5 март бахшида ба Рӯзи модар ҷамъомад доир гардид. Сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон мӯҳтарм Мусозода С.А. ҳамаи бонувонро бо Рӯзи Модар муборакбод намуд. Арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳо, шабзиндадорӣ, шинохту қадр ва манзалати модар барои ҳар як фарди худогоҳ қарз ва рисолати бузурги фарзандӣ мебошад.
Сол то сол истиқболи Рӯзи модар дар кишвар бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукӯҳу ҷилои тоза касб карда, ин таваҷҷуҳ бори дигар аз мақому манзалати баланди занон дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Соли 2021 мардуми шарафманди кишвар бузургтарин ҷашн - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро истиқбол менамоянд. Занону бонувон бо дарки масъулиятшиносӣ дар ободонӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф пешоҳанг буда, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар ин амалҳои хайр камари ҳиммат баста, ҳиссаи назарраси худро мегузоранд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA