22-юми сентябри соли 2020 бо иштироки раиси вилояти Хатлон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонони олиқадр, дар шаҳри Левакант бинои нави шӯъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ба истифода дода шуд.
Бино аз 2 ошёна иборат буда, бо бойгонӣ барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳо ва муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосир сохта ба истифода дода шуд, ки ин натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ, ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Дар ошёнаи якум 2 толор ҷойгир шуда, дар ошёнаи дуюм утоқҳои корӣ бо технологияи компютерӣ ва шабакаи Интернет муҷаҳҳаз мебошад.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни ифтитоҳи бинои нав кормандони шуъбаро барои хизмати софдилона ба нафаќагирон ҳидоят намуданд.
Боварии комил аст, ки ҳамаи он сохтмонҳое, ки бо дастгирии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд, боиси дар оянда беҳтар шудани фаъолияти кории кормандон гардида, баъди ба истифодадиҳӣ ба пешрафти кори соҳа мусоидат менамоянд.
Мавриди зикр аст, ки миллати сарбаланди мо таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи ояндаи тобони хеш ва дастовардҳои бузурги иҷтимоию иқтисодӣ пеш рафта, ба қуллаҳои боз ҳам баландтар мерасанд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA