06 октябри соли 2020 ҷаласаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар љаласаи кории Раёсат намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Иноятов Неъмон, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Назарзода Изатулло ва муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Шамсзода Шарифхон Амирхон, инчунин сардорони раёсату шўъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кулоб ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ иштирок доштанд.
РӮЗНОМАИ ҶАЛАСА:
1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2020.
Ҷаласаи кориро муовини сардори Раёсати Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Љумњурии Тољикистон дар вилояти Хатлон Шамсзода Шарифхон Амирхон, ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласаи корӣ мењмононро муаррифї карда, ба ҳозирин рўзномаи ҷаласаи кориро баррасї намуд.
Вобаста ба масъалаи рўзномаи ҷаласа «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2020» маърӯзаи муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон шунида шуд.
Қайд намуд, ки Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи дар вилояти Хатлон фаъолияти худро тибќи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии Љумњурии Тољикистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришњои Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон, муњтарам Эмомалї Рањмон, Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќаи назди Њукумати Њумњурии Тољикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда, корњои муайянеро ба анљом расонид.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ин ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад.
Бо мақсади таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ (25%) дар нуҳ моҳи соли равон 467 млн. 387,4 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
Дар ин давра иҷрои нақша бо дарназардошти харољотњои дар ташкилоту корхонањо баинобат гирифташуда, ба андозаи 418 млн. 918,2 њазор сомонї таъмин гардид, ки 89,6 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ нисбати наќшаи пешбинишуда 48 млн. 469,2 њазор сомонї кам буда, сабаби сариваќт пардохт нагардидани нафаќаю кўмакпулињо аз њисоби маблаѓњои андози иљтимої маблағгузоришаванда гардидааст.
Ќайд кардан лозим аст, ки маблаѓњои воқеан воридшудаи андози иљтимої ба суратњисоби Агентии суѓуртаи иљтимої ва нафаќа нисбат ба њамин давраи соли гузашта 4 млн. 274,3 њазор сомонї ё ин, ки 1,1 фоиз кам мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли равон рафти ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ташвишовар буда, дар ин давра ба истиснои ноҳияҳои Ховалинг ва Балҷувон, нақшаи андози иљтимоиро дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят таъмин карда натавонистанд.
Аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳое, ки иҷрои нақшаро дар нуҳ моҳи соли равон таъмин накарданд, ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 48 млн. 469,2 ҳазор сомонӣ ворид нагардид.
Новобаста аз мушкилиҳои бавуҷудомада Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят то санаи 5-уми октябри соли 2020 бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии суғуратаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст. Дар ин давра ба нуқтаҳои ваколатдори “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 627 млн. 197,9 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо гардид, ки нисбат ба талабот 51 млн. 222,3 ҳазор сомонӣ кам аст.
Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудогардида 309,9 млн. сомониашро кӯмаки молиявии Агентии суғуратаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки ба 45,6 фоизи талаботи нафақа баробар аст.
Теъдоди умумии нафақагирон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1-уми октябри соли 2020 – 251976 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9442 нафар ё ин, ки 3,9 фоиз зиёд гардидааст.
Маблағи талаботи моҳонаи нафақагирон дар вилоят дар як моҳ 75,6 млн. сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақа ба 288,90 сомонӣ баробар аст.
Дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 53231 нафарро ё ин, ки 21,1 фоизи нафақагиронро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1912 нафар ё ин, ки 3,7 фоиз зиёд гардидааст. Нафақагирони маъюб дар як моҳ 14,6 млн. сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 274,97 сомонӣ баробар аст.
Аз шумораи умумии маъюбон 5315 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 24490 нафарашон маъюбони гурӯҳи дуюм ва 12184 нафарашонро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола дар вилоят 11242 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 247,72 сомонӣ баробар аст.
Дар қайди раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 719 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 223,20 сомонӣ баробар аст.
Шумораи маъбон ва иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 934,23 сомонӣ баробар аст.
Айни замон дар вилоят 90494 нафар шаҳрвандон гирандагони нафақаи суғуртавӣ мебошанд, ки ба онҳо дар як моҳ 22,2 млн. сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда мешавад. Ҳисоби миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ дар вилоят 245,60 сомониро ташкил медиҳад, ки 43,30 сомонӣ нисбат ба нафақаҳои дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” кам мебошад.
Ќайд кардан ба маврид аст, ки пардохти нафаќапулињо дар њамаи шањру ноњияњои вилоят пурра тавассути кортхои пластикї ба роњ монда шудааст.
Дар вилоят шумораи умумии нафақахӯрони навтаъиншуда (суғуртавӣ) дар нуҳ моҳи соли равон 10108 нафар буда, аз ин шумора нафақагирони суғуртавӣ аз рӯи синну сол 5694 нафар, аз рӯи маъюбӣ 480 нафар, маҳрум шудан аз саробон 669 нафар, нафақаи имтиёзнок барои занҳои зиёда 5 фарзанд таваллуд карда ва дорои 240 моҳи собиқаи суғуртавӣ дошта 3052 нафар, бозҳисобии нафақаҳои меҳнатӣ 213 нафарро ташкил медиҳад.
Инчунин дар ин давра ба 4581 нафар нафақаҳои давлатӣ (иҷтимоӣ) таъин карда шуд. Аз ҷумла аз рӯи синну сол 1325 нафар, аз рӯи маъюбӣ 2397 нафар, маҳрум шудан аз саробон 859 нафар мебошад.
Баъдан камбудию норасоиҳои дар фаъолияти раёсату шўъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи дар вилояти Хатлон мавҷудбуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Дар ҷараёни муҳокима аввал аз сардорони раёсату шўъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияи Вахш, Шањритус, Хуросон, Ёвон, Кўшониён, Кўлоб ва Восеъ пурсишҳо ба амал оварда шуд.
Баъди пурсишҳо аз ҷониби муовини сардори Раёсат Шамсзода Шарифхон Амирхон, ба сардорони раёсату шўъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дастуру супориш дода, таъкид карда шуд, ки минбаъд фаъолияти ҳамаи кормандонашонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Инчунин ба сардорони раёсату шўъбаҳое, ки нишондодҳои фаъолияташон пасттарин ва ғайриқаноатбахш буданд, супориш дода шуд, ки то ҷамъбасти оянда ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар охир муовини сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони ҷаласаи корӣ саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъдаашон бурдбориҳоро орзу намуд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA