
Рӯзи 9 августи соли 2021 дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишии Дастурамал оид ба зиёд намудани андозаи нафақаи гурӯҳҳои алоҳидаи нафақагирон, ки дар заминаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, №297 “Дар бораи тадбирҳои амалишавии фаормони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 2021, №186” таҳия гардидааст, доир гардид.
Дар семинар, ки барои сардорон ва масъулони сохторҳои Агентӣ аз дастгоҳи марказӣ, вилоят ва шаҳру ноҳияҳо барпо карда шуд, оиди муҳиммияти ин иқдом нисбати категорияи нафақагироне, ки нафақаашон бояд зиёд карда шавад, андозаи зиёдшавии нафақа бо нишондоди формулаҳои ҳисобкунӣ ва коэффитсиентҳое, ки дар афзоиши нафақа таъсир мерасонанд, омӯзишу машваратҳо гузаронида шуд.
Бо мақсади аз ҷониби мутахассисони масъул роҳ надодан ба хатогиҳо, формулаву тартиби ҳисоби зиёдшавии нафақаҳо бо слайдҳо нишон дода шуда, барои дарки дурусти масъала ва эҳсоси баланди масъулиятнокӣ, ҳар як мутахассис аз ҷониби роҳбарият супоришҳои қатъӣ гирифтанд.
Диққати иштирокчиён ба он ҷалб карда шуд, ки чорабиниҳои зиёд намудани нафақаҳо бояд ба таври қатъӣ дар муҳлатҳои муқараргардида амалӣ карда шаванд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA