You are here

6 январи соли 2024 ҷаласаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа иштирок доштанд:   сардори Раёсат,   муовини сардори Раёсат, сардорони шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Раёсат, сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон.

Рӯзномаи ҷаласа:  Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2023 ва вазифаҳо барои давраи оянда.

Маҷлисро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Хатлон муҳтарам Файзализода Қобилҷон Файзалӣ оғоз намуда,  бо рӯзномаи маҷлис шинос карда, вобаста ба масъалаи болозикр баромад намуд.      

Баъдан аз сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳое, ки аз ӯҳдаи иҷрои нақшаҳои андози иҷтимоии инфиродӣ 25%, 20%, 2% ва 1% баромада натавонистанд, пурсишҳо ба амал овард. Вобаста ба пурсишҳои ба амаловарда ҳисоботҳои сардорони Раёсату шӯъбаҳо шунида шуд.

Баъди шунидани ҳисоботҳо сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон  дар назди масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар: - ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳои андози иҷтимоӣ, инчунин бартараф намудани бақияпулиҳои андози иҷтимоии инфиродӣ дар ҳамкории зич бо нозиротҳои андоз, сохторҳои молия ва дигар идораҳои дахлдори маҳаллӣ тадбирҳои мушаххас андешида, иҷрои нақшаҳоро таъмин намоянд;

- талаботи моҳонаи нафақа ва ҳисоботи омории КИҶ-94-ро саривақт дар муҳлатҳои муайянгардида, ба дастгоҳи марказии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пешниҳод намоянд;

- корҳоро дар самти бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ, хароҷотҳои маблағҳои 25 фоиза ва бастани шартномаҳо оиди нафақаҳои касбӣ пурзӯр намоянд;

 - оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин оид ба иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия”, “Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм”,                                 “Дар бораи дастгирии оилаҳои ниёзманд” чораҳои зарурӣ андешида, дар муҳлатҳои муайянгардида, ба дастгоҳи марказии Раёсати Агентии нафақаи вилоят ахбороти муфассал пешниҳод намоянд;

- барои дар мӯҳлати муқарраргардида бозпас гардонидани маблағҳои нафақаи нафақагирони фавтида, кӯчбаста ва зиёда аз 4 моҳ амалиёт нагузаронида, бо муассисаҳои Бонки давлатии амонатгузории    Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҳамкорӣ намоянд;

- хароҷоти маблағҳои суғуртаи иҷтимоиро дар корхонаву ташкилотҳо барои пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ пайваста таҳлил намуда, истифодаи ғайримақсадноки онро пешгирӣ намоянд;

 Сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар:

 - саривақт додани рақамҳои мушаххаси суғуртавӣ ва шаҳодатномаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро ба шахсони суғурташуда таъмин намоянд;

- баррасии саривақтии дархостҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони ИДМ барои тасдиқи музди меҳнат, собиқаи корӣ, тасдиқи фаъолияти кории шаҳрвандон ворид мегарданд, ҳар семоҳа ба сардори Раёсат гузориш пешниҳод намоянд;

- таъини саривақтии аснодҳои суғуртавиеро, ки аз ҷониби Раёсату шуъбаҳо пешниҳод мегарданд, амалӣ намоянд;

- талаботи моҳонаи нафақагиронро саривақт ба Раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намоянд;

Дар охир сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Њукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар вилояти Хатлон муҳтарам Файзализода Қобилҷон Файзалӣ ба сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бори дигар дастур дода, таъкид намуд, ки дар сурати иҷро нагардидани нақшаҳои андози иҷтимоии инфиродӣ  нисбаташон чораҳои қатъӣ андешида мешавад.

Дар фарҷом сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони маҷлис саломатӣ ва дар фаъолияти кориашон бурдбориҳоро орзу намуданд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA