You are here

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола санаи 24 ноябр дар саросари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Чунки Парчами миллӣ нишоне аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб меёбад. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо қавмҳои ориёӣ ҳанӯз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Зеро парчам ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдиливу ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоди халқу миллатҳои ҷаҳон, баҳри истиқлолу озодӣ шинохта мешавад.

Дар парчами ҳар як давлат нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳангии ҳар миллат ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд. Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар рӯи парчами мо рангу рамзҳои мухталиф тасвир ёфтаанд, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷикон мебошад.

Дар замони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ дониста мешуд ва ҳанӯз аз он замонҳо парчам рамзи як давлати неруманду устувор ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи оҳангар нишони возеҳи матонату ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад.

Ниёгони мо тӯли ҳазорсолаҳо зери ливои хеш саф кашида, ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодиро ҳимоя кардаанд. Парчами давлатии мо баёнгари мавҷудияти миллати соҳибдавлати тоҷик, иттиҳоду сарҷамъии он мебошад. Рангҳои парчам бошад, баёнгари муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, бахту саодати абадӣ ва сарсабзиву шукуфоии ҳамешагии кишвари ҳамешабаҳори мо ба ҳисоб меравад. Тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар дар болои парчам ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.

Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози қаторӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад.

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ дар баробари дигар парчамҳо, Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Ва мо ифтихор дорем, ки ин муваффақият ба мо маҳз тавассути Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст.

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд. Яъне, ин эҳтиром ба руҳу равони Куруши Кабир ва Коваи оҳангар, Шераку Деваштич, Исмоили Сомонию Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ Муқаннаъу Восеъ ва садҳову ҳазорон абармардони гузаштаи тоҷик аст.

Ин ҷашн ҳар фарди баномуси кишварро бори дигар ба ифтихору сарфарозӣ аз давлату давлатдорӣ, таҳкими Истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва саъю талоши ҳамешагӣ барои ободию озодии кишвар ҳидоят месозад.

Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатии Тоҷикистон ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад. Имрӯз Парчами миллии мо чун рангинкамон болои сари мо парафшон аст. Зери ин Парчам ва оҳанги Суруди миллӣ бо танини оҳанги Ваҳдат дӯстони худро истиқбол мегирем. Бигузор, то ҷовидон Ливои мо бо таронаи миллат ҳамнаво, нишон аз пояндагӣ ва соябони рисолати давлату миллат бошад.

Дар охир ҳамаи Шуморо ба Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик ва муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоиш, меҳру муҳаббат, файзу баракат ва дар фаъолиятатон бурдбориҳоро таманно менамоям.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA