You are here

Семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯъи "Шарҳу тавзеҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми январи соли 2017, таҳти №34 “

     6 апрели соли 2020 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон семинар-машварати омӯзишӣ дар мавзӯъи "Шарҳу тавзеҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми январи соли 2017, таҳти №34 “Дар бораи тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо” баргузор гардид.                   

         Иштирок доштанд:  муовини сардори Раёсат Абдуллозода Р., кормандони бахши аудити дохилӣ ва назорати молиявӣ Фаттоев С. Таѓоев Љ. ва мутахассисони раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон.

Абдуллозода Р., ба ҳозирин рӯзномаи кориро, ки иборат аз як масъала пешниҳод гардида буд, шинос намуд. 

Баъдан, маърӯзаи мутахассиси пешбари бахши аудити дохилӣ ва назорати молиявии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Фаттоев С. оид ба шарҳу тавзеҳи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми январи соли 2017, №34  шунида шуд. Қайд карда шуд, ки тартиби мазкур мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» таҳия гардида, тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоиро барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда (профилактикӣ) дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо сарфи назар аз шакли моликияташон (минбаъд – корхонаҳо) муайян менамояд.

Меъёри хароҷоти маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда дар корхонаҳо ба андозаи 1,4% маблағи андози иҷтимоии воқеан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохтгардида, ки ба андозаи 25% дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст, муқаррар карда мешавад.

Корхонаҳо барои хароҷоти маблағҳои пешбининамудаи банди 2 Тартиби мазкур ҳисоби алоҳида мебаранд.

Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дар корхонаҳо чорабиниҳои зерин гузаронида мешаванд:

- харидории роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва муассисаҳои солимгардонию пешгирии бемориҳо барои кормандон;

- харидории роҳхатҳо ба лагерҳои кӯдаконаи тобистона барои фарзандони кормандон.

Маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ, ки дар корхонаҳо барои ташкили табобати  санаторию курортӣ, истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, гузаронидани чорабиниҳои солимгардонию пешгирикунанда хароҷот шудаанд, ҳамчун маблағҳои воқеан ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ воридгардида ҳисобида мешаванд.

Ташкили табобати санаторию курортӣ ва
истироҳат барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо

Ташкили чорабиниҳо оид ба табобати санаторию курортӣ ва истироҳат барои кормандон ва аъзои оилаи онҳо бевосита дар корхонаҳо аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон таъмин карда мешавад.

Ба табобати санаторию курортӣ ва истироҳат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кормандоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд ва барои онҳо корфармо саҳмҳои суғуртавиро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба суғуртаи иҷтимоӣ пардохт намудааст, инчунин аъзои оилаи онҳо, ҳуқуқ доранд.

Аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ харидории роҳхатҳо барои кормандон ё аъзои оилаи онҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдаконаи дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ки иҷозатнома ва сертификати мутобиқат барои фаъолияти худ доранд, иҷозат дода мешавад.

Маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоие, ки аз ҷониби корхонаҳо барои харидории роҳхатҳо барои кормандон ё аъзои оилаи онҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона, муассисаҳои солимгардонию пешгирикунандаи дар қаламрави дигар давлатҳо ҷойгиршуда, инчунин ба муассисаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодагардида, ки дорои иҷозатнома ва сертификати дахлдор барои фаъолияти худ намебошанд, барои ҳисоббаробаркунӣ қабул карда намешаванд.

Харидорӣ ва тақсимоти роҳхатҳои
санаторияҳо, курортҳо ва лагерҳои тобистонаи
кӯдакона дар корхонаҳо

Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандони корхона аввали ҳар сол, бо дарназардошти теъдоди кормандон ва аъзои оилаи онҳо, нақшаи солонаи ба семоҳаҳо тақсимшударо оид ба харидорӣ ва тақсимоти роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдакона тартиб медиҳад.

Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба кормандон дар ду сол як маротиба дар асоси аризаи пешниҳодкардаи онҳо, бо замима намудани хулосаи муассисаи ваколатдори тиббӣ ва риояи навбат бо пардохт намудани 70 фоизи арзиши он, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии корхона ва 30 фоиз аз ҳисоби худи корманд, аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандони корхона дода мешаванд.

Роҳхатҳо барои кормандон ба санаторияҳо, курортҳо ва истироҳатгоҳҳо ба муҳлати на зиёда аз 12 рӯз дода мешаванд. Роҳхатҳо ба лагерҳои тобистонаи кӯдакона бошанд, барои фарзандони кормандон, ки синнашон аз 7 то 14-сола мебошанд, ба муҳлати на зиёда аз 15 рӯз дода мешаванд.

Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда аз ҷониби кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандони корхона бо тартиби муқарраргардида аз мақомоти ваколатдор оид ба паҳн намудани онҳо харидорӣ карда мешаванд.

Дар сурати нокифоя будани маблағи корхона барои харидории роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда маблағи арзиши онҳо метавонад қисман (на зиёда аз 50 фоиз) аз ҷониби худи кормандон бо роҳи бевосита ба мақомоти ваколатдоре, ки роҳхатҳо аз он харидорӣ мегарданд, пардохта шавад. Маблағи боқимондаи арзиши роҳхат аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоии корхона пардохт карда мешавад.

Дар роҳхате, ки ба корманд дода мешавад, насаб, ном, номи падар ва инчунин ҷои кори ӯ дарҷ карда мешавад.

Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо, лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба кормандон ва ё аъзои оилаи онҳо аз ҷониби раиси кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии дахлдори кормандони корхона имзо шуда, бо муҳри онҳо тасдиқ мегардад. Дар корхонаҳое, ки кумитаи иттифоқи касаба ташкил карда нашудаанд, роҳхатҳо бо муҳри худи корхона тасдиқ карда мешаванд.

Роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдакона ва муассисаҳои солимгардонию пешгирикунанда ба корманд на дертар аз панҷ рӯз то оғози муҳлати амали он дода мешаванд.

Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи истифодабарии роҳхатҳо ба санаторияҳо, курортҳо, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои тобистонаи кӯдакона «талони бозгашт ба роҳхат», ки бо имзои роҳбари муассисаи табобатӣ ё солимгардонӣ ва муҳри муассиса тасдиқ шудааст, маҳсуб меёбад.  (баромад замима мегардад).

Дар охир муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Абдуллозода Р. кормандони масъули раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дода, таъкид намуд, ки фаъолияташонро дар ин самт ҷонок намояд то ин, ки ба камбудиҳо роҳ надиҳанд, ҳамчунин ба ҳамаи ҷамъомадагони ҷаласаи корӣ саломатӣ ва дар фаъолияти минбаъдаашон бурдбориҳоро орзу намуд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA