You are here

Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мӯъминобод

3 ноябри соли 2022 дар арафаи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази маъмурии ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон дар фазои тантанавӣ пас аз азнавсозӣ ва таъмир бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ба истифода дода шуд.

Чорабинии мазкурро раиси ноҳияи Мӯъминобод Шарифзода Лутфия бо буридани лентаи сурх ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ нақши бузурги Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон, рушду нумӯи миллат дар даврони соҳибистиқлолӣ қайд намуда, бо ишора ба он, ки дар чорабиние, ки мардуми Мӯъминобод имрӯз гирди ҳам омадаанд, ба шарофати роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, ва ғамхории доимии ӯ нисбати табақаҳои осебпазири аҳолӣ, имконпазир гардид. Ҳамчунин раиси ноҳияи Мӯъминобод Шарифзода Лутфия ҳозиринро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, изҳор доштанд, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аз соли 2022 то соли 2025 дар ноҳияи Муминобад бунёди зиёда аз 200 объекти иҷтимоию фарҳангӣ ва саноатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Намояндаи Агентӣ Вализода Даврон зимни суханронии худ аз кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мӯъминобод изҳор доштанд, ки ба истифода додани бинои нави Раёсат дар ноҳияи Мӯъминобод аз зуҳури таваҷҷуҳ ва ғамхории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва таъмини нафақаи пиронсолон, маъюбон, бевазанон ва ятимон мебошад. Ин иқдом кормандони Агентиро водор месозад, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ба шаҳрвандон ба амалӣ намудани тадбирҳои минбаъда оид ба баланд бардоштани некӯаҳволии нафақахӯрон чораҳои зарурӣ андешем. Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар бино барои кори пурсамар тамоми шароит муҳайёст, утоқҳои корӣ бо компютер ва мебелҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, китобхона ва толори қабули мизоҷон аз рӯи принсипи «Равзанаи ягона» омода гардидааст.

Нафақагир Холов Юсуф дар суханронии ҷавобӣ аз номи ҳамаи нафақагирони ноҳия ба роҳбарияти кишвар, бахусус ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ ва таваҷҷўҳи доимӣ нисбат ба эҳтиёҷоти табақаҳои ниёзманди аҳолӣ изҳори сипос намуда, хозирин ва Раиси ноҳияро итминон дод, ки нафакахурони Муъминобод истироҳат накарда, омодаанд таҷрибаю дониши худро ба чавонон омузонанд ва саҳми худро дар тарбияи вориси арзанда бинанд.

Дар чорабинӣ хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 2, собиқадорони соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони масъули мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сокинони маркази ноҳияи Мӯъминобод ва меҳмонони аз навоҳии ҳамсоя даъватшуда иштироки фаъолона намуданд. Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ бо оҳангу суруд дар сатҳи баланди фарҳангӣ ва ватандӯстӣ баргузор гардид.

20-02.jpeg20-01.jpeg

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA