You are here

6 сентябри соли 2023 ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ҳашт моҳи соли 2023 баргузор гардид.

Дар маҷлис  сардорони Раёсату шӯӯъбаҳо ва Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Маҷлисро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мӯҳтарам Файзализода Қобилҷон Файзалӣ, ифтитоҳ бахшида, тибқи тартиб ба ҳозирин рӯзномаи маҷлисро, ки иборат аз як масъала пешниҳод гардида буд, шинос карда, вобаста ба масъалаи болозикр баромад намуд.  

Баъдан аз сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳое, ки аз ӯҳдаи иҷрои нақшаҳои андози иҷтимоии инфиродӣ 25%, 20%, 2% ва 1% набаромаданд, пурсишҳо ба амал оварда шуд.

Вобаста ба пурсишҳои ба амаловарда ҳисоботҳои сардорони Раёсату шӯъбаҳое, ки нишондодҳои фаъолияташон ғайриқаноатбахш буданд, шунида шуд.

Баъд аз шунидани ҳисоботҳо сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мӯҳтарам Файзализода Қобилҷон Файзалӣ дар назди масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар:

- ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳои андози иҷтимоии инфиродӣ (25%, 20%, 2% ва 1%), инчунин бартараф намудани бақияпулиҳои андози иҷтимоии инфиродӣ дар ҳамкорӣ бо нозиротҳои андоз, сохторҳои молия ва дигар идораҳои дахлдори маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешида, то ҷамъбасти нуҳмоҳаи соли равон иҷрои нақшаҳои пешбинишударо таъмин намоянд;

- талаботи моҳонаи нафақа ва ҳисоботи омории КИҶ-94-ро саривақт дар мӯҳлатҳои муайянгардида, ба дастгоҳи марказии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пешниҳод намоянд;

- корҳоро дар самти бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ, хароҷотҳои маблағҳои 25 фоиза ва бастани шартномаҳо оиди нафақаҳои касбӣ пурзӯр намоянд;

- аснодҳои нафақавии суғуртавиро барои таъин дар муҳлатҳои муайянгардида, ба ММБИ-ҳо пешниҳод намоянд;

- оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин оид ба иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” чораҳои зарурӣ андешида, дар мӯҳлатҳои муайянгардида, ба дастгоҳи марказии Раёсати Агентии нафақаи вилоят ахбороти муфассал пешниҳод намоянд;

- барои дар муҳлати муқарраргардида бозпас гардонидани маблағҳои нафақаи нафақагирони фавтида кӯчбаста ва зиёда аз 4 моҳ амалиёт нагузаронида, бо муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамкорӣ намоянд;

- хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоиро дар корхонаву ташкилотҳо барои пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ пайваста таҳлил намуда, истифодаи ғайримақсадноки онро пешгирӣ намоянд;

- ҳисоботҳои корхонаву ташкилотҳоро саривақт, пурра қабул намуда, ба Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ пешниҳод намоянд;

Сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ:

- корҳоро дар самти бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷоннок намуда, дар ҳамкорӣ бо нозироти андоз назорат намоянд;

- фаъолияти худро дар самти ворид намудани маълумоти музди меҳнати шахсони суғурташуда тақвият бахшанд;

- саривақт додани рақамҳои мушаххаси суғуртавӣ ва шаҳодатномаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро ба шахсони суғурташуда таъмин намоянд;

- баррасии саривақтии дархосту мактубҳои аз шаҳрвандони ИДМ барои тасдиқи музди меҳнат, собиқаи корӣ, яъне тасдиқи фаъолияти кории шаҳрвандон ворид мегарданд, таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд ва ҳар семоҳа ба сардори Раёсат гузориш пешниҳод намоянд;

- таъини саривақтии аснодҳои суғуртавиеро, ки аз ҷониби Раёсату шуъбаҳо пешниҳод мегарданд, амалӣ намоянд;

- рӯйхати талаботи моҳонаи нафақагиронро саривақт дар муҳлатҳои муайянгардида ба Раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намоянд;

Дар охир сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мӯҳтарам Файзализода Қобилҷон Файзалӣ ба сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бори дигар дастур дода, таъкид намуд, ки дар сурати иҷро нагардидани нақшаҳои андози иҷтимоии инфиродӣ (25%, 20%, 2% ва 1%) нисбаташон чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Дар фарҷом сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагон саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъдаашон бурдбориҳоро орзу намуданд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA