You are here

14 июли соли 2020 ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шаш моњи соли равон гузаронида шуд.

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро дар шаш моҳи соли 2020 тибқи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда, корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии суғуртаи ичтимоӣ ва нафақа, ин ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ ва маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад.

Бо мақсади таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ то 1-уми июли соли 2020 ба андозаи 320 млн. 554,5 азор сомонӣ пешбинӣ шуда буд.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобат гирифташуда ба андозаи 271 млн. 458,3 азор сомонӣ таъмин гардид, ки 84,7% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ нисбати нақшаи пешбинишуда 49 млн. 096,2 азор сомонӣ кам буда, сабаби асосии саривақт таъмин нагардидани нафақаю кӯмакпулиҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузоришаванда гардидааст. Маблағҳои воқеан воридшудаи андози иҷтимоӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9 млн. 786,1 азор сомонӣ, ё ин ки 3,6% кам мебошад.

Дар шаш моҳи соли 2020 рафти ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ дар шаҳру ноияҳои вилоят бениҳоят ташвишовар буд.

Натиҷа ин аст, ки ба ғайр аз ноҳияҳои Носири Хусрав, Дӯстӣ, Темурмалик, Ховалинг ва Балҷувон дигар шаҳру ноҳияҳо аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи пешбинишуда баромада натавонистанд.

Новобаста аз мушкилиҳои бавуҷудомада Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят то 22-юми июли соли 2020 бо дастгирии бевоситаи робарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҳумурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст.

 Дар ин давра ба нуқтаҳои ваколатдори «Амонатбонк» 420 млн. 350,8 азор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо гардид.

Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудогардида 171 млн. сомониашро кӯмакӣ молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ташкил медиад.

Теъдоди умумии нафақагирон дар вилоят ба ҳолати 1-уми июли   соли 2020 - 253975  нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9343 нафар ё ин, ки 3,7% зиёд гардидааст.

Маблағи умумии нафақагирон да як моҳ 75,9 млн. сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 289,68 сомонӣ баробар мебошад.

  Дар асоси маълумотҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”,  мутахассисони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят дар ҳамкорӣ бо  «Амонатбонк» тибқи нишондоди дастурамал «Оиди тартиби пешниҳоди талаботи нафақа ва тартиби пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо» аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида, то 1 июли соли 2020 зиёда аз 3 млн. 603,1 ҳазор сомонӣ маблағи нафақаи нафақахӯрони фавтидаю кӯчбаста ва зиёда аз чор моҳ корти пластикияшонро истифода набурда ба суратҳисоб баргардонида шуданд.

Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят раванди таъиноти нафақапулиҳоро таҳти назорат гирифта, дархостҳои пешниҳоднамудаи раёсату шӯъбаҳои нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоятро мавриди омӯзиш қарор медиҳад.

Дар вилоят нақшаи андози иҷтимоии инфиродӣ (1%) то 1-уми июли соли 2020 ба андозаи 11 млн. 020,9 азор сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоии инфиродӣ ба андозаи 10 млн. 416,3 азор сомонӣ таъмин гардид, ки 94,5% нақшаро ташкил медиҳад.

Бақияи қарзи андози иҷтимоӣ мувофиқи маълумотҳои фаврӣ нишондоди ҳисоботҳо то 1-уми апрели соли 2020 – 4 млн. 005,9 ҳазор сомониро ташкил медиаҳд, ки нисбат ба ҳисоботҳои пешниҳодгардида дар ҳамин давраи соли гузашта 213,9 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Рафти ҷамъоварии маблағҳо дар самти бартарафсозии бақияпулиҳои қарзи андози иҷтимоии (25%) низ корҳо суст ба роҳ монда шудааст. Бақияи қарзи андози иҷтимоӣ мувофиқи маълумотҳои фаврӣ нишондоди ҳисоботҳо то 1-уми апрели соли 2020 – 116 млн. 585 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳисоботҳои пешниҳодгардида дар ҳамин давраи соли гузашта 6 млн. 822 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

 Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят нишондодҳои шашмоҳаи соли 2020-ро ҳаматарафа таҳлил намуда, ҷиҳати бартарафсозии камбудию норасоиҳо ва саривақт таъмин намудани нафақапулиҳ чораҳо мушаххас меандешад.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA