You are here

Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Ҷайҳун

Субҳи 18 марти соли 2023 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид оид ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати арзу ниёзи мардумро шунидан, ба ноҳияи Ҷайҳун сафари корӣ анҷом доданд.

Пеш аз оғози вохӯрӣ бо шаҳрвандон дар ноҳия раиси вилоят бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Ҷайҳунро, ки дар доираи нақша-чорабиниҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда буд ва ифтитоҳаш ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ рост омадааст, ҳамчун иншооти идона аз тарафи Раиси вилоят муҳтарам Давлаталӣ Саид ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод мавриди ифтитоҳ қарор ёфт.

Сохтмони бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, воқеъ дар ҷамоати шаҳраки «Дӯстӣ», кӯчаи ба номи Б.Раҳимзода дар масоҳати умумии 0,09 га замин буда, дар масоҳати 571,45 метри мураббаъ ба маблағи зиёда аз се миллион сомонӣ сохта шудааст.

Фармоишгар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз тарафи ҶДММ «Бунёди Аср» сохта шуда, сохтмони мазкур аз ду ошёна ва 11 утоқи корӣ, ки аз ин 4 утоқ дар таҳхона, 2 утоқ дар ошёнаи 1-ум, 5 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ дар ошёнаи  2-юм мавҷуд мебошад.

 

Бинои мазкур пурра бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳаз мебошад.  Айни ҳол дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 11 нафар фаъолият дошта, 4 нафарашон занон мебошанд ва ба зиёда аз даҳ ҳазор нафақагир хизмат мерасонанд. Хизматрасониҳо тариқи равзанаи ягона ба роҳ монда шудааст

Аз ин иқдом аз ин бунёди иншооти замонавӣ, ки ба ҳусни ноҳия зебогӣ замъ мекунад хурсандии хурду бузург ва собиқадорон ҳадду канор надошта, ҷавобан ба Пешвои муаззами миллат минатдорӣ баён намуданд. Раиси вилоят бо собиқадорону сокинон мулоқот намуда, аз мушкилоти ноҳия пурсон шуданд. Дар сӯҳбат сокинонро ба ободкорӣ дӯст доштани ватани азизамон ҳидоят намуданд.

ghjnjyh3.jpgghjnjyh2.jpg

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA