You are here

Ҷамъбасти фаъолияти кории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нӯҳ моҳи соли корӣ

9 октябри соли 2019 ҷаласаи кории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.

         Дар ҷаласа иштирок  доштанд:  сардори шӯъбаи назорати таъин ва пардохти нафақавии Раёсати назорати таъину пардохти нафақа ва андӯхти нафақавӣ мӯҳтарам Ғайратов Ҷамшед Улфатович ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мӯҳтарам Назарзода Изатулло, инчунин муовинони сардори Раёсат, сардорони раёсат ва   сардорони шӯъбаҳои таъиноти нафақаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кулоб ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ.

 

 

                                       РӮЗНОМАИ ҶАЛАСА:

 

        1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 9 моҳи соли 2019.

Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ, ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласа меҳмононро муаррифӣ карда, тибқи тартиб ба иштирокчиён рӯзномаи ҷаласаи кориро, ки иборат аз як масъала пешниҳод шуда буд, шинос намуда, барои баррасӣ ба ҳозирин пешниҳод кард.

Вобаста ба масъалаи рӯзнома, маърузаи муовини сардори Раёсат – сардори шуъбаи тарҳрезии буҷет, таҳлили талаботи нафақа ва кумакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Сафарзода Султон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон дар        9 моҳи соли 2019” шунида шуд.

Қайд гардид, ки Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро тибқи талаботҳои Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда инчунин дар 9 моҳи соли 2019 ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1 октябри соли 2019-ум 242534 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи умумии нафақагирон 73,2 млн. сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 291,61 сомонӣ баробар мебошад.

Яке аз самтхои асосии фаъолияти Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақа, ин дар доираи ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад.

Бо мақсади таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо дар вилоят  нақшаи андози иҷтимоӣ то 1 октябри соли 2019 ба андозаи 446 млн. 594,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобатгирифташуда ба андозаи 421 млн. 043,2 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 94,3 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ нисбати нақшаи пешбинишуда 25 млн. 550,9 ҳазор сомонӣ кам буда, сабаби асосии сари вақт таъмин нагардидани нафақаю кӯмакпулиҳои аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузоришаванда гардидааст.

Кайд кардан лозим аст, ки маблағҳои вокеан воридшудаи андози иҷтимоӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 млн. 023,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 8,2 фоиз зиёд мебошад.

Раёсати Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи вилоят  то 7-уми октябри соли 2019 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст. Дар ин давра ба нуқтаҳои ваколатдори «Амонатбонк» 610 млн. 866,5 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо гардидааст.

Аз ҳисоби маблағҳои барои пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо ҷудогардида 4 млн. 621,8 ҳазор сомониашро кӯмакпулӣ барои гуру чубпулии  5307  нафар нафақагир ташкил медихад.

Бояд тазаккур дод, ки хароҷоти маблағи кӯмакпулӣ барои гуру чубпулӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 523,1 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Бояд қайд намоем, ки пардохти нафақапулиҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра тавассути корти пластикӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар асоси маълумотҳое, ки аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории   Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” пешниҳод гардида буд, бо мақсади таҳти назорат гирифтани пардохти нафақа мутахассисони Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақаи вилоят бо ҳамкории мутахассисони  «Амонатбонк» тибқи нишондоди дастурамал «Оиди тартиби пешниҳоди талаботи нафақа ва тартиби  пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо» аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида то 1 октябри соли 2019 зиёда аз 7 млн. 991,4 ҳазор сомонӣ маблағи нафақаи нафақахӯрони фавтидаю кучбаста ё зиёда аз чор моҳ корти пластикияшонро истифода набурданд ба суратҳисоб баргардонида шуд.

Дар вилоят шумораи умумии нафақагирон то 1 октябри соли 2019 - 242534 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7008 нафар ё ин ки 2,9 фоиз зиёд гардидааст.

Ба сардорони раёсату шӯъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки минбаъд фаъолияти ҳамаи кормандонро таҳти назорат қарор диҳанд. Инчунин, ба сардорони раёсату шӯъбаҳое, ки нишондодҳои фаъолияташон паст ва ғайриқаноатбахш буданд, мӯҳлат дода шуд, ки то ҷамъбасти оянда барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар охир сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони ҷаласаи саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъдаашон бурдбориҳоро таманно намуданд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA