You are here

13 марти соли 2024 маҷлиси сайёри Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузор гардид.

Иштирок доштанд:  Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Файзализода Қобилҷон Файзалӣ, сардори бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузорӣ Сайвализода Муҳмаммадӣ, сардори шуъбаи мониторинг ва таҳлили актуарию омори суғуртавӣ Табаров Файзулло Муродович,  сардори марказ ва сардорони шуъбаву бахшҳои Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар якҷоягӣ бо сардорон ва кормандони масъули Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон

                  Р Ӯ З Н О М А И  М А Ҷ Л И С:

  1. Нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон            аз 28-уми декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми январи соли 2024, таҳти №5 “Дар бораи тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли 2024, таҳти № 671”
  2. Дар бораи натиҷаи таҳлили ҳисоботҳои талаботи моҳонаи нафақагирон ва саривақт пешниҳод намудани он.
  3. Оид ба натиҷаи таҳлили ҳисоботҳо аз корхонаву муассисаҳо ва соҳибкорони инфиродӣ ба воҳидҳои сохтории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон.
  4. Гузориши сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ.

 

Маҷлисро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Файзализода Қобилҷон Файзалӣ, ҳусни ифтитоҳ бахшида, тибќи тартиб ба ҳозирин рӯзномаи маҷлисро, ки иборат аз чор масъала пешниҳод гардида буд, шинос намуда, сипос вобаста ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис дар бораи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон          аз 13-уми январи соли 2024, таҳти №5 “Дар бораи тадбирҳои амалисозии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми январи соли 2024, таҳти №671” суханронӣ намуда, баъдан вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис суханро ба сардори шуъбаи мониторинг ва таҳлили актуарию омори суғуртавӣ Табаров Файзулло Муродович доданд.

Баъдан баромади сардори шуъбаи мониторинг ва таҳлили актуарию омори суғуртавӣ Табаров Файзулло Муродович шунида шуд.

magjgjj2.jpgmagjgjj3.jpg

 

 

 

 

 

 

 

Баъд аз шунидани баромади мазкур вобаста ба масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис суханро ба сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод доданд.

Сипас оид ба масъалаҳои болозикр баромади сардори Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ҷалолзода Фирдавс Маҳмадмурод шунида шуд. (баромад замима мегардад).

Баъд аз шунидани баромадҳо сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Файзализода Қ.Ф. аз масъулини Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҷалолиддини Балхӣ пурсишҳо ба амал оварданд.

Сипас вобаста ба пурсишҳои ба амаловарда ҳисоботҳои сардорони Раёсату шуъбаҳо ва кормандони масъули онҳо шунида шуд.

Баъд аз шунидани ҳисоботҳо сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Файзализода Қ.Ф. дар назди масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас гузоштанд:

1. Сардорони Раёсату шуъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҷалолиддини Балхӣ:

- бо мақсади иҷрои қисми даромади буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо нозиротҳои андоз, сохторҳои молия ва дигар идораҳои дахлдори маҳаллӣ ҳамкорӣ намоянд;

- ҳисоботҳои (нишондиҳандаҳои) ҷамъбастии худро ҳар семоҳа таҳлил намуда, маълумотҳоро ба таври муфассал ба дастгоҳи марказии Раёсат пешниҳод намоянд;

- ҷиҳати таъмини иҷрои нақшаҳои андози иҷтимоии 25%, 20%, 2%, 1% ва бартараф намудани бақияпулиҳои андози иҷтимоии инфиродӣ тадбирҳои мушаххас андешанд;

- талаботи моҳонаи нафақагирон ва ҳисоботи омории КИҶ-94-ро саривақт дар муҳлатҳои муайянгардида ба дастгоҳи марказии Раёсати Агентии нафақаи вилоят пешниҳод намоянд;

- корҳоро дар самти бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ, хароҷотҳои маблағҳои 25 фоиза ва бастани шартномаҳо оиди нафақаҳои касбӣ пурзӯр намоянд;

- аснодҳои нафақавии суғуртавиро барои таъин дар муҳлатҳои муайянгардида, ба ММБИ-ҳо пешниҳод намоянд;

- барои дар муҳлатҳои муқарраргардида бозпас гардонидани маблағҳои нафақаи нафақагирони фавтида кӯчбаста ва зиёда аз 4 моҳ амалиёт нагузаронида, бо муассисаҳои КВД БА Љумҳурии Тољикистон «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намоянд;

- ҳисоботҳои корхонаву ташкилотҳоро саривақт, пурра қабул намуда, ба Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ пешниҳод намоянд;

- дархосту мактубҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони ИДМ барои тасдиқи музди меҳнат, собиқаи корӣ, яъне тасдиқи фаъолияти кории шаҳрвандон ворид мегарданд, саривақт баррасӣ намуда, иҷрои онро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, ҳар семоҳа ба сардори Раёсат гузориш пешниҳод намоянд;

2. Сардор ва кормандони масъули Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ:

- корҳоро дар самти бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳру ноҳияҳо ҷоннок намуда, назоратро дар ин самт дар ҳамкорӣ бо нозиротҳои андоз пурзӯр намоянд;

- фаъолияти худро дар самти ворид намудани маълумоти музди меҳнатӣ шахсони суғурташуда тақвият бахшанд;

- саривақт додани рақамҳои мушаххаси суғуртавӣ ва шаҳодатномаҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро ба шахсони суғурташуда таъмин намоянд;

- баррасии саривақтии дархосту мактубҳое, ки аз ҷониби шаҳрвандони ИДМ барои тасдиқи музди меҳнат, собиқаи корӣ, яъне тасдиқи фаъолияти кории шаҳрвандон ворид мегарданд, таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд ва ҳар семоҳа ба сардори Раёсат гузориш пешниҳод намоянд;

- таъини саривақтии аснодҳои суғуртавиеро, ки аз ҷониби Раёсату шуъбаҳо пешниҳод мегарданд, амалӣ намоянд;

- рӯйхати талаботи моҳонаи нафақагиронро саривақт дар муҳлатҳои муайянгардида ба Раёсату шуъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намоянд;

Дар охир сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Файзализода Қобилҷон Файзалӣ бори дигар ба масъулини Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон дастур дода, таъкид намуданд, ки дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҷиҳати ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта, чораҳои зарурӣ андешида, бо мақсади таъмини иҷрои бандҳои 22 ва 24-и нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми декабри соли 2023, таҳти №12 ва барқияномаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми марти соли 2024, таҳти №2/04-205 ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Иди байналмилалии Наврӯз тадбирҳои қатъиро роҳандозӣ намоянд.

Дар фарҷом сардори Раёсат ба ҳамаи иштирокчиёни маҷлис саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъдаашон бурдбориҳоро орзӯ намуданд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA