
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду инкишофи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқи мамлакат, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва шинохти асолати миллӣ заминаи боэътимод гузошта, имкон фароҳам овард, ки дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ бузургтарин корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба анҷом расонида шавад.
Маҳз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мамлакат даст ба ҷабҳаи меҳнат ва ободкорӣ зада, дар зарфи 29 соли соҳибистиқлолӣ ба комёбиҳои назаррас ноил гардиданд.
Ин неъмати бузург баробари ба даст омадан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз насиб гардонид.
Тоҷикон дар масири таърих аз шебу фароз ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошанд, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ, забони ноби модарӣ, илму адабиёти оламгирашонро нигоҳ доштаанд.
Заковату хирадмандӣ, ватандӯстию хештаншиносӣ ва мардумсолории Пешвои муаззами миллат ва мардуми тоҷик буд, ки бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» Истиқлолият ба даст омад ва тӯли 29 сол аст, ки дар кишвар ҳукмфармо гардидааст.
Истиқлолият барои мо рамзи олии ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокорона, расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳувият, идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2020 бо дастгирии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раёсату шуъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда истодаанд.
Боварии комил аст, ки ҳамаи он сохтмонҳое, ки бо дастгирии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд, боиси дар оянда хуб гардидани фаъолияти соҳа гардида, баъди ба истифода додани онҳо ба пешрафти кори соҳа мусоидат менамояд.
Раванди бунёдкорию созандагӣ дар вилоят бо мароми баланди меҳнатӣ идома дорад, ки гувоҳи равшани ҳиммати созандаву бунёдкоронаи шаҳрвандон, бахусус соҳибкорон ва мардони бонангу номус, барои фардои ободу осуда ва таъмини зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои маҳбубу муаззами миллат буда, самараи сулҳу ваҳдат ва Истиқлолияти комили мамлакат ба ҳисоб меравад.
Дар пеш маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моро интизор аст. Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ буда, нишонаи олии давлатдорӣ мебошад. Боварии комил дорем, ки мардуми вилояти Хатлон аз ҷумла кормандони Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилоят ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар ин маърака иштироки фаъолона намуда, ба тарафдории номзади арзанда овоз медиҳанд ва саҳми муносиби худро дар пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз мегузоранд.
Бигузор роҳи кишвари соҳибистиқлоламон ба сӯйи ояндаи дурахшон, ба сӯйи пешрафту тараққиёт ҳамеша ҳамвору нурбор ва пур аз фатҳу зафарҳо бошад.
Таманно дорам, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша пойдор ва мардуми шарафманди Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаланду сарфароз бошад.
Сардори Раёсат ҳамаи кормандони соҳаро бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба онҳо сарбаландӣ, нерӯи тоза ва комёбиҳои нав ба навро орзу намуд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA