Модарон ва хоҳарони азиз!
Бо арзи эҳтирому самимият Шуморо бо фарорасии баҳори фаррухқадам ва иди фархундаи баҳору зебоӣ - 8-уми март, Рӯзи модарро баҳратон аз номи РАЁСАТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН,аз самими қалб табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндаги орзумандам.
Ҳамин аст, ки 8- уми Март чун Рӯзи модарон ҷашни расмии давлатӣ эълон шуда, гувоҳи равшани мақому манзалати баланди шумо - модарони азиз, дар ҷомеаи мо мебошад.
Модарону бонувон ва хоҳарони азиз!
Ҷашни модарон дар байни дигар идҳои милливу байналмилалӣ мақоми хоса дорад ва аз ҷумлаи самимитарин ва зеботарин рӯзҳои сол мебошад. Зеро ин ҷашн ба оғози баҳор, яъне фасли зебоӣ, озодӣ ва шукуфоии табиат, ба оғози фасли умеду орзӯҳои неки инсоният баробар меояд. Илова бар ин, занро бе баҳор ва баҳорро бе зан тасаввур кардан аз имкон берун аст. Зан-модар, ки ибтидои ҳастии башарият ва эҳёгари нияту ормонҳои фарахбахш аст, ҳақ дорад, ки зеботарин рӯзи сол низ аз ӯ бошад. Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан-модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст гаҳвора ҷунбонида бо дасти дигар сайёраро ором нигаҳ медорад.
Мо аз саҳифаҳои таърихи хеш хуб медонем, ки дар давраҳои гуногун занону модарон дар қатори мардон ба муқобили аҷнабиён муборизаи беамон бурда, дар таъмини озодиву истиқлолият ва оромиву суботи сарзамини аҷдодӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
Маҳз ба ҳамин хотир барои мо мафҳумҳои Модар ва Ватан ҳаммаъно ва бисёр азизу муқаддас мебошанд.
Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон низ ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон тамоми тадбирҳои имконпазирро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ дар амал татбиқ карда истодааст.
Бонувони азиз!
Мо дар арафаи ҷашнҳои бузурги миллат Наврӯзи оламафрӯз, 30 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон истодаем. Шумо ба қадри ин ҷашнҳо бештар аз ҳама мерасед. Зеро шумо ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр ҳастеду мемонед. Мо бояд ба он муваффақ ҳам шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд. Фақат чунин занон метавонанд ҳам иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷамъиятӣ бошанду ҳам барои покизагии ахлоқию равонии оила ва фарзандон фурсату имконияти мусоид пайдо кунанд.
Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи Шумо модарону бонувони арҷмандро бори дигар ба муносибати фаро расидани рӯзи Модар таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки ҳамеша зиндагонии Шумо аз шукуфарезии гулҳои баҳорӣ, зебоиву шукӯҳ ва таҷаллии офтоби меҳрубонӣ лабрез бошаду нури ихлосу иродататон зиндагониатонро гарму мунаввар нигоҳ дорад.
Ид муборак Модарон бонувону хоҳарони гиромиқадр!
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA