You are here

7 феврали соли 2021 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон, васоити ахбори умуми вилоят ва ҷумҳурӣ иштирок доштанд; аз ҷумла: рӯзномаҳои «Тоҷикистон», «Ҷумҳурият»,  «Садои мардум», «Хатлон», «Баҳори аҷам», «СССР», «Фараж», «Дӯстлик», «Набзи Бохтар», ТВ Хатлон, ТВ Қӯрғонтеппа, радиои «Ватан», радиои «Азия + ».

Намояндагони рӯзномаи «Набзи Бохтар» мақолаеро бо номи «Модари танҳое, ки то ҳол нафақа намегирад» пешниҳод намуданд, ки барои таъини нафақаи шаҳрванд Нуралиева Идигул мусоидат намоянд. Нафақаи шаҳрванд баррасӣ гардида, баъди пурра омода шудани ҳуҷҷатҳояш таъин карда мешавад.

Намояндагони васоити ахбори умум дар масъалаҳои мубрами рӯз: оид ба таъини нафақа, пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо, нафақаҳои маъюбӣ ва бозҳисобии нафақаҳо аз моҳи сентябри соли 2020 ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳеҳу аниқ гирифтанд.  

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA