Дар ҷаласа нозири шӯъбаи муқовимат ба коррупсия муҳтарам Қурбонзода Манучеҳр Мусо, кормандони дастгоҳи марказии Раёсат, Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Бохтар, инчунин сардор ва муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Вахш иштирок доштанд.
Коррупсия – зуҳуроти хавфноки ҷомеа.
Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Мусозода С.А., ҳусни ифтитоҳ бахшида, рӯзномаи ҷаласаи кориро, ки иборат аз як масъала барои баррасӣ пешниҳод намуд.
Вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа баромади нозири шӯъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муҳтарам Қурбонзода М.М. шунида шуд.
Зимни баромад қайд намуд, ки коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида, тавозуни он низ аз байн меравад. Дар натиҷа коррупсия сарчашмаи дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ба монанди ин дигар ҷиноятҳое мегардад, ки боиси аз байн рафтани истиқлолияти комили давлатҳо мегардад.
Давлату њукумат пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирњои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он якчанд санадҳои меъёрӣ - ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул намудааст. Яке аз ин барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» буда, тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷроиши бандҳои Нақша-чорабиниҳои Стратегияи мазкур тамоми чорањои дахлдорро андешида, баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, оқибатҳои зарарноки он ҳамчунин паст намудани шиддати коррупсия ва аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар якҷоягӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Мутаассифона, то ҳол ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки дар ин самт шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар барои ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар амалҳои коррупсионӣ содир менамоянд, ки ин яке аз монеаҳои асосӣ баҳри мувафақона амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегардад.
Мавриди зикр аст, ки фаъолияти як ду мақомот баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа кифоя набуда, танҳо дар сурати муборизаи дастаҷамъона, мо метавонем, ки ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардем.
Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».
Воқеан ҳам ҳар як фарди бо нангу номуси ватан бояд ин суханони сарвари кишварро сармашқи кори худ намуда, бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат, баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар фазои ҳамдигарфаҳмии миллӣ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва бо ифтихор аз миллату ватани хеш сарҷамъона муборизаи беамон бурда, баҳри рушду нумӯи ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорад.
Сипас нозири шӯъбаи муқовимат ба коррупсия мӯҳтарам Қурбонзода М.М., ба масъулини соҳа дастур дод, ки минбаъд оиди пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ ин падидаи номатлуб дар байни кормандон мунтаззам корҳои фаҳмонидадиҳиро ба роҳ монда, фаъолияти онҳоро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.
Дар охир сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи дар вилояти Хатлон Мусозода С.А., њозирин саломатӣ ва дар фаъолияти кориашон бурдбориҳоро орзу намуд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA