Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон мутобиқи нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртави ва давлати» ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Агентии нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда корҳои муаянеро ба иҷро мерасонад.
Дар вилояти Хатлон ба ҳолати 01.11 соли 2018 - 236607 нафар нафақагир ба кайд гирифта шудааст, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо то бозҳисоби 255,28 сомонӣ ва баъд аз бозҳисобии нафақапулиҳо ба 296,59 баробар гардид.
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018 тахти №1084 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақава стипендия» нафақаи зиёда аз 213996 нафар нафақагири вилоят мавриди бозҳисоби қарор дода шуд. Дар натиҷаи бозҳисоби маблағи нафқапулии нафақагирони вилоят дар як моҳ 9477,8 ҳазор сомонӣ зиёд шуд, ки афзоиши он нисбат ба моҳи сентябри соли ҷори 17,8 фоизро ташкил медиҳад. Дар вилоят нафақаи 21488 нафар нафақагирони коргар бозҳисоби карда нашуд, ки он 9,1 фоизи нафақагирони вилоятро ташкил медиҳад.
Бо максади таъмини саривактии маблағи нафақаю кумакпулиҳо дар вилоят нақшаи андози иҷтимои то 1.10 соли 2018 ба андозаи 407362,1ҳазор сомонӣ пешбини шуда буд.
Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимои бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобат гирифташуда ба андозаи 389019,8 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 95,5%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медихад.
Раёсати Агентии нафақаи вилоят то 8–уми октябри соли 2018 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст. Дар ин давра ба нуқтаҳои ваколатдори «Амонатбонк» 560318,9 ҳазор сомонӣ нафақапули ҷудо намуд, ки талаботи нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра маблағгузори гардида, қарзи нафақа вуҷуд надорад.
Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудо гардида 245,7 млн. сомониашро кумаки молиявии Агентии нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки ба 43,9 фоизи талаботи нафақа баробар аст.
Дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 50884 нафар, ё ин ки 21,5%-и нафақагиронро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 732 нафар зиёд гардидааст.
Аз шумораи умумии маъюбон 5052 нафарашон маъюбони гуруҳи якум, 22485 нафарашон маъюбони гуруҳи дуюм ва 12923 нафарашонро маюбони гуруҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кудаки то 18-сола дар вилоят 10424 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 233,64 сомонӣ баробар аст.
Нафақагирони маъюб дар як моҳ 14285,2 ҳазор сомонӣ нафақапули мегиранд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 280,74 сомонӣ баробар аст.
Дар қайди Раёсату шуъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 543 нафар ятими кулл ба кайд гирифта шудаанд, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 189,31сомонӣ баробар аст.
Шумораи маъюбон ва иштирокҷиёни ЧБВ солҳои 1941-1945 дар шахру нохияхои вилоят 102 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 871,21сомонӣ бароба раст.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA