
Дар ҷаласаи мазкур вобаста ба масъалаи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия” маърузаи намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шунида шуд.
Зимни суханронии худ иброз намуд, ки мувофиқи банди 3-юми Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 “Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” тамоми вазорату идораҳо ва корхонаву ташкилотҳо вазифадор карда шудаанд, ки Нақша-чорабиниҳои дохилиидоравиро барои ҳар ду сол таҳия ва тасдиқ намоянд ва баҳри иҷрои бандҳои Нақша-чорабиниҳо саҳми арзанди худро гузоранд.
Мавриди зикр аст, ки инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар ҳатарҳои нав ба нав рӯ ба рӯст. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст.
Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирӣ ва решакан намудани он 31-уми октябри соли 2003 қабул шуда, баҳри амалӣ намудани ин мақсад чораҳои мушаххасро пешбини намудааст.
Муҳимияти ин ҳуҷҷати Созмони Милали Муттаҳидро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, 25-уми сентябри соли 2006 ба он имзо гузошт.
Конвенсияи мазкур 16-уми апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст ва минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуда истодааст.
Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала диққати ҷиддӣ дода мешавад, ки аз ҷониби ҷомеаи шаҳрванди ташкилотҳои давлатӣ ва табақаҳои гуногуни аҳолӣ пазируфта шуда, зина ба зина дар амал татбиқ мегарданд.
Чи тавре, ки ба ҳамаи мо маълум аст коррупсия яке аз масъалаҳои доғи рӯзи тамоми мамлакатҳои ҷаҳони муосир аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз рӯзи аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан Президенти мамлакат барои паст намудани чунин падидаи номатлуб ва мубориза бо коррупсия талошҳои зиёде намуда истодаанд.
Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, ва ахлоқ бетаъсир буда наметавонад, барои муборизаи самаранок баз зидди коррупсия тадбирҳои фонедикиро аз қабили иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ андешидан зарур аст.
Бояд тазаккур дод, ки коррупсия асосан ба фаъолияти давлат ва мақомоти он алоқаманд буда, ин зуҳурот аз замони пайдоиши давлат то ин дам ҳамқадами он мебошад.
Вобаста ба ин Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 апрели соли 2001 чунин баён намуда буданд “Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор вазифадоранд, ки иҷрои санадҳои зиддикоррупсиониро таъмин намоянд, зеро дар бисёр ҳолатҳо коррупсия метавонад афзоиши иқтисодиётро боздорад.
Яке аз санадҳои ҳуқуқӣ, ки ин самтро ба танзим медарорад ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” мебошад.
Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ҳамчун санади барномавии дурнамои миёнамуҳлати сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия, баҳри паст кардани шиддат ва сатҳи коррупсия дар кишвар равона гардида, дар ҳамкорӣ миёни мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ амалӣ карда мешавад.
Моро зарур аст, ки оид ба дарки моҳият ва ҳадафҳои Стратегияи мазкур дар байни кормандон барои боз ҳам баланд бардоштани маданияти онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат дода, инчунин барои интихоби дуруст, ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъин намудани мутахассисони болаёқату поквиҷдон дар мансабҳои хизмати давлатӣ диққати аввалиндараҷа диҳем.
Ҳозирини гиромӣ!
Ҳамаи мо уҳдадорем, ки баҳри иҷрои талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои мавҷудбуда, самаранок истифода бурда, нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеаи мо решаи худро мустаҳкам намояд.
Ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амалисозии стандартҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиддикоррупсионӣ, баҳри пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон минбаъд низ кӯшиш ба харҷ дода, муқовимати шаддидро бар зидди ин падидаи номатлуб боз ҳам пурзӯр менамоянд. Мубориза бо коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, самаранокии муқовимат бо он аз иштироки фаъолонаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар ҳамоҳангсозӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вобастагии зиёд дорад.
Агар ҳамаи мову Шумо ба хотири ободии Ватани азизамон Тоҷикистон ва пешрафти он, содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа мушкилотҳои мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ бартараф шуда, зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA