You are here

Наврӯз муборак, ҳамдиёрони азиз!

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ истиқбол намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ҳудуди Раёсат ва гирду атрофи он шинондани ниҳолҳои ороишӣ ва гулу гулбуттаҳо мунтазам ба роҳ монда шудааст, ки ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.

Дар бинои Раёсат, бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ шиору овезаҳои Наврӯзӣ насб карда шуданд. Инчунин бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо мақсади дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ санаи 20-уми марти соли 2020 аз тарафи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон ба суратҳисоби Филиали ташкилоти ҷамъияти «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон»-и шаҳри Бохтар ба маблағи 100 сомонӣ, ба суратҳисоби Филиали ташкилоти ҷамъияти «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» дар ноҳияи Қубодиён ба  маблағи 100 сомонӣ, ба суратҳисоби Филиали ташкилоти ҷамъияти «Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба маблағи 100 сомонӣ ва ба суратҳисоби Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон Ҷамъияти маъюбони ноҳияи Вахш ба маблағи 100 сомонӣ кӯмаки молиявии яквақтаина расонида шуд.

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон минбаъд низ чораҳои заруриро меандешад.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA