Санаи 19-уми майи соли 2023 таҳти роҳбарии и. в. сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон - Ҳалимиён Муродалӣ., дар байни кормандони масъули дастгоҳи марказии Раёсат, сардор ва кормандони масъули Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Бохтар, инчунин сардорони Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оид ба «Шарҳу тавзеҳи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва дар бораи «Терроризм ва экстремизм хатари сартосарии ҷомеаи ҷаҳонӣ» корҳои фаҳмонидадиҳӣ доир карда шуд.
Вобаста ба масъалаҳои болозикри рўзномаи ҷаласа баромади сармутахассиси бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузорӣ Мирзоев Д.С., шунида шуд.
Зимни баромади худ иброз намуд, ки коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.
Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, бартараф ва коҳиш додани шиддати ин падидаи номатлубро пайваста дар баромаду мулоқоти худ махсусан таъкид менамоянд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат бори дигар таъкид доштанд, ки: – «Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар буда, метавонад боиси коҳиш ёфтани эътибору обрўи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норизоии шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ гардад».
Ҳанӯз, баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия», яъне шурўъ аз 25-уми сентябри соли 2006 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрўза зиёда аз 20 санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, дар ин радиф барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ин муддат се маротиба санади барномавии дурнамои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2008, таҳти №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012», бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми августи соли 2021, таҳти №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст. Дар бораи ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин самт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шўрои миллии муқовимат бо коррупсия ва дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия таъсис дода шуданд.
Баъди ба поён расидани муҳлати «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми августи соли 2013, таҳти №1504 тасдиқ карда шудааст, бо дарназардошти рушди босуръати ҷомеа, инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ва тақвияти фаъолият дар ин самт зарурати аз нав таҳия намудани Стратегияи зиддикоррупсионӣ ба мақсад мувофиқ буд. Аз ин лиҳоз, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул карда шуд, ки ҳамчун барномаи давлатии миёнамуҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии ҷаҳониву минтақавӣ амалӣ карда мешавад.
Стратегияи мазкур низ аз як қатор нақшаи чорабиниҳо иборат мебошад, ки ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷиноятӣ ва пешгўии раванди он, натиҷаҳои тадқиқотҳои илмию амалияи муқовимат ба коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтааст. Нақшаи чорабиниҳои Стратегияи мазкур ба ду марҳилаи панҷ сола ҷудо карда шудаанд.
Инчунин вобаста ба масъалаи терроризм ва экстремизм ҳамчун хатари сартосарии ҷомеаи ҷаҳонӣ қайд намуд, ки дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте мавҷуданд, ки на танҳо ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор оварда, дар ҳама минтақаҳои олам тамоюли паҳншавиро дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст. Ҳарчанд падидаҳои ҷойдошта мавҷуди ин аср нестанд, вале дар баробари асри нав симои навро ба худ гирифта, моҳияти онҳо шакли муташаккилтару мураккаби зоҳиршавиро пайдо кардааст. Имрӯз ва дар оянда низ терроризм ва экстремизм ҳамчун хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир, ки босуръат рушд намуда истодааст, тарзу усулҳои нави истифодабариро ба худ касб мекунад. Барои мисол, дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ ва экстремистӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳалокати ҳазорон мардуми осоиштаи сайёра, алалхусус қисми осебпазири ҷомеа занону кӯдакон аз ин хатари марговар гувоҳи он аст, ки ин амалу кирдори ваҳшиёна ба касеву чизе раҳм надорад ва ҳамчун василаи амалӣ сохтани ҳадафу мақсадҳои нопок аз ҷониби як тӯдаи аз фарҳангу маърифат дур, бехирад ва ҷоҳилу нотавонбин истифода мегардад.
Cозмону ҳаракат ва гурӯҳҳои зерин, аз қабили «Ал-Қоида», «Толибон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Боко-Ҳарам», «ДИИШ» ва амсоли инҳо, аз ҷониби як қатор давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ҳамчун ташкилотҳои террористӣ - экстремистӣ дониста шудаанд, ки ҳадафу мароми аслии онҳо бо густурда намудани фаъолияти худ зимни анҷом додани амалу кирдори ҷинояткорона нуфузу эътибори сиёсӣ пайдо кардан мебошад.
Экстремизм аз вожаи фаронсавии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus» гирифта шуда, маънои луғавиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштанро дорад. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва маишиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад. Экстремизм бошад, хислати ҷӯдоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда, бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар, мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.
Дар баробари муқаррароти танзимкунандаи фаъолияти давлатӣ ва баҳри амалинамоии онҳо дар самти мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм фаъолияти якҷояи қишрҳои гуногуни ҷомеа талаб карда мешавад. Яъне имрӯз танҳо муборизаи дастаҷамъонаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мусоидати аҳолӣ бо мақомот ва ҳушёрию зиракии мардум имкон медиҳад, ки пеши роҳи ин омилҳои манфӣ гирифта шавад, то ки суботу оромӣ таъмин ва ҳар як фард дар ватани азизи хеш Тоҷикистони соҳибистиқлол зиндагии ободу осоишта ба сар барад.
Инчунин, мо ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз бо ҳисси баланди миллӣ пояҳои давлатдории миллиамонро ҳамчун гавҳари ноёб эҳтирому нигоҳ медорем, ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва сипари боэътимоди давлатамон бар зидди ҳама гуна хатари терроризму экстремизм бо роҳҳои пешбини намудаи қонунгузорӣ мубориза мебарем.
Дар фарҷом и.в.сардори Раёсат - Ҳалимиён Муродалӣ, ба масъулини соҳа дастур дода таъкид намуданд, ки минбаъд оид ба шарҳу тавзеҳи муқаррароти Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва дигар Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида корҳои фаҳмонидадиҳиро дар байни кормандон мунтаззам ба роҳ монда, фаъолияти онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA