
Дар арафаи таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 августи соли 2019 Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек якҷоя бо Раиси вилояти Хатлон Ҳакимзода Қурбон ва раиси ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияро мавриди истифода қарор доданд.
Сохтмони бинои мазкур моҳи августи соли 2017 оғоз гардид. Бино аз 2 ошёна ва бойгонӣ барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии инфиродӣ иборат буда, дар ошёнаи якум ҷиҳати хизматрасонии нафақагирон 2 толор ҷойгир шудааст ва дар ошёнаи дуюм утоқҳои корӣ бо таҷҳизотҳои муосир, аз ҷумла технологияи компютерӣ ва шабакаи Интернет муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Директори Агентӣ Давлатзода Д. зимни ифтитоҳи бинои нав кормандони Раёсатро барои хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ҳидоят намуданд.


вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA