16 июли соли 2019 ҷаласаи кории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ мӯҳтарам Давлатов Доробшо Файзимадович, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мӯҳтарам Назаров Изатулло, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин, сардорони раёсат ва сардорони шӯъбаҳои таъиноти нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ, иштирок доштанд.
Рӯзномаи ҷаласа:
Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли 2019.
Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафаќаи назди Њукумати Ҷумњурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода С.А. ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласаи корӣ мењмононро муаррифӣ карда, рӯзномаи ҷаласаи кориро шинос намуда, барои баррасӣ ба ҳозирин пешнињод намуд.
Баъдан сухан ба сардори Раёсати аудити дохилӣ ва назорати молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Давлатов Доробшо дода шуд, ки оид ба масъалаи тағйироти кадрӣ, ки аз ҷониби Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст ҳозиринро шинос намуд:
Шамсзода Шарифхон Амирхон - бо Фармоиши Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июли соли 2019, таҳти №46 аз вазифаи муовини сардор - сардори шӯъбаи тарҳрезии буҷет, таҳлили талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 16-уми июли соли 2019 озод карда шуда, ба вазифаи муовини сардори Раёсат - сардори шуъбаи таъиноти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъин карда шуд.
Шоев Султон Сафарович - бо Фармоиши Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми июли соли 2019, таҳти №47 ба вазифаи иҷрокунандаи муовини сардор - сардори шуъбаи тарҳрезии буҷет, таҳлили талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 16-уми июли соли 2019 таъин карда шуд.
Сипас вобаста ба масъалаи рӯзнома, маърузаи муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Абдуллозода Раҳматулло Абдулло “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон дар 6 моҳи соли 2019” шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар вилояти Хатлон ба ҳолати 01.07 соли 2019 - 244632 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 294,32 сомонӣ баробар мебошад.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии нафақа, ин дар доираи ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад.
Бо мақсади таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ дар 6 моҳи соли 2019 ба андозаи 289,9 млн сомонӣ пешбини шуда буд.
Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо баинобатгирифташуда ба андозаи 281,2 млн сомонӣ таъмин гардид, ки 97,0%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Гарчанде дар вилоят иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ дар моҳи июни соли равон барзиёд (101,6 фоиз) таъмин гардида бошад, ҳам маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ нисбати нақшаи пешбинишуда дар 6 моҳи соли равон 8,7 млн сомонӣ кам буда, сабаби асосии саривақт таъмин нагардидани нафақаю кӯмакпулиҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузоришаванда гардидааст.
Қайд кардан лозим аст, ки маблағҳои воқеан воридшудаи андози иҷтимоӣ ба суратҳисоби Агентии нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 27,1 млн сомонӣ ё ин ки 11,4 % зиёд мебошад.
|
Воридот |
Воридот |
Натиҷа |
|
|
дар 6 моҳи соли |
дар 6 моҳи соли |
|
|
|
2019 (25%+20%) |
2018 (25%+20%) |
(+, -) |
фоиз |
Ҳамагӣ дар вилоят: |
263524,6 |
236460,0 |
27064,6 |
11,4 |
Дар 6 моҳи соли 2019 рафти ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят бениҳоят ташвишовар буд.
Натиҷа ин аст, ки дар вилоят ба ғайр аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Ҷ.Балхӣ, Н-Хусрав, Хуросон, Данғара, Норак, Кулоб, Темурмалик, Ховалинг, Ш-Шоҳин ва Балҷувон дигар шаҳру ноҳияҳо нақшаи пешбинишударо таъмин карда натавонистанд.
Аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳое, ки иҷрои нақшаро дар 6 моҳи соли равон таъмин накардаанд ба буҷети Агентии нафақаи вилоят 15,6 млн сомонӣ ворид нагардидааст.
Новобаста аз мушкилиҳои бавуҷудомада Раёсати Агентии нафақаи вилоят то санаи 11-уми июли соли 2019 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст. Дар ин давра ба нуқтаҳои ваколатдори «Амонатбонк» 417,2 млн сомонӣ нафақапули ҷудо намуд, ки нисбат ба талабот 7,2 млн сомонӣ кам мебошад.
Дар вилоят қарзи нафақа 7,2 млн сомониро ташкил медиҳад, аз ҳисоби иҷро нагардидани нақшаи андози иҷтимоӣ ва пурра ҷудо нагардидани маблағҳои кумакӣ молиявии Агентии нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд омадааст.
Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудогардида 183,3 млн сомониашро кумаки молиявии Агентии нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки ба 43,9 фоизи талаботи нафақа баробар аст.
Пардохти нафақапулиҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра тавассути корти пластикӣ амалӣ карда шудааст.
Бо мақсади таҳти назорат гирифтани пардохти нафақа мутахассисони Агентии нафақаи вилоят бо ҳамкории мутахассисони «Амонатбонк» тибқи нишондоди дастурамал «Оиди тартиби пешниҳоди талаботи нафақа ва тартиби пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо» аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида дар 6 моҳи соли 2019 зиёда аз 4,7 млн сомонӣ маблағи нафақаи нафақахурони фавтидаю кӯчбаста ва инчунин зиёда аз 4 моҳ амалиёт нагузаронидаро ба суратҳисоб баргардонид.
Дар асоси маълумотҳое, ки аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” пешниҳодгардида буд, ба ҳолати 15 майи соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар 8780 ҳолат дар суратҳисоби нафақагирон, ки зиёда аз 4 моҳ амалиёт гузаронида нашудааст, ба маблағи 2 млн 633 ҳазор сомонӣ маблағҳо дар суратҳисоби корти бонкиашон нигоҳ дошта шуда буд, ки ҳангоми таҳлили руйхатҳои пешниҳодгардида дар 7927 ҳолат ба маблағи 2 млн 61 ҳазор сомонӣ маблағ ба суратҳисоби Агенти бозпас гардида, 633 нафар нафақагир ба маблағи 703,9 ҳазор сомонӣ нафақаашонро гирифтанд.
Раёсати Агентии нафақаи вилоят раванди таъиноти нафақапулиҳоро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дархостҳои пешниҳод намудаи раёсату шӯъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди омӯзиши доимӣ қарор медиҳад.
Баъдан камбудию норасоиҳои дар фаъолияти раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон мавҷудбуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷараёни муҳокима аввал аз сардорони раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳое, ки нишондодҳои фаъолияташон суст мебошанд, пурсишҳо ба амал оварда шуд.
Баъди пурсишҳо аз ҷониби сардори Раёсат Мусозода Саймумин, ба сардорони раёсату шӯъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дода таъкид карда шуд, ки минбаъд фаъолияти кориашон боз њам хубтару бењтар ба роњ монда шавад. Инчунин ба сардорони раёсату шуъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки то ҷамъбасти оянда ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA