You are here

Дастоварди навбатии соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияҳои водии Рашт

Ба истиқболи ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба нафақагирон ва шахсони ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҷалбгардида, дар ноҳияи Тоҷикобод бинои наву замонавии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Сангвор, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш, ки ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз 20 то 21 сентябр идома дошт, ифтитоҳ гардид.

Бинои нави маъмурии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, аз даромадгоҳи васеъ, утоқи калони равзанаи ягона, китобхона, бойгонӣ, маҷлисгоҳ ва 4 утоқи корӣ иборат мебошад.

Дар баробари гузаронидани чорабинии расмии ифтитоҳи бинои Агентӣ дар ноҳияи Тоҷикобод, дирекори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек аз раёсату шуъбаҳои дигар ноҳияҳои водии Рашт, аз ҷумла Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ ва шўъбаи Агентӣ дар ноҳияи Нуробод дидан намуда, барои тақвияти кор дар низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва ба таври муосир ба роҳ мондани тартиби таъйину маблағгузории нафақа супоришҳои мушаххас доданд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA