You are here

Ифтитоҳи бинои маъмурии Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Дустӣ

Боиси хушнудист, ки дар даврони истиқлолият бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

Дар солҳои охир як қатор биноҳои маъмурии агентиҳои шаҳру ноҳияҳо бунёд гардидаанд, аз ҷумла ба муносибати 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дустӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизотҳои муосир сохта ба истифода дода шуд, ки ин натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ, ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар расми кушодашавии бинои мазкур, муовини раиси вилояти Хатлон Раҷабов Р., раиси ноҳияи Дустӣ Саидзода Н., роҳбарони як қатор сохторҳои давлатӣ дар ноҳияи мазкур ва муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Н., ба фаъолияти иншооти мазкур оғози
расмӣ бахшидаанд.
Қобили зикр аст, ки сохтмони бинои маъмурии Раёсати Агентӣ дар ноҳияи Дустӣ аз ҷониби ҶДММ “Хатлонстройсервис” аз моҳи октябри соли 2016 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2018 пурра ба анҷом расонида шуд.
Бинои мазкур 2- ошёна буда, аз 9 утоқи корӣ, муҷаҳҳаз бо технологияи муосир барои фаъолияти пурсамари мутахассисони Агентӣ, 1 толори маҷлисгоҳ, 1 толор барои бойгонии ҳуҷҷатҳо ва 1 толори қабули нафақагирон иборат мебошад.

bino4.jpgbino3.jpg

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA