Дар кори ҷаласа сардори Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳисоббарии актуарии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрединов Шуҳрат Ятимович, сардори шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Назаров Изатулло, сардори Раёсати Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин, инчунин муовинони сардори Раёсат, сардорони раёсат дар якҷоягӣ бо сардорони шӯъбаҳои таъиноти нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ, иштирок доштанд.
Рӯзномаи ҷаласа:
1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли 2019.
Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода С.А. ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласа меҳмононро муаррифӣ карда, ба иштирокчиён рӯзномаи ҷаласаро шинос намуда, барои баррасӣ ба ҳозирин пешниҳод намуд.
Вобаста ба масъалаи рӯзнома, маърузаи муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи тарҳрезии буҷет, таҳлили талаботи нафақа ва кумакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Шамсзода Шарифхон Амирхон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли 2019” шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1 апрели соли 2019 - 241085 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 295,74 сомонӣ баробар мебошад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии нафақа, ин дар доираи ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ, маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад.
Бо мақсади таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ то 1 апрели соли 2019 ба андозаи 141428,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд.
Дар ин давра, иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобат гирифташуда ба андозаи 136388,4 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 96,4 %-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ нисбати нақшаи пешбинишуда 5040,1 ҳазор сомонӣ кам буда, сабаби асосии сари вақт таъмин нагардидани нафақаю кӯмакпулиҳои аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузоришаванда гардидааст.
Раёсати Агентии нафақаи вилоят бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст. Дар ин давра, ба нуқтаҳои ваколатдори «Амонатбонк» 211461,0 ҳазор сомонӣ нафақапули ҷудо шуд, ки нисбат ба талабот 8742,0 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Аз ҳисоби маблағҳои барои пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо ҷудогардида 1410,6 ҳазор сомониашро кӯмакпули барои гӯру чӯбпулии 1733 нафар нафақагир ташкил медиҳад, ки ба 0,6 фоизи талаботи нафақа баробар аст. Хароҷоти маблағ барои кӯмакпули барои гӯру чӯбпулӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,8 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Пардохти нафақапулиҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра тавассути кортҳои пластики ба роҳ монда шудааст.
Бо мақсади таҳти назорат гирифтани пардохти нафақа мутахассисони Раёсати Агентии нафақаи вилоят бо ҳамкории мутахассисони «Амонатбонк» тибқи нишондоди дастурамал «Оиди тартиби пешниҳоди талаботи нафақа ва тартиби пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо» аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида то 1 апрели соли 2019 зиёда аз 2545,5 ҳазор сомонӣ маблағи нафақаи нафақахурони фавтидаю кучбастаро, ба суратҳисоб баргардонидаанд.
Маблағҳои баргардонидашуда ба шаҳрҳои Бохтар - 99,3 ҳазор сомонӣ, Норак - 31,2, Кӯлоб - 170,0, Левакант - 21,1, ноҳияҳои Қубодиён - 142,3, Кӯшониён - 391,9, Ёвон - 114,1, Вахш - 87,9, Ҷ.Балхӣ - 266,5, А.Ҷомӣ - 88,6, Шаҳритуз - 51,8, Н.Хусрав - 16,6, Хуросон - 58,3, Данғара - 65,9, Панҷ - 135,6, Дӯстӣ - 76,9, Восеъ - 105,6, Ҳамадонӣ - 117,2, Ш.Шоҳин - 47,6, Фархор - 209,4, Темурмалик - 130,7, Ховалинг - 28,4, Муъминобод - 83,2 ва Балҷувон - 5,2 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Дар вилоят шумораи умумии нафақагирон то 1 апрели соли 2019 - 241085 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7935 нафар ё ин, ки 3,4 фоиз зиёд гардидааст.
Раёсати Агентии нафақаи вилоят раванди таъиноти нафақапулиҳоро таҳти назорати доими қарор дода, дархостҳои пешниҳод намудаи раёсату шӯъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди омӯзиши доимӣ қарор медиҳад.
Баъдан камбудию норасоиҳои дар фаъолияти раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мавҷудбуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷараёни муҳокима аввал аз сардорони раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои Вахш, Панҷ, Ҷайҳун, Данғара, Ш. Шоҳин ва шаҳри Кулоб нишондодҳои фаъолияташон ғайриқаноатбахш мебошанд, пурсишҳо гузаронида шуд.
Баъди пурсишҳо аз ҷониби сардори Раёсат оид ба камбудию норасоиҳои ҷойдошта, дар раёсату шуъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ба сардорони раёсату шуъбаҳо супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар фарҷом сардори Раёсати буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳисоббарии актуарӣ мӯҳтарам Насрединов Шуҳрат Ятимович, ба масъулини соҳаҳои дахлдори вилоятӣ дастур дод, ки минбаъд дар баромадҳои ҷамъбастӣ оид ба нафақаҳои имтиёзнок, ҷаримаҳо ва санҷишҳо маълумотҳои заруриро қайд намоянд.
Инчунин масъулини соҳаҳои дахлдори шаҳриву ноҳиявиро оид ба масъалаи муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки аз Федератсияи Руссия ворид мегарданд, дастур дода таъкид намуд, ки минбаъд муроҷиатҳоро дар муҳлатҳои муқарраргардида баррасӣ намоянд.
Қайд намуд, ки тибқи мактуби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рафти санҷиши фаъолияти сохторҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баъзе аз раёсату шӯъбаҳои АСИН дар ҷумҳурӣ, содиршавии қонунвайронкуниҳо: аз ҷумла ҳолатҳои ба таври дахлдор иҷро нагардидани вазифаҳои хизматӣ дар соҳаи таъминоти нафақа, нодуруст ҳисоб намудани андозаи нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ, бо роҳи сохтакорӣ ва қаллобӣ азонихудкунии маблағҳои нафақа, риоя накардани шартҳои таъини нафақаи суғуртавӣ ва давлатӣ, дар доираи талаботи қонунгузорӣ баррасӣ накардани муроҷиатҳои шаҳрвандон оид ба таъмини нафақаи иҷтимоӣ, сари вақт қатъ накардани пардохти нафақахӯрони маъюбе, ки вазъи саломатиашон барқарор гардидааст ошкор намуданд.
Чунончи, муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Қубодиён Алиев Исмоил аз ваколатҳои хизматии худ суиистифода карда, ҷиҳати ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои таъини нафақаии шаҳрванд Иброҳимов Р., сокини деҳаи Гулистон, ҷамоати деҳоти Тахти Сангини ҳамин ноҳия моҳи сентябри соли 2018 ба сифати пора маблағи 150 сомонӣ талаб карда мегирад ва нисбаташ бо моддаи 319 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.
Ҳамчунин аз тарафи сардори Раёсат Мусозода С.А. ба сардорони раёсату шӯъбаҳои АСИН дар вилоят дастур дода шуд, ки минбаъд фаъолияти ҳамаи кормандонашонро таҳти назорат қарор диҳанд. Инчунин ба ноҳияҳои Вахш, Хуросон, Фархор, Восеъ, Кӯшониён ва шаҳри Норак, ки талаботи моҳонаро оиди маблағгузории нафақа сари вақт пешниҳод накардаанд таъкид намуд, ки талаботро дар вақташ пешниҳод намоянд, дар ҳолати сари вақт пешниҳод накардани талаботи моҳона дар мӯҳлатҳои муқарраргардида, нисбати онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешавад.
Ба бахши аудити дохилии Раёсат супориш дода шуд, ки оид ба маблағҳои бозпаснашудаи нафақахӯрони фавтида, кӯчбаста, ки аз филиали бонки Амонатгузории ноҳияи Ҷайҳун дар давоми моҳҳои январ, феврал ва март ягон маблағ ба суратҳисоби Агентӣ ворид нашудааст, дида бароянд.
Дар охир сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагон саломатӣ ва дар фаъолияти кориашон бурдбориҳоро таманно намуд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA