
21 октябри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара бинои нави Раёсати суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.
Бинои навтаъсис бо иқдому ташаббусҳои Пешвои муаззами миллат ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам беҳтар сохтани шароити кору хизматрасонӣ ба аҳолӣ бо сифати баланд бунёд гардида, барои кормандон тӯҳфаи арзандаи ҷашнӣ ба ҳисоб меравал. Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи апрели соли 2020 оғоз гардида, бо ҷалби беш аз 80 нафар кормандону мутахассисони маҳаллӣ дар мӯҳлатҳои пешбинишуда, бо истифода аз унсурҳои меъмории миллӣ мавриди истифода қарор дод шуд.
Ба сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи дар ноҳияи Данғара дар масоҳати умумии беш аз 2000 метри мураббаъ бо сифати баланд ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии корӣ бунёд ёфта, дорои 24 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, ошхона, китобхона, бойгонӣ барои нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад.
Президенти мамлакат зимни шиносоӣ аз шароити корӣ ва сӯҳбати самимӣ бо мутахассисону кормандон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизматрасонӣ ба кормандону мутахассисони корхонаю муассисаҳои иҷтимоӣ ва дар ин замина руҳандозӣ намудани сатҳи баланди хизматрасонӣ тадбирҳои муҳимро дар доираи иқдомҳои бузургу созанда амалӣ менамояд. Дар робита ба ин кормандону мутахассисони суғуртаи иҷтимоӣва нафақаро лозим аст, ки хизматрасониро ба аҳолӣ дар доираи имкониятҳои фароҳам гардида, беҳтару хубтар ба роҳ монанд.
Бино аз 6 ошёна иборат буда, дар ошёнаи 1-ум барои ҷалби коргарону мутахассисон ба китобхонӣ аз ҷумла, мутолиаи асарҳои бадеӣ, илмӣ, соҳавӣ ва қисми дигар равзанаи ягона ҷиҳати қабул ва сари вақт анҷом додани хизматрасониҳо ба аҳолӣ ташкил гардидааст, ки ҳамаи онҳо бо мизу курсӣ, компютер ва дигар таҷҳизоти зарурии корӣ таъмин аст. Бинои нав бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, он давраҳои сардӣ тавассути ангишт бо гармӣ таъмин карда мешавад. Атрофи бино сафолакпӯш ва бо гулҳои рангорангу дарахтони ҳамешасабз оро дода шудааст. Чароғонкунӣ аз ҷумлаи тадбирҳои дигар маҳсуб ёфта он дар доираи корҳои ободонӣ анҷом ёфтааст, ки симои ноҳияро зебо мегардонад.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA