1-уми ноябри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Рахмон бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Қӯбодиёнро ба истифода доданд.
Бинои мазкур дар деҳоти Носири Хусрави ноҳия дар масоҳати 12 садяки замин аз июли соли 2021 оғоз гардид ва моҳи марти соли 2022 корҳои сохтмонӣ ва ободонии гирду атроф пурра ба анҷом расид. Бино аз 2 ошёна ва 6 ҳуҷра, китобхона, маҷлисгоҳ, бойгонӣ, равзанаи ягона, ҳуҷраи кории мутахассиси қабули шаҳрвандон иборат аст.
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Кӯбодиён пурра бо таҷхизоти корӣ, аз ҷумла, мизу курсӣ, таҷҳизоти компютерӣ, чопӣ ва дигар лавозимот таъмин мебошад. Аснои шиносоӣ бо бинои мазкур Пешвои миллат изҳори қаноатмандӣ намуда, масъулинро ба фаъолияти хуби хизматрасонӣ ба мардум ҳидоят намуданд. Дар дохили бино шиору овезаҳо ва гӯшаҳои маълумотӣ ҷиҳати хизмат ба аҳолӣ насб карда шудааст.
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Кӯбодиён ба 13427 нафар нафкагирон аз рӯи ҳама намуди нафақаҳо хизмат мерасонанд.
Дар доираи ободонии ноҳия дар саҳни бино дарахтони сояафкан ва гулҳои ороишӣ шинонида шудааст.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA