You are here

Эҳтиром ба забон – эҳтиром ба фарҳанг ва тамаддуни миллӣ

Иди забон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 5 сентябр бо шаҳомати хоса таҷлил гардид.

Сухани ифтитоҳиро директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Д.А. бо иқтибос аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар яке аз табрикоташон бахшида ба Иди забон баён намуда буданд, оғоз намуданд, ки: “Забони тоҷикӣ - ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон, инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад”. Дар идомаи сухан, директори Агентӣ муҳтарам Давлатзода Д.А. қайд намуданд, ки ба бахти мо, дар замони соҳибистиқлолӣ забони модарии мо мақоми давлатӣ касб намуда, барои фароҳам омадани таъмину таҳияи як қатор заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намуд. Имрӯз ин забон забони расмии нишастҳо ва коргузории вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо мебошад. Эҳтиром ба забони модарии худ, фарҳанг ва тамаддуни хеш, эҳтиром ба тамаддуни дигар инсонҳоро нишон дода, решаи дӯстии инсонҳоро ба вуҷуд меоварад.

Дар раванди ҷаласаи идона, кормандони Агентӣ дар васфи забону гиромидошти он ва ғановатҳое, ки аз ин забон ба ҷаҳониён мерос мондааст, суханҳо гуфтанд ва рўнамоҳо нишон дода шуд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA