You are here

Ҷамъбасти фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон дар соли 2019

             9 январи соли 2020 ҷаласаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид, ки он намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Назаров Изатулло, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин, инчунин муовинони сардори Раёсат, сардорони раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ.

 

 

                                       РӮЗНОМАИ ҶАЛАСА:

 

1. Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 26-уми декабри соли 2019 ироагашта.

2. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2020.

 

Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ оғоз намуда, ба иштирокчиёни ҷаласаи корӣ меҳмононро муаррифӣ карда, ба ҳозирин рӯзномаи ҷаласаро пешниҳод кард.

Вобаста ба масъалаи рӯзномаи якуми ҷаласаи корӣ дар бораи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромади ҳуқуқшинос Мирзоев Д.С. шунида шуд.

Чихеле, ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 26-уми декабри соли 2019 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа карда шуд, ки он самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуд.

          Воқеан, ҳам дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Сарвари давлат ҳамчунин дар Паёми хеш ба масъалаҳои рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиву иҷтимоӣ, бахшҳои истеҳсолӣ, афзоиши аҳолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, об, роҳ, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайраҳо мушаххасан суханронӣ намуданд.

Президенти мамлакат, роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат, сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

Инчунин ҳар як кормандони соҳаҳоро вазифадор намуд, ки дар давоми як сол на камтар аз панҷ китобҳои бадеиро мутолиа намоянд.

Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ҳамаи маъсулияту маром ва кору пайкори худро баҳри сазовор таҷлил намудани ин ҷашни муқаддаси миллӣ равона менамоянд. Ин нуқта дар Паёми Пешвои миллат махсусан зикр гардида, даъват ба амал оварда шуд, ки мо бояд ба тақвият бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, тарғиби ғояҳои истиқлолият, муаррифии дастовардҳои шоистаи миллӣ, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро сазовор истиқбол намоем.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дар соли 2013, 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил медод, ки он дар соли 2020, ба 3,2 миллиард сомонӣ пешбини гардида, дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад.

Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯрон, аз ҷумла 148 ҳазор маъюбон, 5277 нафар ятимони кулл ва 74 ҳазор нафар ятимон зери сарпарастии давлат қарор доранд.

        Дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18-сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд ва ба онҳо дар асоси Қонун “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50% зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

        Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад. Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15% зиёд карда шаванд.

Мо бояд дар оянда низ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал кӯмаки ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи худ донем.

Доир ба масъалаи рӯзномаи дуюми ҷаласа дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи  иҷтимоӣ ва нафақаи   дар вилояти Хатлон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи аввали соли 2020 маърӯзаи муовини сардори Раёсат – сардори шӯъбаи тарҳрезии буҷет, таҳлили талаботи нафақа ва кӯмакпулиҳои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Сафарзода Султон шунида шуд.

Қайд гардид, ки Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро дар соли 2019 тибқи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ мондаанд.

Дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1 январи соли 2020-ум 249260 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудааст, ки маблағи умумии нафақагирон 75,5 млн. сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 291,89 сомонӣ баробар мебошад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ин дар доираи ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад.

Бо мақсади таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ то 1 январи соли 2020 ба андозаи  620 млн. 547,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобат гирифташуда ба андозаи 577 млн. 135,3 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 93% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ нисбати нақшаи пешбинишуда  43 млн. 412  ҳазор сомонӣ кам буда, сабаби асосии сари вақт таъмин нагардидани нафақаю кӯмакпулиҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузоришаванда гардидааст.

Қайд кардан лозим аст, ки маблағҳои воқеан воридшудаи андози иҷтимоӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 млн. 463,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 6,9% зиёд мебошад.

 Вобаста аз мушкилиҳои бавуҷудомада Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят то 1-уми январи соли 2020 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст.

Дар ин давра ба нуқтаҳои ваколатдори «Амонатбонк»  865 млн. 476,9 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо гардид, ки пардохти нафақапулиҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра тавассути корти пластикӣ ба роҳ монда шудааст.

Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудогардида 330,7 млн сомониашро кӯмаки молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби маблағҳои барои пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо ҷудогардида 6 млн. 108,4 ҳазор сомониашро кӯмакпулӣ барои гӯру чӯбпулии 6968 нафар нафақагир ташкил медиҳад, ки маблағи кӯмакпулӣ барои гӯру чӯбпулӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 692,6 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар вилоят нақшаи андози иҷтимоии инфиродӣ  (1%) то 1 январи соли 2020 ба андозаи 21 млн. 156,6 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки иҷрои нақшаи андози иҷтимоии инфиродӣ ба андозаи 21 млн 168,2 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 100,1% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Дар вилоят шумораи умумии нафақагирон то 1 январи соли 2020 – 249260 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта            9346 нафар ё ин, ки 3,9 % зиёд гардидааст.

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят раванди таъиноти нафақапулиҳоро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дархостҳои пешниҳоднамудаи раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди омӯзиши доимӣ қарор медиҳад.  

Баъдан камбудию норасоиҳои дар фаъолияти раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи дар вилояти Хатлон мавҷудбуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

          Баъди пурсишҳо аз ҷониби сардори Раёсат Мусозода Саймумин ба сардорони раёсату шӯъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода, таъкид карда шуд, ки минбаъд фаъолияти ҳамаи кормандонашонро таҳти назоратӣ доимии худ қарор диҳанд. Инчунин ба сардорони раёсату шӯъбаҳое, ки нишондодҳои фаъолияташон пасттарин ва ғайриқаноатбахш буданд, мӯҳлат дода шуд, ки то ҷамъбасти оянда камбудию норасоиҳои ҷойдоштаашонро бартараф намуда, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар фарҷом сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони ҷаласаи корӣ саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъдаашон бурдбориҳо орзу намуданд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA