You are here

4 ноябри соли 2022 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ бахщида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷаласаи кориро сардори Раёсат муҳтарам Мусозода Саймумин Абдухолиқ ҳусни ифтитоҳ бахшида, тибқи тартиб ба ҳозирин рӯзномаи ҷаласаи кориро, ки иборат аз як масъала пешниҳод гардида буд, шинос намуда, вобаста ба ин санаи таърихӣ суханрони намуда, баъдан риштаи суханро ба сармутахассиси бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузории Раёсат Мирзоев Д.С., доданд.

 Зимни суханрони қайд намуд, ки 9-уми сентябри соли 1991 халқи тоҷик соҳиби давлати комилан мустақил гардид. Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни асосии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамчунин бо дар назар доштани дастовардҳои нави ҷомеа ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26-уми сентябри соли 1999, 22-юми июни соли 2003 ва 22-юми майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбад. Дар таърихи сиёсии кишвар бори нахуст парламенти думаҷлиса ба фаъолият шурӯъ намуд. Мақомоти иҷроия ва судӣ, инчунин сохтори иқтисодии кишвар такмил дода шуда, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар андешаҳои демократӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, ки айни замон ба шароиту талаботи дохилӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошанд.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатӣ ва дар ин замина тақвият бахшидан ба дурнамои ташаккули соҳаҳои мухталифи ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мусоидат намуда, ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи давлати Тоҷикистон ва низоми қонунгузорӣ замина гузошт. Конститутсияи кишвар барои бунёди давлатдории навини Тоҷикистон аҳамияти таърихию ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дорад ва он кишвари моро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократию ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоӣ эълон дошта, барои таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, пойдории сулҳу ваҳдат, суботи сиёсӣ, амалишавии ҳадафҳои стратегии давлат, рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва муҳайё намудани фазои мусоид барои рушди озодонаи ҳар фард заминаи боэътимоди ҳуқуқиро ба вуҷуд овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус ишора ба он менамоянд, ки «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни асосии давлат, унсури марказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, инчунин ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, муайянсозандаи дурнамои пешрафти ҷомеа ва давлат мебошад».

Бояд зикр намуд, ки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иҷрои ҳадафҳои стратегии давлат таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ва амсоли ин бе таъмини волоияти қонун, яне бидуни танзим, риоя ва иҷрои санадҳои қонунгузорӣ ғайриимкон мебошад.

Вобаста ба ин мавқеъ ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди қонунгузории кишвар ва таҳкими сиёсати ҳуқуқии мамлакат назаррас буда, маҳз дар заминаи муқаррароти меъёрҳои заминавии (бунёдӣ) он дурнамои инкишофи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ муайян ва муқаррар гардидааст.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боис гардид, ки вобаста ба сохти иҷтимоӣ ва низоми давлатдорӣ санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба меъёрҳои конститутсионӣ дар таҳрири нав қабул гардида, мураттабсозӣ, мутобиқсозӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо таъмин карда шаванд.

Бояд зикр намуд, ки вобаста ба рушди кишвар ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти тағйиру иловаҳои минбаъдаи он сиёсати ҳуқуқии Тоҷикистон дар самти танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марҳила ба марҳила инкишоф ёфтааст. Дар Конститутсия меъёрҳои зиёде ҳастанд, ки дурнамо, равиши асосӣ ва стратегияи инкишофи қонунгузорӣ ва дар шакли умум принсипҳои асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд.

Яке аз унсурҳои муҳими ташаккул ва рушди низоми қонунгузории кишварро пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он таъсиси парламенти касбии доимамалкунанда ташкил медиҳад, ки таҳия, баррасӣ ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ функсияи марказии он ба шумор меравад. Яъне дар мамлакат низоми комилан нави мақоми қонунгузор иборат аз ду маҷлис таъсис гардид, ки ин иқдом қадами устувор дар роҳи рушди парламентаризми муосир ва ба ин васила тақвият бахшидан ва таҳким додани танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ мусоидат намуд.

Дар баробари ин яке аз василаҳо ва унсурҳои дигари ташаккули нозоми қонунгузории кишварро таъсиси муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ҷиҳати аз нигоҳи илмию амалӣ асоснок намудани қонунҳо ва механизми татбиқи онҳо ташкил медиҳад. Бо ин назардошт, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17-уми марти соли 2009, таҳти 637 Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, таҳияи консепсияҳои такмили қонунгузорӣ ва лоиҳаҳои онҳо, таъминоти ташкилию методологии таҳияи лоиҳаҳои санадҳои қонунгузорӣ, таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва пешниҳодот оид ба мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун вазифаҳои асосии муассисаи мазкур ба шумор рафта, дар асоси функсияҳои болозикр ҷиҳати такмили низоми ҳуқуқи кишвар таҳқиқотҳои илмию таҳлилро анҷом медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки стратегия ва дурнамои масъалаҳои танзими муфассали ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар доираи қонунгузорӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ мавриди танзим ва муқаррарнамоӣ қарор дода шудаанд. Таҳлил ва омори санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба он далолат менамояд, ки то ба имрӯз аз ҷониби мақоми олии қонунгузории кишвар 394 санадҳои қонунгузорӣ    (1 Конститутсия, 17 қонунҳои конститутсионӣ, 21 кодексҳо, 22 қонунҳо дар бораи авф, 23 қонунҳо дар бораи буҷети давлатӣ ва 310 қонунҳои ҷорӣ) ҷиҳати танзим, муайяннамоӣ ва пешбинӣ намудани қоидаҳои рафтори ҳуқуқӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA