Мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №1729 рӯзи 03 августи соли 2020, соати 11:00 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шашмоҳаи соли 2020 нишасти матбуотӣ гузаронида шуд.
Дар нишасти матбуотии мазкур 15 нафар журналистони рӯзномаҳои «Пайк», «Тоҷикистон», «ТВ-Тоҷикистон», «Радиои Ватан», «Садои Мардум», «ТВ-Баҳористон», «Радиои Хатлон», «Новый Хатлон», намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, «Asia Plus», «Фараж», «СССР», «ТВ-Ҷаҳоннамо», «Дустлик» ва «ТВ-Хатлон» иштирок намуданд.
Саволҳое, ки аз тарафи журналистон ба сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дода шуданд, ба онҳо ҷавобҳои мушаххас тибқи қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ гардонида шуд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA