Самтҳои асосии фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ин ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад. Бо мақсади таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо дар соли 2020 дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ (25%) 636 млн. 451,7 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд.
Дар ин давра иҷрои нақша бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобат гирифташуда, ба андозаи 612 млн. 817,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 96,3% нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ нисбати нақшаи пешбинишуда 23 млн. 634,2 ҳазор сомонӣ кам буда, сабаби саривақт пардохт нагардидани нафақаю кӯмакпулиҳо аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузоришаванда гардидааст.
Қайд кардан лозим аст, ки маблағҳои воқеан воридшудаи андози иҷтимоӣ ба суратҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 37 млн. 157,4 ҳазор сомонӣ ё ин ки 6,9% зиёд мебошад.
(ҳазор сомонӣ)
|
ҳамагӣ дар вилоят: |
Воридот |
Воридот |
Натиҷа |
|
|
дар соли 2020 |
дар соли 2019 |
|||
|
(25%+20%) |
(25%+20%) |
(+, -) |
фоиз |
|
|
572936,7 |
535779,3 |
+37157,4 |
+6,9 |
|
Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудогардида 425,2 млн. сомониашро кӯмаки молиявии Агентии суғуратаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки ба 45,6% талаботи нафақа баробар аст.
Теъдоди умумии нафақагирон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 – 256960 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7700 нафар ё ин, ки 3,1 фоиз зиёд гардидааст.
Маблағи талаботи моҳонаи нафақагирон дар вилоят дар як моҳ 83,5 млн. сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақа ба 311,31 сомонӣ баробар аст, аз шумораи умумии нафақагирон 202590 нафарашонро гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ ташкил медиҳанд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 343,48 сомонӣ баробар мебошад. Гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ 54370 нафарро ташкил карда, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо 191,92 сомониро ташкил медиҳад.
Дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 54322 нафарро ё ин, ки 21,1 фоизи нафақагиронро нафақагирони маъюб ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1632 нафар ё ин, ки 3,1 фоиз зиёд гардидааст.
Нафақагирони маъюб дар як моҳ 16,2 млн. сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 299,15 сомонӣ баробар аст. Аз шумораи умумии маъюбон 5393 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 24975 нафарашон маъюбони гурӯҳи дуюм ва 12314 нафарашонро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то синни 18 сола дар вилоят 11640 нафаррро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 273,94 сомонӣ баробар аст.
Дар қайди Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 697 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 236,34 сомонӣ баробар аст.
Шумораи маъюбон ва иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 960,54 сомонӣ баробар аст.
Гирандагони нафақаи аҳамияти Ҷумҳуриявӣ дошта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 453 нафар ва аҳамияти маҳаллӣ дошта 19 нафарро ташкил медиҳад.
Айни замон дар вилоят 94511 нафар шаҳрвандон гирандагони нафақаи суғуртавӣ мебошанд, ки ба онҳо дар як моҳ 24,8 млн. сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда мешавад. Ҳисоби миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ дар вилоят 262,39 сомониро ташкил медиҳад, ки 48,92 сомонӣ нисбат ба нафақаҳои дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” кам мебошад.
Шумораи гирандагони кӯмакпулӣ барои дафни шахсони суғурташудае, ки то рӯзи вафот кор мекарданд ва ҳамчун оилаи камбизоат эътироф шудаанд 37 нафарро ташкил намуда, ба онҳо дар ин давра ба маблағи 41694 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.
Дар вилоят нақшаи андози иҷтимоии инфиродӣ 1% дар соли 2020 ба маблағи 25 млн. 458,1 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда буд, ки дар ин давра иҷрои нақша (бо 20%) ба маблағи 26 млн. 507,3 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 104,9 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад.
Мувофиқи ҳисоботҳои ҷамбастгардида бақияпулиҳои андози иҷтимоии инфиродӣ (1%) ба ҳолати 1.10 соли равон 4 млн. 431,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол ба маблағи 544,4 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст, ки аз ин 368,0 ҳазор сомонӣ ба ташкилотҳои буҷетӣ ва 176,4 ҳазор сомонӣ ба ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ рост меояд.
Инчунин рафти ҷамъоварии маблағҳо дар самти бартарафсозии бақияпулиҳои андози иҷтимоии (25%) низ, корҳо ба таври назаррас ба роҳ монда нашудааст. Бақияи қарзи андози иҷтимоии (25%) мувофиқи ҳисоботҳои ҷамбастгардида ба ҳолати 1.10 соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 147,2 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали сол 37,4 млн. сомонӣ зиёд гардидааст, ки аз ин 30,0 млн. сомонӣ ба ташкилотҳои буҷетӣ ва 7,4 млн сомонӣ ба ташкилотҳои ғайрибуҷетӣ рост меояд.
Тибқи маълумотҳои фаврӣ дар соли 2020 хароҷоти маблағҳои андози иҷтимоӣ 39 млн. 880,8 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин рақам баъд аз пешниҳоди ҳисоботҳои семоҳаи чоруми соли 2020 аз тарафи ташкилоту хоҷагиҳо ба Раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, муайян карда мешавад.
Дар вилоят шумораи корхонаҳое, ки шароити вазнин ва зарарнок доранд 66 ададро ташкил медиҳад. Аз ин шумора бо 6 адад корхонаҳо (суғуртакунандагон, ки ҷойҳои шароити вазнин ва зарарнок доранд) шартномаҳо баста шудааст, ки аз ин ҳисоб маблағи ба суратҳисоби Агентӣ воридгардида 112800 сомониро ташкил медиҳад.
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷиҳати пардохти саривақтии нафақаю кумакпулиҳо ҳамкории худро бо сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" ба таври зарурӣ ба роҳ монда, ҷиҳати дуруст ва шаффоф будани ҳисоботҳо байни Раёсату шуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва сохторҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк", ҳар моҳ санадҳои муқоисавӣ тартиб дода мешаванд.
Мутахассисони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят дар ҳамкорӣ бо мутахассисони “Амонатбонк” тибқи нишондоди дастурамал “Оиди тартиби пешниҳоди талаботи нафақа ва тартиби пардохти нафақаю кӯмакпулиҳо” аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида, дар соли 2020, зиёда аз 8 млн. 906,8 ҳазор сомонӣ маблағи нафақагирони фавтидаю кӯчбаста ва зиёда аз 4 моҳ бо корти пластикиашон амалиёт нагузаронидаро ба суратҳисоби Агентии нафақа баргардониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 954,0 ҳазор сомонӣ кам аст.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2020, таҳти №469 “Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҳумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми августи соли 2020 таҳти №1580 “Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия” дар Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят бозҳисобии (зиёдшавӣ ва индексатсияи маблағи нафақаи) нафақагирон дар мӯҳлати муайянгардида пурра ба анҷом расонида шуд.
Тибқи ҳисоботҳои ҷамбастгардида аз шумораи умумии нафақагирони вилоят, ки дар моҳи сентябри соли равон 251976 нафарро ташкил медод, 188 037 нафарашон ба бозҳисобӣ фаро гирифта шудаанд, ки 74,6 фоизи нафақагирони вилоятро ташкил медиҳад. Фарқияти маблағи нафақагироне, ки ба бозҳисобӣ фаро гирифта шуданд дар як моҳ 6,2 млн. сомонӣ зиёд гардида, талаботи моҳонаи нафақа дар вилоят аз 75,5 млн. сомонӣ ба 82 млн.сомонӣ баробар гардид.
Дар маҷмуъ дар вилоят маблағи талаботи нафақапулиҳо 8,6 фоиз зиёд гардида, ҳаҷми миёнаи нафақа дар вилоят баъд аз бозҳисобӣ (зиёдшавӣ) 312,24 сомониро (287,80 сомонӣ буд) ташкил намуда, 24,44 сомонӣ афзоиш ёфт.
Дар соли 2020 ба Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи дар вилояти Хатлон 370 адад ҳуҷҷатҳои гуногун ворид гардидаанд, ки таҳти назорати роҳбарият ва шахсони масъул қарор дошта, саривақт мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд. Шумораи ҳуҷҷатҳои содиротӣ бошад дар давраи ҳисоботи ҳамагӣ 487 ададро ташкил медиҳад.
Дар давраи соли 2020 ба ММБИ-и ҳудуди вилоят 1857 адад дархостҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ворид шуда, аз ин шумора ба 1761 ададаш ҷавоб гардонида шуд, нчунин 96 адад дархост дар коркард қарор дорад.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2008, таҳти №665 «Дар бораи қоидаҳои пардохти маблағҳои андухти нафақавӣ аз ҳисобномаҳои инфиродии шахсони суғурташуда» то 31-уми декабри соли 2020, ба Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии ҳудуди вилоят 6565 ариза ворид шудааст. Ҳамагӣ дар ин давра ба 7141 нафар шаҳрванд ба маблағи 2 млн. 664,1 ҳазор сомонӣ нафақаи андухтӣ таъин гардид. Ҳисоби миёнаи нафақаи андутии таъиншуда дар вилоят 373,06 сомониро ташкил медиҳад.
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон нишондодҳои соли 2020-ро ҳаматарафа таҳлил намуда, баҳри бартарафсозии камбудию норасогиҳо ва саривақт таъмин намудани нафақаи нафақагирон тамоми чораҳоро меандешад.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA