Санаи 7-уми октябри соли равон таҳти роҳбарии сардори Раёсат Файзализода Қобилҷон Файзалӣ маҷлиси ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2023 баргузор гардид.
Дар маҷлиси мазкур намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуфиён Хусрав Ҳакималӣ ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ғуломова Зарафшон, инчунин муовинони сардори Раёсат, кормандони масъули дастгоҳи марказии Раёсат ва сардорони Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок доштанд.
Маҷлисро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Файзализода Қобилҷон Файзалӣ, ҳусни ифтитоҳ бахшида, вобаста ба масъалаи болозикр суханронӣ намуд.
Сипас аз сардорони Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳое, ки нишондодҳои фаъолияташон ғайриқаноатбахш буданд, пурсишҳо ба амал оварда шуд.
Баъд аз шунидани ҳисоботҳо сардори Раёсат Файзализода Қобилҷон Файзалӣ дар назди масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Сардорони Раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят:
- бо мақсади иҷрои қисми даромади буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо нозиротҳои андоз, сохторҳои молия ва дигар идораҳои дахлдори маҳаллӣ ҳамкорӣ намоянд;
- ҳисоботҳои ҷамъбастии худро ҳар семоҳа таҳлил намуда, маълумотҳоро ба таври муфассал ба дастгоҳи марказии Раёсат пешниҳод намоянд;
- ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳои андози иҷтимоии 25%, 20%, 2%, 1% ва бартараф намудани бақияпулиҳои андози иҷтимоии инфиродӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;
- талаботи моҳонаи нафақаро саривақт дар муҳлатҳои муайянгардида ба дастгоҳи марказии Раёсати Агентии нафақаи вилоят пешниҳод намоянд;
- ҳисоботи омории КИҶ-94-ро саривақт дар муҳлатҳои муайянгардида, ба дастгоҳи марказии Раёсати Агентии нафақаи вилоят пешниҳод намоянд;
- корҳоро дар самти бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ, хароҷотҳои маблағҳои 25% ва бастани шартномаҳо оиди нафақаҳои касбӣ пурзӯр намоянд;
- аснодҳои нафақавии суғуртавиро барои таъин дар мўҳлатҳои муайянгардида, ба ММБИ-ҳо пешниҳод намоянд;
- барои дар мўҳлати муқарраргардида бозпас гардонидани маблағҳои нафақаи нафақагирони фавтида кӯчбаста ва зиёда аз 4 моҳ амалиёт нагузаронида, бо муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамкорӣ намоянд;
- ҳисоботҳои корхонаву ташкилотҳоро саривақт, пурра қабул намуда, ба Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ пешниҳод намоянд;
- ҷиҳати иҷрои фармоиши сардори Раёсат аз 20-уми сентябри соли 2023, таҳти №08 “Дар бораи гузаронидани азнавбақайдгирии нафақагирон” тадбирҳои қатъӣ андешида, аз натиҷаи он маълумоти муфассал пешниҳод намоянд;
Сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят:
- корҳоро дар самти бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷоннок намуда, назоратро дар ин самт дар ҳамкорӣ бо нозиротҳои андоз пурзӯр намоянд;
- фаъолияти худро дар самти ворид намудани маълумоти музди меҳнатӣ шахсони суғурташуда тақвият бахшанд;
- саривақт додани рақамҳои мушаххаси суғуртавӣ ва шаҳодатномаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро ба шахсони суғурташуда таъмин намоянд;
- баррасии саривақтии дархосту мактубҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони ИДМ барои тасдиқи музди меҳнат, собиқаи корӣ, яъне тасдиқи фаъолияти кории шаҳрвандон ворид мегарданд, таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд ва ҳар семоҳа ба сардори Раёсат гузориш пешниҳод намоянд;
- рӯйхати талаботи моњонаи нафақагиронро саривақт дар мўњлатҳои муайянгардида ба Раёсату шўъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намоянд;
Дар охир сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони маҷлис саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъдаашон бурдбориҳоро орзӯ намуд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA