арзандатарини Пешвои муаззами миллат дар заминаи нигаҳдошту нуфуз бахшидан ба Истиқлоли давлатӣ ин аз вартаи нестӣ раҳонидани мардум, сарҷамъу муттаҳидсозии тамоми қишри ҷомеа ва муҳимтар аз ҳама, наҷоти миллат аз фаношавӣ мебошад.
Сад шукри Офаридгор, ки ба ин миллат нигоҳи дилсӯзона ва ҳаёти бардавомро раво дида, ба арсаи роҳбарии мардум чеҳраи наву нуронӣ, дорои заковати олӣ ва қобилияту ҷасорати азалиро пазируфт. Дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби Раиси Шӯро ва Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба низоми нави давлатдорӣ, суботи сартосарӣ, ташаккули шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, осоиштагии мардум, бозгашти гурезаҳо, созандагиву дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо асос гузошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин лаҳзаҳои ба ин мансаб пазируфта шуданаш модели давлатдории бидуни монанд ба дигарон, бо истифода аз таҷрибаи давлатсозиву давлатдории миллиро, ки манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеа, гурӯҳҳову халӯиятҳои маскуни Тоҷикистон, новобаста аз миллат, қавмият, нажод, забону гароиши мазҳабӣ ба хати эътибор кашида, пешниҳод карданд, ки асоси онро рушди демократия, бунёди ҳуқуқу озодиҳои мардум ва дунявияти давлат ташкил медод ва то имрӯз ҳамаи мо шоҳид ҳастем, ки ин намунаи давлатдорӣ муваффақиятҳои комилро ба дунбол дошта, мардумро аз вартаи нобудӣ ба ҳаёти осоиштаи ширин расонида, боиси таҷрибаандӯзии кишварҳои ҳамсоя ва садҳо давлатҳои ҷаҳон гаштааст.
Таърих исбот менамояд, ки низоъҳои дохилӣ мушкилотест, ки солҳои тӯлонӣ давом карда, ҳалли онҳо мушкилтар аз ҷанги байни давлатҳо мебошад. Аммо андешаи поки мардум ва талошҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расидан ва пойдор кардани сулҳ дар Тоҷикистон натиҷаҳои бесобиқа доданд. Роҳбари кишвари мо тавонист мактаби наверо дар роҳи расидан ба сулҳ аснои низоъҳои дохилӣ асос гузорад. Мактаби сулҳофарии ин абармарди саҳнаи сиёсат талошу ҷонписорихои пайваста, ҷасорату сарсупурдагӣ, гузаштхои мудом ба тарафи муқобили гуфтушунидҳоро тақозо карда, таҷрибаи бемисли ваҳдатофарии Сарвари муаззами мо мебошад, ки ин тартиби бадастоварии сулҳи тоҷикон аз сӯи созмонҳои ҷаҳонӣ ва сарварони дигар кишварҳо мавриди омӯзиш ва истифода қарор дода шуда истодаанд. Маҳз дар ҳамин давра мо тавонистем, андешаи миллиамонро дар роҳи давлатсозӣ, таҳкими демократия, мустахкамсозии пояҳои давлатдорӣ ба вуҷуд биёрем ва роҳи минбаъдаи миллатро муайян созем.
Зери сиёсати созанда ва дастуру ҳидоятҳои ояндадори Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати 31 соли соҳибистиқлолӣ тамоми паҳлӯҳои ҳаёти кишвар, алалхусус вилояти Хатлон, равнақ ёфта, ба рушди устувори иқтисодӣ ноил гардид. Дар ин муддати начандон тӯлонӣ сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш ёфта, садҳо ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби бунёди корхонаҳои нави истеҳсолию саноатӣ, муассисаҳои замонавии таълимию тиббӣ, роҳу пулҳо ташкил гардида, мардум бо маоши муносиб таъмин гашта, бо шукргузорӣ аз суботи пойдор ва оромиши сартосарӣ ба ҳаёти осоишта баргаштанд.
Баъдан аз ҷониби сардори Раёсат муҳтарам Мусозода Саймумин Абдухолиқ бахшида ба ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сардорон ва кормандони Раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳо ва Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Дар фарҷом сардори Раёсат бори дигар ҷамъомадагони ҷаласаи кориро бо ин ҷашни муқаддас 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи онҳо солимии бардавом, рӯзгори пурнишот ва саодатмандиро таманно намуданд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA