
17 декабри соли 2020 бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон ва дигар меҳмонон, бинои маъмурии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳияи Темурамлик ба истифода дода шуд.
Бино аз 2 ошёна иборат буда, утоқҳои корӣ бо таљҳизоти муосири технологияњои компютерӣ, шабакаи Интернет, толор ва бойгонӣ барои нигаҳдории ҳуҷҷатҳо муҷаҳҳаз мебошад. ки ин њама натиҷаи Истиқлолияти давлатӣ, ғамхорӣ ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода зимни ифтитоҳи бино кормандони шўъбаро барои хизмати софдилона ба нафаќагирон ҳидоят намуданд.
Сохтмонҳое, ки бо дастгирии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд, боиси дар оянда беҳтар шудани фаъолияти кории кормандон гардида, баъди ба истифодадиҳї ба пешрафти кори соҳа мусоидат менамоянд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA