Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро дар семоҳаи аввали соли 2020 тибқи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ин дар доираи ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад.
Новобаста аз мушкилиҳои бавуҷудомада Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят то 1-уми апрели соли 2020 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст. Дар ин давра ба нуқтаҳои ваколатдори «Амонатбонк» 164 млн. 105,6 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо гардид.
Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудогардида 67,9 млн. сомониашро кўмаки молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Аз ҳисоби маблағҳои барои пардохти нафақаю кўмакпулиҳо ҷудогардида 1 млн. 479,4 ҳазор сомониашро кўмакпулӣ барои гўру чўбпулии 1680 нафар нафақагир ташкил медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки хароҷоти маблағи кўмакпулӣ барои гўру чўбпулӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 68,8 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Дар асоси маълумотҳои аз ҷониби Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” пешниҳодгардида, мутахассисони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят дар ҳамкорӣ бо мутахассисони «Амонатбонк» тибқи нишондоди дастурамал «Оиди тартиби пешниҳоди талаботи нафақа ва тартиби пардохти нафақаю кўмакпулиҳо» аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида, то 1-уми апрели соли 2020-ум зиёда аз 1 млн. 719,8 ҳазор сомонӣ маблағи нафақаи нафақахўрони фавтидаю кӯчбаста ва зиёда аз чор моҳ корти пластикияшонро истифода набурдаро ба суратҳисоб баргардониданд. Пардохти нафақапулиҳо дар вилоят пурра тавассути корти пластикӣ ба роҳмонда шудааст.
Теъдоди умумии нафақагирон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1-уми апрели соли 2020 - 250910 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9825 нафар ё ин, ки 3,9% зиёд гардидааст.
Маблағи умумии нафақагирон 75,3 млн. сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 290,53 сомонӣ баробар мебошад.
Дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 52360 нафарро ё ин, ки 21,1% нафақагиронро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2015 нафар зиёд гардидааст.
Нафақагирони маъюб дар як моҳ 14,6 млн. сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 278,08 сомонӣ баробар аст.
Аз шумораи умумии маъюбон 5187 нафарашон маъюбони гурўҳи якум, 24080 нафарашон маъюбони гурўҳи дуюм ва 12119 нафарашонро маъюбони гурўҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кўдакӣ то 18-сола дар вилоят 10974 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 244,73 сомониро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» дар Раёсат корҳои зиёде ба иҷро расонида шудааст, яъне дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то 30-уми марти соли 2020 пурсиши хонаводагии нафақахӯрон гузаронида шуд.
Аз шумораи умумии нафақахӯрон 246591 нафарашон аз пурсиши хонаводагӣ гузаштанд, ки дар натиҷа 1781 нафарашон фавтидаанд, 373 нафарашон дар дохили кишвар кӯч бастаанд, 45 нафарашон барои истиқомати доимӣ берун аз Тоҷикистон кӯч бастаанд ва 285 нафарашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.
Дар қайди раёсату шўъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 688 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 216,70 сомонӣ баробар аст.
Шумораи маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 дар вилоят 59 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 931,92 сомонӣ баробар аст.
Айни замон дар вилоят 83815 нафар шаҳрвандон гирандагони нафақаи суғуртавӣ мебошанд, ки ба онҳо дар як моҳ 20,5 млн. сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда мешавад. Ҳисоби миёнаи нафақаи суғуртавӣ дар вилоят 244,21 сомониро ташкил медиҳад, ки 69,56 сомонӣ нисбат ба нафақаҳои дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» кам мебошанд.
Дар се моҳи авали соли 2020 аз тарафи раёсату шўъбаҳои Агентии нафақа дар вилоят ба 3845 нафар нафақаи суғуртавӣ таъин гардидааст. Инчунин дар ин давра ба 1685 нафар нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст.
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят раванди таъиноти нафақапулиҳоро таҳти назорати доимӣ қарор дода, дархостҳои пешниҳоднамудаи раёсату шўъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди омўзиши доимӣ қарор медиҳад.
Дар семоҳаи якуми соли 2020 аз тарафи шаҳрвандон ба унвонии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят 2 адад аризаи хаттӣ ва 11 адад муроҷиати шифоҳӣ ворид шудааст, ки ҳамаи онҳо мавриди омўзиш қарор дода шуда, ба муроҷиаткунандагон саривақт ҷавобҳои мушаххас ва қонеъкунанда гардонида шудааст.
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо раёсату шўъбаҳои Агентӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят нишондодҳои семоҳаи якуми соли 2020-ро ҳаматарафа таҳлил намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудию норасоиҳо ва саривақт таъмин намудани нафақаи нафақахўрон минбаъд низ тамоми чораҳоро меандешад.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA