You are here

6-уми июли соли 2021 ҷаласаи чамъбасти фаъолияти кории Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабализода Меҳрубоншо, аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муҳтарам Ғуломова Зарафшон ва сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин, инчунин муовини сардори Раёсат, кормандони масъули дастгоҳи марказии Раёсат ва сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ иштирок доштанд.

 

 

РӮЗНОМАИ ҶАЛАСА:

 

 

1. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ.

 

Ҷаласаро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ, ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласаи корӣ меҳмонро муаррифӣ карда, тибқи тартиб ба ҳозирин рӯзномаи ҷаласаи кориро, ки иборат аз як масъала пешниҳод гардида буд, шинос намуда, барои баррасӣ пешниҳод кард.

Вобаста ба масъалаи рӯзномаи ҷаласа «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ» маърӯзаи муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Шамсзода Шарифхон Амирхон шунида шуд.

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, дар давраи нимсолаи якуми соли 2021 корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Самти асосии фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ин дар доираи ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад. Бо мақсади таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо дар шаш моҳи соли 2021 дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ (25%) 354 млн. 240,6 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд.

Дар ин давра иҷрои нақша бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобат гирифташуда, ба андозаи 357 млн. 701,8 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 101,0 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ дар шаш моҳи соли равон нисбати нақшаи пешбинишуда 3461,2 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад 83 млн. 336,9 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 33,1 фоиз зиёд мебошад.                                                                                                                                         

                                                                                                 (ҳазор сомонӣ)

 

Воридот

Воридот

Натиҷа

 

дар 6 моҳи          соли 2021

дар 6 моҳи          соли 2020

 

(25%+20%)

(25%+20%)

(+, -)

фоиз

Ҳамагӣ дар вилоят:

335281,7

251944,8

+83336,9

+33,1

 

 

 

 

 

 

 

Гарчанде, ки дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ дар нимсолаи якуми соли 2021 барзиёд таъмин гардида бошад хам, мутаассифона баъзе шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла ноҳияҳои Ҷ-Балхӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ёвон, Кӯлоб, Восеъ, Фархор ва Муъминобод иҷрои нақшаи андози иҷтимоиро таъмин карда натавонистанд.

Аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳое, ки иҷрои нақшаро дар давраи ҳисоботи таъмин накарданд, ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 7,9 млн. сомонӣ ворид нагардид.

Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст.                                То санаи 2-юми июли соли 2021 ба нуқтаҳои ваколатдори “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 503 млн. 758,1 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда шуд, ки талаботи нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар шаш моҳи соли равон пурра маблағгузорӣ гардида қарзи нафақа вуҷуд надорад.

Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудогардида 209,0 млн.  сомониашро кӯмаки молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки ба 41,5% талаботи нафақа баробар аст.

Теъдоди умумии нафақагирон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 01.07. соли 2021 – 262800 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8825 нафар ё ин, ки 3,5 % зиёд гардидааст.

Маблағи талаботи моҳонаи нафақагирон дар вилоят бо дарназардошти  иловапулӣ ва кӯмакпулиҳо дар як моҳ 84,7 млн. сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақа ба 310,60 сомонӣ баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта (буд 289,68) 20,92 сомонӣ зиёд гардидаст.

Тибқи маълумотҳои ҷамбастгардида дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 205807 нафарашро гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ ташкил медиҳад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 341,90 сомонӣ баробар мебошад. Гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ 56993 нафарро ташкил карда,  ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо 197,58 сомониро ташкил медиҳад.

Дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 55900 нафарро ё ин, ки 21,3% нафақагиронро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2976 нафар ё ин, ки 5,6% зиёд гардидааст.

Нафақагирони маъюб дар як моҳ 16,8 млн. сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 301,63 сомонӣ баробар аст.

Аз шумораи умумии маъюбон 5578 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 25504 нафарашон маъюбони гурӯҳи дуюм ва 12613 нафарашонро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то синни 18 сола дар вилоят 12205 нафарро ташкил дода ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 277,86 сомонӣ баробар аст.

Дар қайди Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1-уми июли соли равон 738 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 14 нафар кам гардида, ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 234,83 сомонӣ баробар аст.

Шумораи маъбон ва иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 30 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 943,85 сомонӣ баробар аст.

Гирандагони нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 426 нафар ва аҳамияти маҳаллӣ дошта 16 нафарро ташкил медиҳад.

Айни замон дар вилоят 82203 нафар шаҳрвандон гирандагони нафақаи суғуртавӣ мебошанд, ки ба онҳо дар як моҳ 23,4 млн. сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда мешавад. Ҳисоби миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ дар вилоят 284,61 сомониро ташкил медиҳад. 

Дар давраи ҳисоботи ба Раёсату шуъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 11886 аризаи шаҳрвандон барои таъин намудани нафақаҳои суғуртавӣ ворид гардида ба Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ пешниҳод гардидааст.

Дар ин давра аз тарафи Марказҳои минтақавии баҳисобгирии ҳудуди вилоят (ш.Бохтар, Кӯлоб ва н.Ҷ-Балхӣ) ба 11191 нафар ба маблағи 3 млн. 608,3 ҳазор сомонӣ нафақаи суғуртавӣ таъин намудаанд, ки аз ин шумора нафақагирони суғуртавӣ аз рӯи синну сол 5367 нафар, аз рӯи маъюбӣ 1265 нафар, маҳрум шудан аз саробон 1747 нафар, нафақаи имтиёзнок барои занҳои зиёда 5 фарзанд таввалуд карда ва дорои 240 моҳи собиқаи суғуртавӣ дошта 2272 нафар, бозҳисобии нафақаҳои суғуртавӣ 540 нафарро ташкил медиҳад. Аснодҳои нафақаҳои суғуртавии дар баррасӣ қарор дошта 592 адад ва аснодҳои суғуртавие, ки таъини нафақаашон рад шудааст 103 ададро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон аз тарафи Раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи сипаришуда ба 4194 нафар ба маблағи 848,7 ҳазор сомонӣ нафақаҳои давлатӣ (иҷтимоӣ) таъин карда шуд. Аз ҷумла: аз рӯи синну сол 1161 нафар, аз рӯи маъюбӣ 2274 нафар, маҳрум шудан аз саробон 759 нафар мебошад. Баъдан камбудию норасоиҳои дар фаъолияти Раёсату шуъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Баъди пурсишҳо намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабализода Меҳрубоншо баромад намуда, ба сардорони Раёсату шуъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дастур дода, таъкид намуд, ки ҳамкориҳоро ҷиҳати иҷрои қисми даромади буҷетӣ суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва кам намудани бақияпулиҳои андози иҷтимоии инфиродӣ бо нозиротҳои андоз, сохторҳои молия ва дигар идораҳои дахлдори маҳаллӣ ҷоннок намуда, корҳоро дар самти бақайдгирии соҳибкорони инфиродӣ ва бозпаснамудани маблағҳои нафақагирони фавтидаю кӯчбаста ва зиёд аз 4 моҳ амалёт нагузаронида пурзӯр намуда, талаботи моҳонаро дуруст дар муҳлатҳои муайянгардида ба дастгоҳи марказии Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон пешниҳод намоянд.

Ҳамзамон аз ҷониби сардори Раёсат Мусозода Саймумин Абдухолиқ, ба сардорони Раёсату шуъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки минбаъд фаъолияти ҳамаи кормандонашонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд.

Инчунин ба сардорони Раёсату шӯъбаҳое, ки нишондодҳои фаъолияташон пасттарин ва ғайриқаноатбахш буданд, супориш дода шуд, ки то ҷамъбасти оянда ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Дар охир сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони ҷаласаи корӣ саломатӣ ва дар фаъолияти кориашон бурдбориҳоро орзу намуданд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA