You are here

Пешгирии бемории коронавирус

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 30 апрели соли 2020 дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии бемории коронавирус (COVID-19) баён доштанд, як қатор тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуд.

Вобаста ба пешгирии бемории коронавирус бо фармоиши сардори Раёсат аз 8-уми апрели соли 2020, таҳти №4 ҳайати ситод ва Нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шудаанд, ки дар асоси он ҳайати ситоди Раёсат фаъолият намуда истодааст. Аз ҷониби ситод барои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус корҳои санитарию эпидемиологӣ ба роҳ монда шуда, лавҳаю овезаҳо ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ насб гардонида шуда, инчунин зимни корҳои фаҳмонидадиҳӣ талаботҳоеро, ки дар барқияномаи фаврӣ аз 04.05.2020, таҳти №3/14-349 оид ба пешгирии ин беморӣ дарҷ гардида буданд, мунтазам фаҳмонидадиҳӣ намуда истодаанд.

Ҳайати ситод дар маҳали ҷойгиршавии Раёсат шаҳри Бохтар, кӯчаи Дӯстии Халқҳо ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии бемории мазкур суҳбату вохӯриҳо бо усули “хона ба хона” баргузор намуда истодаааст.

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилояти Хатлон оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID-19) тадбирҳои заруриро минбаъд низ роҳандозӣ менамояд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA