You are here

Тартиби баромадан ба нафақа

Бо гузашти умр тақрибан баъди синни 60-солагй қобилияти меҳнатии инсон коҳиш меёбад. Дар ин давра давлат ба ӯ кӯмак менамояд, яъне ба шаҳрвандон новобаста аз он ки кор кардаанд ё не, нафака таъин карда мешавад. Аммо онхое, ки дар давраи чавонй ва камолот расман мехнат кардаанд. нафакаи бештар мегиранд. Дар мачмӯъ ҳангоми ба нафақа баромадан мутахассисони Агентиҳои суғуртаи иҷтимой ва нафақа синну сол, маош ва собиқаи кории шаҳрвандонро, ки конуну коидахои чорй талаб менамояд. ба инобат мегиранд.

Нафака барои мардон аз синни 63, барои занон аз син­ни 58 ва барои модароне, ки 5 фарзанд ва собикаи беш аз 20-солаи корй ё фарзанди маъюби ноболиғ доранд. аз 53-солагӣ таъин карда мешавад.

Тибқи мукаррарохи қонун ҳисоб намудани андоза, таъ­ин, бозхисобй ва ба дигар

намуд  гузаронидани  нафакаҳои  суғуртавй  ва  давлатй (ичтимой) ва  пешбурди

хуччатхои нафакавй аз чониби раёсату шӯъбахои Агентии суғуртаи ичтимой ва

нафакаи назди Хукумахи Чумхурии Точикистон дар шахру нохияхои чойи истико-

мати шахрванд амалй карда меша­вад. Мурочиати шахрванд вобаста ба ин масъала

дар тули аз 10 то 30 рӯз халлу фасл мегардад. Ба як шахс якчанд намуди нафака

таъин кардан мумкин нест. Дар чунин холат тибки хохиши шахрванд яке аз намудхои

 нафакаро ба ӯ таъин мекунанд.

        Шахрвандон барои таъ­ини нафака хуччатхои зеринро пешниҳод менамоянд:

- ариза;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи санади акди никох;

- нусхаи шаходатномаи фарзандони ноболиғ;

- дафтарчаи мехнатй;

    - маълумохномаи музди мехнат;

- нусхаи диплом;

- нусхаи билети харбй;

- расми андозаи 3 ба 4 (2 дона).

 

          Таъини  нафакаҳо дар  раёсату шӯъбахои Агентии суғуртаи ичтимой ва нафакаи

   шаҳру  ноҳияҳо ба шахрвандон ройгон хизматрасонй карда мешавад.

    Нафака ба намудхои аз рӯи синну сол, маъюбй ва маҳрум шудан аз саробон ҷудо ме­шавад.    

 Ба нафакапулии сокинони ВМКБ. шахри Норак ва Роғун коэффисент зам мешавад. яъне онхо нисбати дигарон андак зиёд нафака мегиранд, Нафакаи ичтимой аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз рӯзи пайдо намудани хуқуқ ба чунин нафака. яъне аз рқзи фавти саробон таъин карда мешавад. агар мурочиат на дертар аз 6 мохи баъди фавти мархум сурат гирифха бошад. Дар сурате, ки аз рӯзи фавти саробон зиёда аз 6 мох гузашта бошад. нафақаи иҷтимой аз рӯи маҳрум аз саробон аз рӯзи мурочиат таъин карда меша­вад. Ин навъи нафака бинобар бе ному нишон гум шудани са­робон низ таъин мегардад. Аз рӯзи бе ному нишон гумшуда эътироф гардидани саробон аз ҷониби мақомоти ваколатдор (суд), таъин карда мешавад.

  Нафакди иҷтимой аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба андозаҳои зерин таъин карда мешаванд:

  • ба кӯдакони хо 18-сола, ки аз падар ё модар маҳрум шудаанд (донишчуёни муассисахои таълимии шакли рузона - то хатми таълимгоҳҳои мазкур. вале на калонтар аз синни 23). барои як кқдак - 60%. барои ду кқдак – 90%. барои се ва зиёда аз он кӯдак – 120% андозаи нафақаи заминавии мукарраргардида;
  • ба кӯдаконе. ки аз падару модар махрум шудаанд (донишчуёни муассисахои таълимии шакли рузона - то хатми таълимгоххои мазкур, вале на калонтар аз синни 23), барои як кӯдак - 100%. барои ду кудак - 150%. барои се ва зиёда аз он кудак - 200% андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
  • нафакаи ичтимой бо сабаби маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви ғайриқобили меҳнати оилаи хизматчии ҳарбии фавтида, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудааст, ба андозаи 100% нафақаи заминавии муқарраршуда таъин карда мешавад.

  Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимой ва нафакаи наз­ди Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ медихад, ки андозаи хадди ақали нафақа аз рӯи син­ну сол ва нафақаи заминавй 15,4%, яъне аз 156 сомонии каблй ба 180 сомонй ва андозаи хадди ниҳоии нафакаи мехнатй аз рӯи синну сол 13.5% зиёд карда шуда, аз 748 сомониву 80 дирами каблӣ, мутаносибан ба 850 сомонӣ баробар гардидааст.

  Андозаи нафақаҳои меҳнатии нафақагироне, кор намекунанд (ба истиснои аъзоёни хоҷагиҳои деҳқонӣ) ба ҳаҷми 30% хадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, яъне ба маблағи 54 сомонӣ зиёд карда шудааст. Яъне маьлағи нафақаи меҳнатии нафақагирон аз 246 сомонию 80 дирам ба 300 сомонию 80 дирам баробар шуд.

 Инчунин андозаи нафақаҳои иҷтимой аз рӯи синну сол (ба ғайр аз модароне, ки 10 фарзанд таваллуд намуда, онҳоро то синни 8-солагӣ тарбия намудаанд), аз рӯи маъюбӣ барои маъбони гурӯҳҳои 2 ва 3 (ба ғайр аз маъбони гурӯҳи 2 аз овони кӯдакӣ)  ва барои маҳрум шудан аз саробон, ки мутобиқи Қонуни Ҷумхурии Точикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шахрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»  таъин гардидаанд, 60% ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, яъне аз 93 сомонию  60 дирам ба 108 сомонӣ баробар карда шуд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA