Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии танзими давлатии суғуртаи ҳатмии нафақавии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои мақомоти давлатӣ, шахсони воқеию ҳуқуқӣ, тартиби таъин ва пардохти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, инчунин манбаъҳои маблағгузории онҳоро муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоқикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоқикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоқикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Вазифаҳо ва доираи амали Қонуни мазкур
1. Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
2. Амали Қонуни мазкур ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, шаҳрвандони хориқӣ ва шахсони бешаҳрванде дахл дорад, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон фаъолияти меҳнатиро анқом дода, бо суғуртаи ҳатмии нафақавӣ фаро гирифта шудаанд.
Моддаи 4. Принсипҳои таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ
Низоми таъминоти нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:
Моддаи 5. Ҷалб намудани шаҳрвандон ба идораи низоми таъминоти нафақа
Ҷалб намудани шаҳрвандон ба раванди таҳиясозӣ ва татбиқи сиёсати давлатии нафақа дар Тоқикистон тибқи меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи шарикии иқтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 6. Низоми таъминоти нафақа
Дар Ҷумҳурии Тоқикистон низоми ягонаи таъминоти нафақа иборат аз намудҳои зерин амал мекунад:
Моддаи 7. Намудҳои нафақа ва таркиби онҳо
1. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои суғуртавӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
2. Таркиби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ва маъюбӣ аз қисмҳои суғуртавӣ ва захиравӣ иборат мебошад.
3. Қисми суғуртавии нафақа - қисми асосии нафақа, ки вобаста ба ҳақми сармояи шартии нафақавӣ, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудааанд, ба шахси суғурташуда муқаррар карда мешавад.
4. Қисми захиравии нафақа – қисми нафақаи суғуртавӣ, ки вобаста аз ҳақми захираҳои инфиродии нафақавии шахси суғурташуда муқаррар гардида, аз рӯи маълумоти дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда мавқудбуда ҳисоб карда шудааст.
5. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аз қисми суғуртавӣ иборат мебошад.
6. Мутобиқи Қонуни мазкур намудҳои зерини нафақаҳои давлатӣ таъин ва пардохт карда мешаванд:
7. Нафақаҳои давлатӣ аз ҳисоби буқети давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур пардохт карда мешаванд.
Моддаи 8. Ҳуқуқ ба интихоби нафақа
Ба шахсоне, ки дар як вақт ҳуқуқи гирифтани якчанд намуди нафақаро доранд, аз рӯи интихобашон як намуди нафақа таъин карда мешавад.
Моддаи 9. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон дар соҳаи таъминоти нафақа
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон дар соҳаи таъминоти нафақа салоҳият, вазифа ва сохтори мақомоти ваколатдори давлатиро, ки суғуртаи ҳатмии нафақавӣ, таъин, индексатсия, пардохт ва дастрас кардани нафақаҳоро таъмин менамоянд, муайян мекунад.
Моддаи 10. Салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа
Ба салоҳияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа инҳо мансубанд:
БОБИ 2. ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ
Моддаи 11. Ташаккул ва таъминоти нафақаи суғуртавӣ
1. Нафақаи суғуртавӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, шаҳрвандони хориқӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ ба таври доимӣ дар қумҳурӣ истиқоматдошта, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъин ва пардохт карда мешавад.
2. Пардохти саҳмҳои суғуртавӣ барои нафақаи суғуртавӣ ҳатмӣ буда, аз ибтидои фаъолияти меҳнатӣ оғоз мегардад.
3. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон танзим менамояд.
Моддаи 12. Тартиби муайян намудани андозаи нафақаи заминавӣ
1. Андозаи нафақаи заминавиро Президенти Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар менамояд.
2.Андозаи нафақаи заминавӣ ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқарраршуда муайян карда мешавад.
Моддаи 13. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол
1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол барои мардҳо ҳангоми расидан ба синни 63 ва барои занҳо ҳангоми расидан ба синни 58 аз рӯи шартҳои зерин таъин карда мешавад:
2. Ба шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд ва доимӣ истиқомат мекунанд, нафақаҳои суғуртавӣ аз рӯи синну сол таъин карда мешаванд:
3. Ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо истифодаи имтиёзҳо шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
а) шахсоне, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардаанд:
б) шахсони гирифтори касалиҳои нанизми гипофизарӣ (лилипутҳо) ва паканаҳои номутаносиб:
в) маъюбони гурӯҳи I аз рӯи биноӣ:
г) иштирокчиёни рафъи оқибатҳои садамаи Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил:
д) занҳое, ки 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб доранд ва ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 240 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 53 доранд;
е) занҳое, ки дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор ва доимӣ истиқомат карда, 5 ва зиёда аз он кӯдак таваллуд карда, онҳоро то ба синни 8 тарбия намудаанд ё кӯдаки маъюб дошта, ӯро низ то ин синну сол тарбия намудаанд, дар сурати собиқаи суғуртавии на камтар аз 180 моҳ доштан ҳуқуқи ба нафақа баромаданро пас аз расидан ба синни 43 доранд.
Моддаи 14. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи суғуртавии нопурра
1. Нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ, ба истиснои шахсони дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда, ба шахсоне, ки на камтар аз 60 моҳ собиқаи суғуртавӣ доранд, таъин карда мешавад.
Ба шахсоне, ки дар қисми 3 моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи нопурраи суғуртавӣ ба мардҳо - ҳангоми расидан ба синни 63 ва ба занҳо - ҳангоми расидан ба синни 58 таъин карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ бо собиқаи суғуртавии нопурра ҳангоми фарорасии ҳолати суғуртавӣ мутобиқи Қонуни мазкур таъин ва пардохт карда мешавад.
Моддаи 15. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ
1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ ҳангоми фарорасии гурӯҳҳои I, II ё III маъюбӣ, бо назардошти дарақаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар кардааст, таъин карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ новобаста ба сабабҳои маъюбшавӣ, давом ёфтани фаъолияти меҳнатии маъюб, инчунин новобаста ба он, ки маъюбӣ ҳангоми кор, то фарорасии вақти кор ё баъди хотима ёфтани кор расидааст, таъин карда мешавад.
3. Барои таъин намудани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ собиқаи суғуртавии на камтар аз 60-моҳа зарур мебошад.
4. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ барои давраи муқаррарнамудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ таъин карда мешавад.
5. Дар ҳолати вуқуд доштани захираи нафақавӣ дар суратҳисоби махсуси инфиродии шахси суғурташуда, ки маъюб дониста шудааст, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ баъд аз расидани ӯ ба синни муқарраршудаи нафақавӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 16. Шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон
1. Ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида, ки дар таъминоти ӯ қарор доштанд, ҳуқуқ доранд. Оилаи саробони бе ному нишон гумшуда ба оилаи саробонаш фавтида баробар дониста мешавад, ба шарте, ки бе ному нишон гум шудани саробон бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон эътироф шуда бошад.
2. Аъзои ғайриқобили меҳнати саробони фавтидаи оила инҳо эътироф карда мешаванд:
3. Аъзои оилаи саробони фавтида ба шарте дар таъмини ӯ дониста мешаванд, ки қаблан дар таъминоти пурраи ӯ қарор дошта ё аз ӯ мунтазам кӯмаке мегирифта бошанд, ки барои онҳо манбаи асосии рӯзгузаронӣ ҳисоб меёфт.
4. Падару модари ғайри қобили меҳнати саробони фавтида ба шарте ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд, ки новобаста ба давраи баъди даргузашти саробон бе манбаи рӯзгузаронӣ монда бошанд.
5. Ҳамсари ғайриқобили амали саробони фавтида ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон дар сурате ҳуқуқ дорад, ки агар ӯ ба нигоҳубини кӯдаки маъюб, кӯдаки маъюби аз овони кӯдакии гурӯҳи I ё кӯдаки то фавти саробон ё дар давраи то панқ сол пас аз фавти саробони фавтида корношоямгардида машғул бошад.
6. Аъзои оилаи саробони фавтида, ки кӯмаки ӯ барои онҳо доимӣ ва манбаи асосии рӯзгузаронӣ буд, вале худашон ҳам ягон намуди нафақа мегирифтанд, ҳуқуқ доранд, ки ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон гузаранд.
7. Фарзандхондагон дар баробари падару модар ва ба фарзандӣ қабулшудагон дар баробари фарзандони ҳамхун ба гирифтани нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ доранд. Фарзандони ноболиғ, ки аз рӯи маҳрум шудан аз саробон нафақа мегиранд, дар ҳолати ба фарзандӣ қабул шуданашон низ аз ин ҳуқуқ бенасиб намегарданд.
8. Нафақае, ки бинобар вафоти ҳамсар таъин гардидааст, баъд аз ақди никоҳи нави нафақагир ҳам боқӣ мемонад.
9. Дар сурати мавқуд будани собиқаи камтар аз 60-моҳаи суғуртавии саробони фавтида ба оила мутобиқи Қонуни мазкур нафақаи иқтимоӣ таъин карда мешавад.
10. Дар ҳолати фавтидани шахси суғурташуда то ба ӯ таъин гардидани нафақаи суғуртавии аз рӯи синну сол ё то бозҳисобӣ кардани андозаи нафақаи мазкур маблағи дар суратҳисоби инфиродии ӯ ба ҳисоб гирифташуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон пардохт карда мешавад.
Моддаи 17. Ҳисоби собиқаи суғуртавӣ барои таъини нафақаи суғуртавӣ
1. Барои муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ дар собиқаи суғуртавӣ давраҳои фаъолияти корие ба ҳисоб гирифта мешаванд, ки дар ин муддат шахси суғурташуда (ё ба қои ӯ) саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавиро супорида бошад.
2. Собиқаи суғуртавӣ аз рӯи моҳи пурра ба ҳисоб гирифта мешавад. Моҳи собиқаи суғуртавӣ моҳи тақвимие дониста мешавад, ки (барояш) шахси суғурташуда (ё ба қои ӯ) саҳмҳои суғуртавӣ супоридааст ва маълумот дар бораи музди меҳнати (даромади) моҳи мазкур пешниҳод гардидааст.
3. Ба собиқаи суғуртавӣ ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ дар баробари давраи корӣ ё фаъолияте, ки дар тӯли он мувофиқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон саҳмҳои суғурта супорида шудааст, инчунин давраҳои фаъолияте ба ҳисоб гирифта мешавад, ки дар давоми он саҳмҳои суғурта супорида нашудааст, аз он қумла:
4. Давомнокии давраи бе пардохти саҳмҳои суғурта ба собиқаи суғуртавӣ дохилшуда дар мақмӯъ набояд аз 60 моҳ зиёдтар бошад.
5. Собиқаи суғуртавӣ дар асоси маълумоти дар кисми махсуси суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ва маълумоти пешниҳоднамудаи корфармо ё супорандаи саҳмҳои суғуртавӣ ҳангоми баҳисобгирии инфиродӣ ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 18. Тартиби тасдиқи собиқаи суғуртавӣ
1. Ҳуққати асосии тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ дар давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 2013 дафтарчаи меҳнатии шаҳрванд ба ҳисоб меравад.
2. Ҳуққати тасдиқкунандаи собиқаи суғуртавӣ барои давраи пас аз 1 январи соли 2013 маълумоти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар асоси маълумоти суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳисоб меравад.
3. Бо мақсади таъини нафақаи суғуртавӣ шахси суғурташуда ба ғайр аз дафтарчаи меҳнатӣ (нусхаи аслӣ), инчунин ҳуққатеро, ки ҳамчун шахси суғурташуда дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудааст, пешниҳод менамояд.
4. Давраҳои дар сархатҳои якум, дуюм, сеюм ва панқуми қисми 4 моддаи 17 Қонуни мазкур номбаршуда аз рӯи ҳуққатҳои пешниҳодгардидаи муассисаҳои дахлдор, бо нишон додани асос барои додани онҳо ба ҳисоби собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд.
5. Собиқаи корӣ (ба истиснои кор дар назди шахсони алоҳида) барои давраи то 1 январи соли 1999 метавонад бо муқаррароти судӣ, нишондодҳои ду нафар шоҳид ё бештар аз он муқаррар карда шавад, ба шарте, ки ҳуққатҳои фаъолияти меҳнатӣ бар асари оғози амалиёти ҳарбӣ ва офатҳои табиӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон гум шуда бошанд ва имконияти барқарор намудани онҳо мавқуд набошад.
6. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, ки дар давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2013 ҳуққатҳои боэътимоди тасдиқкунандаи пардохти саҳмҳои суғуртавӣ дар ин давра доранд, аммо фаъолияти кории онҳо дар дафтарчаи меҳнатӣ қайд нагардидааст, метавонанд барои ворид намудан ба собиқаи суғуртавӣ онҳоро пешниҳод намоянд.
Моддаи 19. Тартиби баҳисобгирии (барқароркунии) собиқаи суғуртавӣ барои давраҳои меҳнатӣ ва хизмати давлатӣ, ки барои онҳо саҳмҳои суғуртавӣ пардохта нашудааст
1. Ҳангоми муроқиати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон барои таъини нафақа, ки қисми собиқаи меҳнатиашро хизмати давлатӣ, аз он қумла берун аз ҳудуди мамлакат ё фаъолият дар ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил медиҳад ва дар ин давра саҳмҳои суғуртавӣ пардохта нашудааст, инчунин дар ҳолатҳое, ки онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» ҳуқуқи гирифтани нафақаро пайдо накардаанд, бо мақсади дохил намудани ин давраҳо ба собиқаи суғуртавӣ ба буқети суғуртаи иқтимоӣ маблағи умумии саҳмҳои суғуртавӣ бо ҳисоби зайл пардохта мешавад: музди миёнаи меҳнат ба теъдоди моҳҳои ба собиқаи суғуртавӣ дохилшаванда зарб зада шуда, ба тарофаи муқарраргардидаи саҳмҳои суғуртавии соли дахлдор зарб зада мешавад.
2. Пардохти маблағи саҳмҳои суғуртавиро барои давраи чунин фаъолият метавонад худи шаҳрванд (ё ба қои ӯ корфармо) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон амалӣ намояд.
Моддаи 20. Манбаъҳои маблағгузории пардохти нафақаи суғуртавӣ
1. Пардохти нафақаи суғуртавӣ аз манбаъҳои зайл маблағгузорӣ карда мешавад:
2. Дар сурате, ки андозаи ҳисобшудаи нафақаҳои суғуртавӣ аз андозаи камтарини дар моддаҳои 22, 25 ва 26 Қонуни мазкур муқарраршуда кам бошад, фарқияти байни андозаи нафақаҳои суғуртавии ҳисобшуда ва андозаи камтарини муқарраршуда аз ҳисоби маблағҳои буқети давлатӣ пардохт карда мешавад.
3. Маблағи пардохти қисми суғуртавии нафақа аз ин ҳисоб ташаккул меёбад:
Моддаи 21. Кафолатҳои давлатии таъминоти нафақа
Ба шахсоне, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ пайдо накардаанд, давлат таъминоти нафақаи давлатиро бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур кафолат медиҳад.
Моддаи 22. Ҳисоби қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол
1. Дар мавриди таъин намудани нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол маълумот оид ба собиқаи суғуртавӣ, ҳақми сармояи шартии нафақавӣ ва андӯхти захираҳои нафақавие, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инифиродӣ қамъ шудаанд, инчунин дигар маълумоте, ки мувофиқи Қонуни мазкур пешниҳод мегарданд, истифода бурда мешаванд.
2. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол метавонад иловапулиҳои тибқи моддаи 39 Қонуни мазкур аз ҳисоби маблағи буқети давлатӣ таъингардидаро дар бар гирад.
3. Барои муайян намудани андозаи қисми суғуртавии нафақа аз рӯи синну сол ҳақми уҳдадориҳои нафақавии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа - сармояи шартии нафақавӣ, бо тартиби зерин ҳисоб карда мешавад:
4. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо роҳи тақсим кардани маблағи сармояи шартии нафақавии шахси суғурташудаи барои нафақа муроқиатнамуда ба шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ, ки то 1 январи соли 2017 ба 120 моҳ ва аз 1 январи соли 2017 ба 180 моҳ баробар мебошад, муайян карда мешавад.
5. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ба шахсоне, ки собиқаи зарурии суғуртавӣ надоранд, аз рӯи тартиби муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи мазкур ҳисоб карда мешавад.
6. Барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии дар қисми 1 моддаи 13 пешбинишударо доранд, андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол наметавонад аз андозаи 100 фоиз ва барои шахсоне, ки собиқаи суғуртавии пешбинишударо надоранд, аз андозаи 70 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда кам бошад.
Моддаи 23. Хориқ карда шуд.
Моддаи 24. Зиёд намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол бо сабаби ба таъхир афтодани муроқиат барои таъини нафақа
1. Ба шахсоне, ки вобаста ба фарорасии синну соли нафақавӣ тибқи моддаи 13 Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол ҳуқуқ доранд, аммо фаъолияти меҳнатиро давом дода, саҳмҳои суғуртавиро пардохт менамоянд, ҳангоми мавқуф гузоштани муроқиат барои таъини нафақаи суғуртавӣ аз қониби онҳо, қисми суғуртавии нафақа баъди муроқиат дар асоси маълумоти инфиродӣ бо назардошти давраи муроқиат ҳисоб карда мешавад ва тибқи шартҳои дар қадвал нишондодашуда бо кам кардани моҳҳои давраи пардохти эҳтимолӣ баланд бардошта мешавад:
|
№ |
Миқдори солҳои пурраи мавқуф гузоштани муроқиат |
Давраи пардохти эҳтимолӣ (бо моҳ) |
|
1 |
1 |
174 |
|
2 |
2 |
168 |
|
3 |
3 |
162 |
|
4 |
4 |
156 |
|
5 |
5 |
150 |
|
6 |
6 |
145 |
|
7 |
7 |
140 |
|
8 |
8 |
135 |
|
9 |
9 |
130 |
|
10 |
10 ва беш аз он |
125 |
2. Моддаи мазкур нисбат ба шахсони воқеие, ки ба таъини нафақаи суғуртавӣ аз рӯи синну сол дар мавриди расидан ба синни муқарраргардидаи нафақавӣ ҳуқуқ доранд, татбиқ мегардад.
Моддаи 25. Ҳисоби қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ
1. Ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ бо тартиби пешбининамудаи моддаи 22 Қонуни мазкур амалӣ гардида, нафақа ба андозаҳои зерин таъин карда мешавад:
2. Қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маъюбӣ наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурра:
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурра:
Моддаи 26. Ҳисоби нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон
1. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон барои ҳар як узви оилаи бесаробонмонда, ки ба нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ дорад, бо ҳиссаи баробар (вобаста ба теъдоди аъзои оила, ки талаби гирифтани нафақаро доранд) аз нафақаи суғуртавӣ, ки саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ дошт, ҳисоб карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ барои кӯдакони аз падару модар маҳрумшуда ба андозаи нафақаи суғуртавие, ки ҳар ду саробон дар ҳолати суғуртавӣ ба гирифтани он ҳуқуқ доштанд, ҳисоб карда мешавад.
3. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:
4. Нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба кӯдакони аз падару модар маҳрумшуда наметавонад аз андозаҳои зерин кам бошад:
а) бо назардошти собиқаи суғуртавии пурраи саробони фавтида:
б) бо назардошти собиқаи суғуртавии нопурраи саробони фавтида:
5. Андозаи нафақаи суғуртавӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон, ки вафоти саробон бар асари иқрои ӯҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват фаро расидааст, наметавонад аз 150 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида барои ҳар як узви корношоями оила кам бошад.
6. Бо хоҳиши яке аз аъзои оила, ки нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон мегирад, ҳиссаи ӯ аз нафақаи суғуртавии ба оила таъиншуда метавонад қудо карда шавад.
БОБИ 3. ТАЪМИНОТИ НАФАҚАИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 27. Пардохтҳо аз рӯи таъминоти нафақаи давлатӣ
1. Таъминоти давлатии нафақа аз намудҳои зерини пардохтҳо иборат мебошад:
2. Ба нафақаҳои таъингардидаи гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон аз ҳисоби маблағи буқети маҳаллӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии мақомоти иқроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иловапулӣ муқаррар кардан мумкин аст.
Моддаи 28. Ҳуқуқ ба таъминоти нафақаи давлатӣ
Ба таъминоти нафақаи давлатӣ шахсони зерин ҳуқуқ доранд:
Моддаи 29. Хориқ карда шуд.
Моддаи 30. Ҳуқуқ ба нафақаи иқтимоӣ
1. Ба нафақаи иқтимоӣ шахсоне ҳуқуқ доранд, ки тибқи Қонуни мазкур ба нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ надоранд, аз қумла:
Номгӯи нишондодҳои тиббие, ки ба кӯдакони маъюби то 18-сола ҳуқуқи гирифтани нафақаи иқтимоӣ медиҳанд, аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян карда мешавад.
2. Шахсоне, ки доимӣ дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон истиқомат мекунанд ва мувофиқи Қонуни мазкур ҳуқуқи гирифтани нафақаи суғуртавиро надоранд, нафақаи иқтимоӣ ба онҳо дар сурати расидан ба синни 58 ва 53 (мутаносибан мардҳо ва занҳо) таъин ва пардохт мешавад.
Моддаи 31. Андозаи нафақаҳои иқтимоӣ
1. Нафақаҳои иқтимоӣ ба шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани онро доранд, ба андозаҳои зерин таъин карда мешаванд:
а) нафақаи иқтимоӣ аз рӯи синну сол - 60 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида;
б) нафақаи иқтимоӣ аз рӯи маъюбӣ:
в) нафақаи иқтимоӣ аз рӯи маҳрум шудан аз саробон:
2. Нафақаи иқтимоӣ аз рӯи маъюбӣ дар натиқаи осеби ҳарбӣ ба хизматчиёни ҳарбие, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудаанд, ба андозаи зерин таъин карда мешавад:
Нафақаи иқтимоӣ бо сабаби маҳрум шудан аз саробон ба ҳар як узви ғайриқобили меҳнати оилаи хизматчии ҳарбии фавтида, ки хизмати ҳарбиро аз рӯи даъват адо намудааст, ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавии муқарраршуда таъин карда мешавад.
3. Андозаи нафақаҳои иқтимоӣ ба истиқоматкунандагони ноҳияҳое, ки ба музди меҳнаташон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон коэффитсиенти ноҳиявӣ муқаррар гардидааст, дар тамоми давраи зиндагӣ дар ин ноҳияҳо бо истифодаи коэффитсиенти ноҳиявии муқараршуда муайян карда мешавад.
Моддаи 32. Тартиби таъин кардани нафақаҳои иқтимоӣ
1. Таъин кардан, бозҳисобии нафақаҳои иқтимоӣ ва аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани он аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ мегардад.
2. Барои таъин кардани нафақаи иқтимоӣ шаҳрванд ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли зисте, ки расман ба қайд гирифта шудааст, бо ариза муроқиат менамояд.
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки шартҳои таъин намудани нафақаҳои иқтимоиро ба шаҳрвандон пурра фаҳмонад, инчунин ба қамъ овардани ҳуққатҳои зарурӣ ба онҳо мусоидат намояд.
4. Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ҳуқуқ дорад, ки аз аризадиҳанда ва ё шахсе, ки ӯро намояндагӣ мекунад, пешниҳод кардани ҳуққатҳои заруриро барои муқаррар намудани нафақаҳои иқтимоӣ талаб намояд, дар ҳолатҳои зарурӣ санқиши мутақобила гузаронад, санқиши воқеият ва асоснокии ҳуққатҳоро анқом диҳад.
5. Ҳуққатҳо барои муқаррар намудани нафақаи иқтимоӣ аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар давоми се рӯзи бақайдгирии ариза баррасӣ карда мешаванд.
6. Ҳангоми таъин намудани нафақаҳои иқтимоӣ қарори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа қабул карда, ба шаҳрвандон шаҳодатномаи шаклаш муқарраргардида дода мешавад.
7. Дар сурати рад шудани таъини нафақа қавоби хаттӣ бо нишон додани сабабҳои он ба аризадиҳанда пешниҳод мешавад.
8. Нафақаи иқтимоӣ вобаста ба тағйир ёфтани дарақаи маҳдудияти қобилияти корӣ, сабабҳои маъюбӣ, шумораи аъзои корношоями оилаи саробони фавтида (ҳалокгардида), дар сурати аз як намуд ба намуди дигар гузаронидани нафақаҳои иқтимоӣ, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, аз нав дида баромада мешавад.
9. Номгӯи ҳуққатҳое, ки барои таъини нафақаи иқтимоӣ заруранд, аз қониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян карда мешаванд.
10. Шаҳрвандон метавонанд аз қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ ба мақомоти судӣ шикоят намоянд.
Моддаи 33. Хориқ карда шуд.
Моддаи 34. Хориқ карда шуд.
Моддаи 35. Хориқ карда шуд.
Моддаи 36. Хориқ карда шуд.
Моддаи 37. Хориқ карда шуд.
Моддаи 38. Хориқ карда шуд.
Моддаи 39. Иловапулиҳо ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ
1. Ба нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буқети давлатӣ ба андозаҳои зерин иловапулиҳо муқаррар ва пардохт карда мешаванд:
а) ба андозаи 150 фоизи нафақаи заминавӣ:
б) ба андозаи 100 фоизи нафақаи заминавӣ:
в) ба андозаи 50 фоизи нафақаи заминавӣ:
2. Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоқикистон» ҳуқуқи гирифтани иловапулӣ ба нафақаҳоро доранд.
БОБИ 4. ТАЪИН, БОЗҲИСОБӢ, АЗ ЯК НАМУД БА НАМУДИ ДИГАР ГУЗАРОНИДАН, ИНДЕКСАТСИЯ, ПАРДОХТ ВА ДАСТРАС НАМУДАНИ НАФАҚА
Моддаи 40. Тартиби таъин ва пардохти нафақа
Тартиби таъин ва пардохти нафақаҳоро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа муайян менамояд.
Моддаи 41. Тартиби муроқиат барои таъини нафақа
1. Ариза барои таъини нафақа ба шахси суғурташуда ё узви оилаи ӯ бо замимаи ҳуққатҳои зарурӣ, шаҳодатномаи суғуртаи нафақавӣ бо қайди рақами инфиродии шахсӣ аз қониби суғурташаванда ё корфармо ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар қои зисти шахси суғурташуда пешниҳод мегардад.
2. Барои таъини нафақаи суғуртавӣ пешниҳоди ҳуққатҳои зерин зарур аст:
3. Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки таъминоти нафақаро амалӣ мекунад, ҳуқуқ дорад аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳуққатҳоеро, ки барои таъини нафақа заруранд, талаб намояд, инчунин асоснокии дода шудани онҳоро санчад.
4. Мӯҳлат барои таъини нафақа як моҳ пеш аз пайдо шудани ҳуқуқ ё дар мӯҳлати дилхоҳ баъди пайдо гардидани ҳуқуқ барои гирифтани он муқаррар карда мешавад.
5. Сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар муддати 30 рӯзи баъди қабули ариза масъалаи таъини нафақаро баррасӣ намуда, қарор мебарорад.
6. Ҳангоми рад гардидани ариза дар бораи таъини нафақа дар қарор сабабҳои рад гардидани таъини нафақа пурра нишон дода мешаванд. Мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадор аст, ки дар давоми 10 рӯзи баъди қабули чунин қарор аз натиқаи он аризадиҳандаро огоҳ намояд.
7. Тартиби муроқиат барои таъини нафақа ва пешбурди ҳуққатҳои нафақавиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 42. Мӯҳлати таъин ва пардохти нафақа
1. Нафақа аз рӯи синну сол якумра таъин мегардад.
2. Нафақа аз рӯи маъюбӣ барои давраи корношоямии шахс, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, таъин карда мешавад.
3. Нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба мӯҳлате, ки тӯли он узви оила корношоям дониста мешавад, таъин мегардад.
4. Нафақа аз рӯзи муроқиат, аммо на пештар аз ҳуқукдор шудан ба гирифтани нафақа, ба истиснои ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:
Дар дигар ҳолатҳо нафақа аз рӯзи муроқиат таъин мегардад.
5. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои таъини нафақа бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон баррасӣ мегарданд.
Моддаи 43. Бозҳисобии нафақаҳои таъингардида
Андозаи нафақа тибқи муқаррароти Қонуни мазкур дар ҳолатҳои зерин бозҳисобӣ мешавад:
Моддаи 44. Мӯҳлатҳои бозҳисобии нафақаҳои таъингардида
1. Андозаи нафақаҳои таъингардида дар мӯҳлатҳои зерин бозҳисобӣ карда мешавад:
2. Ҳангоми тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ, ки сабаби зиёд гардидани андозаи нафақа мегардад, нафақа ба андозаи нав аз рӯзи тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ пардохт карда мешавад.
3. Гузаронидан аз як намуди нафақа ба намуди дигари он аз рӯзи якуми моҳи баъди моҳе, ки дар он муроқиат барои иқрои ин амал ворид шудааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 45. Ташкили баҳисобгирии нафақахӯрон
1. Ба мақсади таъмини баҳисобгирии нафақагирон ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои онҳо ба таъминоти нафақавӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадор аст, ки баъди ба расмият даровардани ҳуққатҳо барои таъини нафақа ҳамаи нишондиҳандаҳои онҳоро ба Феҳристи (рӯйхати) ягонаи давлатии нафақагирон дохил намояд.
2. Ҷорӣ кардани Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа амалӣ мегардонад. Тамоми мақоми дигари давлатӣ, ки ба зиммаи онҳо таъини нафақа вогузор мебошад, вазифадоранд мутобиқи ҳамин моддаи Қонун маълумоти қайдгардидаро дар муддати 30 рӯзи баъди таъини нафақа ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа пешниҳод кунанд.
3. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии нафақагиронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян менамояд.
Моддаи 46. Таъин, бозҳисобӣ ва гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар
1. Таъини нафақа, бозҳисобии андозаи он, гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар дар асоси аризаи шаҳрванд сурат мегирад.
2. Муроқиат барои таъини нафақа, бозҳисобии андозаи нафақа ва гузаронидани нафақа аз як намуд ба намуди дигар дар ҳамаи ҳолатҳо баъди ҳуқуқдор шудан ба нафақа ва бозҳисобии андозаи он бе маҳдудияти мӯҳлат баррасӣ мешавад.
3. Андозаи нафақа дар мавриди тағйир ёфтани гурӯҳи маъюбӣ, шумораи аъзои ғайриқобили меҳнати оилаи саробони фавтида, бинобар идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ, инчунин дар ҳолати дигар шудани шартҳои таъминоти нафақаи суғуртавӣ бозҳисобӣ карда мешавад.
4. Бозҳисобии андозаи нафақаи суғуртавӣ бинобар аз қониби нафақагир идома додани фаъолияти меҳнатӣ ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ (ё барои ӯ) пас аз таъини нафақа, як маротиба пас аз қатъ намудани фаъолияти меҳнатӣ аз қониби ӯ, амалӣ карда мешавад.
Дар ҳар сурат, бозҳисобӣ метавонад амалӣ карда шавад, агар нафақагир на камтар аз 24 моҳ пас аз таъини нафақа фаъолияти меҳнатиашро идома дода бошад.
Дар мавриди ҳисоб намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ шумораи моҳҳои давраи пардохти эҳтимолии дар қисми 1 моддаи 24 Қонуни мазкур пешбинигардида истифода карда мешавад.
Моддаи 47. Хориқ карда шуд.
Моддаи 48. Пардохт ва дастрас намудани нафақа
1. Нафақаро мақомоти ваколатдори давлатии қои истиқомати шахси барои нафақа муроқиаткарда пардохт ва дастрас менамояд. Дар мавриди дигар шудани қои истиқомати нафақагир нафақа дар қои истиқомати нав, дар асоси асноди нафақавӣ ва ҳуққатҳои бақайдгирӣ, ки бо тартиби муқарраргардида аз қониби мақомоти бақайдгирӣ дода шудаанд, дастрас ва пардохт карда мешавад.
2. Нафақа шахсан ба нафақагир пардохт карда мешавад ё ба суратҳисоби бонкӣ, ки дар аризаи нафақагир нишон дода шудааст, гузаронида мешавад. Ҳангоми гузаронидани нафақа ба суратҳисоби бонкӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа вазифадоранд ҳар сол як маротиба ҳолатҳои аз тарафи бонк пардохт гардидани маблағи гузаронидашударо муқоиса намоянд.
3. Нафақа новобаста ба гирифтани музди меҳнат ва дигар даромадҳо бе маҳдудият пардохт карда мешавад.
4. Нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба кӯдаконе, ки аз падару модар маҳрум шудаанд ва ё модари яккаву танҳояш вафот кардааст, инчунин дигар кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд ва дар таъминоти пурраи давлат мебошанд, ба андозаи пурра пардохт карда мешавад.
Ба кӯдаконе, ки аз падар ё модар маҳрум гардида, дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақа аз рӯи маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 50 фоизи нафақаи таъингардида, вале на камтар аз 25 фоизи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида пардохт карда мешавад.
Тартиби пардохти нафақа ба кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян карда мешавад.
5. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иқтимоӣ дар таъминоти пурраи давлатӣ мебошанд, нафақаи суғуртавӣ ба андозаи 20 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, нафақаи иқтимоӣ ба андозаи 10 фоизи нафақаи таъингардида, аммо на камтар аз 30 фоизи нафақаи заминавии муқарраргардида, пардохт карда мешавад.
Тартиби пардохти нафақа ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои давлатии статсионарии хизматрасонии иқтимоӣ дар таъминоти пурра давлатӣ мебошанд, аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян карда мешавад.
6. Ба нафақагироне, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ қарор доранд, нафақа ба андозаи пурра бо тартибе, ки аз қониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва мақомоти адлия муайян карда шудааст, пардохт карда мешавад.
7. Нафақа метавонад дар асоси ваколатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудааст, ба мӯҳлати на зиёда аз шаш моҳ пардохт карда шавад.
8. Пардохти нафақа метавонад бо қарори сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ё қарори суд дар ҳолатҳои зерин то муайян намудани ҳолатҳои бавуқӯъомада боздошт карда шавад:
9. Пардохти нафақа ҳангоми фавти нафақагир дар асоси маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки дар мӯҳлати то даҳ рӯз пас аз рӯзи бақайдгирии фавти нафақагир ба сохтори дахлдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маълумот пешниҳод менамояд, қатъ карда мешавад.
Маълумот дар бораи фавти нафақагир аз рӯи шакле, ки бо қарори муштараки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ва адлия тасдиқ карда мешавад, пешниҳод мегардад.
10. Маблағи нафақаи нафақагир, ки бо сабаби фавти ӯ пардохт нагардидааст, то худи рӯзи вафоташ ҳисоб карда шуда, ба аъзои оилаи ӯ, ки якқоя бо нафақагир зиндагӣ мекард, пардохт карда мешавад.
Дар сурати набудани аъзои оила, ки бо нафақагир якқоя зиндагӣ мекарданд, маблағи пардохтанашудаи нафақа ба мерос гузаронида мешавад.
Моддаи 49. Боздошти нафақа
1. Нафақа метавонад дар асоси санадҳои судӣ (дар қисмати ситонидани молу мулк), муқаррароти идораҳои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон бо тартиби барои иқрои қарорҳои суд муқарраргардида ба иқро мерасанд, боздошта шавад.
2. Андозаи боздошти нафақа аз маблағи ба нафақахӯр барои пардохт ҳисобкардашуда, ҳисоб карда мешавад.
3. Барои таъмини аъзои оила (алиментҳо), қуброни зарари ба молу мулки ташкилоту корхонаҳо, маъюб кардан ё дигар хел осеб расонидан ба саломатӣ, инчунин бо сабаби фавти саробон, дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон барои бозгардонидани маблағи зиёдгирифта на бештар аз 50 фоизи нафақа боздошт шуда метавонад.
4. Дар тамоми ҳолатҳои боздошти нафақа барои нафақахӯрон на камтар аз 50 фоизи нафақаашон мононда мешавад.
Моддаи 50. Тартиби пардохти нафақаи шахсоне, ки ба берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон барои истиқомати доимӣ кӯчидаанд
1. Нафақаи тибқи Қонуни мазкур таъингардида ба шахсоне, ки қои зисти доимиашонро берун аз Ҷумҳурии Тоқикистон интихоб мекунанд, новобаста ба нигоҳ доштан ё тағйир додани шаҳрвандӣ бо тартиби зерин пардохт карда мешавад:
2. Агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоқикистон эътироф намудааст, дар хориқа қоидаҳои дигари пардохти нафақа пешбинӣ гардида бошанд, қоидаҳои муқарраргардидаи ин санадҳо мавриди амал қарор мегиранд.
Моддаи 51. Индексатсияи сармояи шартии нафақавӣ ва нафақаҳо
1. Сармояи шартии нафақавӣ, ки дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, ҳар сол бо тартиби зерин индексатсия карда мешавад:
Сармояи шартии нафақавӣ, ки мувофиқи моддаи 58 Қонуни мазкур барои давраи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 муайян карда шуда, ба ҳолати 1 январи соли 2013 дар суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда инъикос ёфтааст, шурӯъ аз 1 январи соли 2014 ҳар сол индексатсия карда мешавад.
2. Нафақаи суғуртавӣ ҳар сол на камтар аз як маротиба мутобиқи сатҳи индекси нархҳои истеъмолӣ, ки аз қониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба омор муайян мегардад, индексатсия карда мешавад.
3. Тартиби индексатсияи нафақаҳо ва сармояи шартии нафақавӣ аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муайян карда мешавад.
БОБИ 5. НАМУДҲОИ ДИГАРИ ТАЪМИНОТИ НАФАҚАВӢ
Моддаи 52. Таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ
Дар баробари суғуртаи ҳатмии давлатӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон ба таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ ҳуқуқ доранд.
Тартиби амалӣ кардани таъминоти ғайридавлатии нафақавӣ, ташкили фондҳои ғайридавлатии нафақа ва пардохтҳои нафақавӣ аз ин фондҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон танзим менамояд.
Моддаи 53. Таъминоти нафақавии касбӣ
1. Бо мақсади таъминоти нафақавии касбии шахсоне, ки рӯзи пурраи корӣ ба корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин ба корҳои дорои шароити махсуси меҳнат машғул мебошанд, корфармо ӯҳдадор аст, ки дар давраи иқрои чунин корҳо пардохти саҳмҳоро барои суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ то таъини нафақаи касбӣ таъмин намояд. Шартҳо ва тартиби суғуртаи ҳатмии нафақавии касбиро қонун муайян менамояд.
2. Тартиби таъминоти нафақавии касбӣ ва таъини нафақаҳои касбӣ, рӯйхатҳои истеҳсолот, корҳо, касбҳо, вазифаҳо ва нишондиҳандаҳои корҳои зеризаминӣ, корҳои дорои шароити махсусан зарарнок ва махсусан вазнин, зарарноку вазнин, инчунин номгӯй корҳо ва касбҳои дорои шароити махсуси меҳнатро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон тасдиқ менамояд.
БОБИ 6. ҚИСМИ ЗАХИРАВИИ НАФАҚАИ СУҒУРТАВӢ
Моддаи 54. Пардохти қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ
1. Қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ аз ҳисоби саҳмҳои андӯхтшудаи нафақавии шахсоне, ки дар қисми махсуси суратҳисоби инфиродиашон маблағ доранд, ҳангоми расидан ба синни нафақавии дар моддаи 13 Қонуни мазкур пешбинишуда муқаррар карда мешавад. Асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои марбути ташаккулёбӣ, қудо кардани маблағ барои андӯхти нафақавии қиҳати қудо кардани маблағ барои қисми андӯхтии нафақаҳои суғуртавӣ, инчунин ҳуқуқ, вазифа ва масъулияти субъектҳо, иштирокчиёни ин муносибатҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар мекунад.
2. Маблағи қисми захиравии нафақаҳои суғуртавӣ бо роҳи тақсими маблағи умумии андӯхтҳои нафақавӣ, бо назардошти даромадҳо аз ҳисоби сармоягузории онҳо, ба миқдори моҳҳои давраи эҳтимолии пардохти нафақа ҳисоб карда мешавад.
Дар сурате, ки андозаи андӯхтҳои нафақавӣ аз маблағи даҳкаратаи андозаи нафақаи заминавии муқарраргардида кам бошад, қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳамчун пардохти якдафъаина муқаррар карда мешавад.
Моддаи 55. Хориқ карда шуд.
Моддаи 56. Ҳуқуқи моликият ба андӯхтҳои нафақавӣ
1. Давлат ба шахсони суғурташуда ҳуқуқи моликиятро ба маблағи дар қисми махсуси суратҳисоби шахсии инфиродӣ дар шакли андӯхти нафақавӣ мавқуда кафолат медиҳад.
2. Муассисаи суғурта вазифадор аст, ки кафолати ҳифз ва ҳимоя кардани маблағи андӯхти нафақавии ба он амонатдодаро аз беқурбшавӣ (таваррум) ва зиёдкунӣ (индексатсия) таъмин намояд.
Моддаи 57. Шахсоне, ки ба қисми захиравии нафақаи суғуртавӣ ҳуқуқ доранд
1. Шарти асосие, ки ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистонро ба қисми захиравии нафақа муайян мекунад, пардохти саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ мебошад.
2. Шаҳрвандони хориқӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон фаъолияти меҳнатӣ ва соҳибкориро анқом медиҳанд, дар сурати риоя кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон ба қисми захиравии нафақа ҳуқуқ доранд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 58. Бадалкунии (конвертатсияи) ҳуқуқҳои шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ
1. Ҳуқуқҳои нафақавии дар натиқаи фаъолияти меҳнатии то соли 1999 бадастовардаи шаҳрвандон мӯқиби аз нав арзёбии пулӣ ва бадалкунӣ ба сармояи шартии нафақавӣ мебошанд. Дар ин маврид, барои ҳар моҳи пурраи собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон» муайян карда шудааст, сармояи шартии нафақавӣ ба андозаи 120 сомонӣ муқаррар гардида, дар қисми умумии суратҳисоби инфиродии шахси суғурташуда ба ҳолати 1 январи соли 2013 нишон дода мешавад.
2. Собиқаи кории то 1 январи соли 1999, ки барои он дар натиқаи бо пул арзёбӣ гардиданаш сармояи шартии нафақавӣ гузаронида шудааст, ҳангоми муайян намудани ҳуқуқ ба нафақаи суғуртавӣ ҳамчун собиқаи суғуртавӣ ҳисоб карда мешавад.
3. Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ аз қониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоқикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 59. Қоидаҳои гузариш ва тартиби муаяйн намудани андозаи сармояи шартии нафақавӣ
1. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии пурраи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда, муассисаи суғурта (мақоми ваколатдори давлатӣ) вазифадор аст, ки андозаи сармояи шартии нафақавии ҳар як шахси воқеии дар низоми суғуртаи иқтимоӣ ва нафақавӣ суғурташударо то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур муайян намояд.
2. Сармояи шартии нафақавӣ барои ҳисоб кардани қисми суғуртавии нафақаи суғуртавӣ барои давраи аз 1 январи соли 1999 то 1 январи соли 2017 дар асоси маълумоти дар мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа мавқудбуда дар бораи музди меҳнати (даромади) шахси суғурташуда, ки аз рӯи он саҳмҳои суғуртаи ҳатмии нафақавӣ пардохт карда шудаанд, муайян карда мешавад.
3. Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуққатҳои эътимоднок дар бораи мавқудияти собиқаи суғуртавӣ дар давраи берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоқикистон будан ва пардохти саҳмҳои суғуртавӣ ба муассисаҳои дахлдори давлатии мамлакати будубош, ки ба масъалаҳои суғуртаи иқтимоӣ (нафақавӣ) сарукор доранд, давраҳои номбаргардида ба собиқаи суғуртавӣ дохил карда мешаванд, ба шарте, ки байни Ҷумҳурии Тоқикистон ва мамлакати будубош қарордоди тарафайн дар бораи баҳисобгирии собиқаи суғуртавии давраи фаъолияти муваққатӣ дар ин давлат, ба имзо расида бошад.
4. Дар давраи то 1 январи соли 2017 ба шахсони зерин, ки дар низоми суғуртаи ҳатмии нафақавӣ ба қайд гирифта шудаанд, таъминоти нафақа аз рӯи синну сол дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон» амалӣ карда мешавад:
5. Нафақа аз руи асосҳои (намудҳои) дигар мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» аз лаҳзаи мавриди амал қарор дода шуданаш таъин карда мешавад.
6. Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон, ки баъди 1 январи соли 1954 (мардҳо) ва баъди 1 январи соли 1959 (занҳо) таваллуд ёфтаанд, тамоми намудҳои нафақа тибқи Қонуни мазкур таъин карда мешавад.
Моддаи 60. Нигоҳ доштани андозаи нафақаҳои қаблан таъингардида
1. Андозаи нафақаи меҳнатии шаҳрвандоне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоқикистон» таъин гардидаанд, нигоҳ дошта мешавад.
2. Андозаи нафақаи муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур мутобиқи моддаи 51 Қонуни мазкур индексатсия карда мешавад.
Моддаи 61. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани меъёрҳои муқаррароти Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоқикистон ба қавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 62. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дода шавад.
Меъёрҳои моддаи 24 ва қисми 4 моддаи 46-и Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2017
татбиқ карда шаванд (дар таҳрири Қонуни Ҷумҳурии Тоқикистон аз 18 марти соли 2015, №1200)
Президенти
Ҷумҳурии Тоқикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
12 январи соли 2010, № 595
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA