08 сентябри соли 2021 ҷаласаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ ҳусни ифтитоҳ бахшид.
Дар бораи дастовардҳои даврони Истиқлолият бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори бахши ҳуқуқ, корҳои кадрӣ ва коргузории Раёсат Файзуллозода А.Ҳ., баромад намуда, қайд кард, ки имсол Тоҷикистони азиз санаи муҳими таърихӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегирад. Ин сана бузургтарин воқеаи даврони таърихи навини тоҷикон маҳсуб мегардад. 9-уми сентябри соли 1991 Иҷлосияи 12-уми ғайринавбатии Шӯрои олӣ Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Ин санад роҳу равиши ҷомеа ва сарнавишти халқи тоҷикро ба куллӣ дигаргун сохт. Тоҷикон баъд аз ҳазор сол аз нав соҳибдавлат гардиданд. Тавлиди давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ истиқбол намуд. Дар зарфи як соли истиқлолият Тоҷикистон аз тарафи 58 давлати дунё ба расмият шинохта шуда, бо онҳо робитаҳои дипломатӣ барқарор карда шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромаду суханрониҳои хеш Истиқлолиятро бузургтарин ва муқаддастарин дастоварди миллати тоҷик номида, аҳамияти ин масъалаи муҳимро баён менамоянд. Мардумро барои чун гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдории он роҳнамоӣ карда, истиқлолро тантанаи адолати таърихӣ ва идомаи силсилаи давлатдории чандинҳазорсолаи ниёгонамон ва пайвастани он ба оини давлатдории навин миллиамон меноманд.
Сардори Раёсат бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони дастгоҳи марказии Раёсат ва Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сипосномаҳо супориданд.
Дар фарҷом сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони ҷаласаи корӣ саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъда бурдбориҳо орзу намуд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA