You are here

Ҷаласаи корӣ бо иштироки нозири калони Шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молияӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Санаи 6-уми марти соли 2020 бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ бо иштироки нозири калони Шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молияӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Шоҳиён Ҳокимҷон Шоҳ баргузор гардид.

Вобаста ба масъалаи мазкур муҳтарам Шоҳиён Ҳокимҷон Шоҳ баромад карда, қайд намуд, ки Стратегияи муқовимат бо коррупсия яке аз ҳуҷҷатҳои муҳими давлатӣ ба шумор меравад, ки риояи талаботҳои он барои ҳамаи мо ҳатмӣ мебошад.

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд намуда буданд, ки “Фаромуш набояд кард, ки мубориза бо коррупсия ин танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди кишварамон бояд бетараф набошад”.

Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷиноятӣ вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст.

Рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат бо коррупсия гардида, барои ҳалли он тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Моро зарур аст, ки оид ба дарки моҳият ва ҳадафҳои Стратегияи мазкур дар байни кормандон барои боз ҳам баланд бардоштани маданияти онҳо корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат диҳем, ҳамчунин барои интихоби дуруст, ҷобаҷогузории кадрҳо ва таъини намудани мутахассисони болаёқату поквиҷдон дар мансабҳои хизмати давлатӣ диққати аввалиндараҷа диҳем.

Ҳозирини гиромӣ, ҳамаи мо уҳдадорем, ки баҳри иҷрои талаботҳои қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми воситаҳои мавҷудбуда, самаранок истифода барда, нагузорем, ки коррупсия дар ҷомеа мо решаи худро мустаҳкам намояд.

Агар ҳамаи мову Шумо ба хотири ободии Ватани азизамон Тоҷикистон ва пешрафти он, содиқонаву садоқатмандона заҳмат кашем, бешубҳа мушкилотҳои мавҷуда дар як муддати кӯтоҳ бартараф шуда, зиндагии осудаи ҳар як шаҳрванди кишварамон таъмин мегардад.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA