You are here

Семинар машварат оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2023, №526

Бо мақсади таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023, №526 ва банди 2-и фармоиши Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19-уми майи соли 2023, Ф-33 ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани семинар - машваратҳо доир ба шарҳи Дастурамал оид ба зиёд ва индексатсия намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон аз 1-уми июли соли 2023 ба кормандони воҳидҳои сохторҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳо тибқи ҷадвали тасдиқгардида гузаронида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки санаи 8-уми июни соли 2023 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи ҷадавли тасдиқгардида семинар машварат бо иштироки сардори Раёсат, муовини сардори Раёсат, сардорони шуъбаву бахшҳои дастгоњи марказии Раёсат, сардорон ва командони масъули Раёсату шуъбаҳо ва Марказҳои минтақавии бањисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар рафти баргузории семинар машварат масъалаҳои зиёд ва индексатсия намудани андозаи нафақаҳои нафақагирон тибқи Дастурамали тасдиқгардида баррасӣ гардида саволҳое, ки аз ҷониби иштирокчиён манзур гардида буд аз ҷониби кормандони масъули дастгоҳи марказии Раёсат ба ҳар яки онҳо ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда дар доираи қонунҳои амалкунандаи соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа гардонида шуд.

Семинар машварат дар байни ҳамаи кормандони масъули Раёсату шуъбаҳо ва Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар бо тариқи саволу ҷавоб дар шакли озод гузаронида шуда, тамоми паҳлу ва нозукиҳои Дастурамали мазкур баррасӣ гардид.

Ҳамзамон дар семинар ба ҳамаи кормандони масъули Раёсату шуъбаҳо ва Марказҳои минтақавии бањисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар  китобчаи Дастурамал оид ба зиёд ва индексатсия намудани андозаи нафақа дастрас карда шуд.

sdgtrg3.jpgsdgtrg2.jpg

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA