
14 октябри соли 2021 ҷамъбасти фаъолияти нуҳмоҳаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷабализода Меҳрубоншо, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мӯҳтарам Сафаров Шодӣ Азизович ва сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ, кормандони масъули дастгоҳи марказии Раёсат ва сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ иштирок доштанд.
Рӯзномаи ҷаласа:
Ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳои минбаъдаи соли ҷорӣ.
Ҷаласаи кориро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ, ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиёни ҷаласаи корӣ меҳмонро муаррифӣ карда, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
«Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар нуҳ моҳи соли 2021 ва вазифаҳои минбаъдаи соли ҷорӣ» маърӯзаи муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Шамсзода Шарифхон Амирхон шунида шуд.
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда, дар нуҳ моҳи соли 2021 корҳои муайянеро ба сомон расонид.
Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ин ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад. Дар нуҳ моҳи соли 2021 дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ (25%) 545 млн. 095,3 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд. Дар ин давра иҷрои нақша бо назардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобат гирифташуда, ба андозаи 538 млн. 830,8 ҳазор сомонӣӣ таъмин гардид, ки 98,9 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ дар нуҳ моҳи соли равон нисбати нақшаи пешбинишуда 6 млн. 264,5 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад 114 млн. 470,3 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 29,4 фоиз зиёд мебошад.
Дар нуҳ моҳи соли равон ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоят ташвишовар буда, дар ин давра ба истиснои шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Вахш, Қубодиён, Хуросон, Панҷ, М.С.А.Ҳамадонӣ, Ховалинг, Ш.Шоҳин ва Балҷувон дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят иҷрои нақшаи андози иҷтимоиро таъмин карда натавонистанд.
Аз ҳисоби шаҳру ноҳияҳое, ки иҷрои нақшаро дар давраи ҳисоботӣ таъмин накарданд, ба буҷети Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 15,6 млн. сомонӣ ворид нагардид.
Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида истодааст. То санаи 13-уми октябри соли 2021 ба нуқтаҳои ваколатдори “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 757 млн. 990,7 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда шуд, ки талаботи нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят пурра маблағгузорӣ гардида, қарзи нафақа вуҷуд надорад.
Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудогардида 286,0 млн. сомониашро кӯмаки молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки ба 37,7% талаботи нафақа баробар аст.
Теъдоди умумии нафақагирон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1-уми октябри соли 2021 – 259854 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7878 нафар ё ин, ки 3,1 фоиз зиёд гардидааст.
Маблағи талаботи моҳонаи нафақагирон дар вилоят бо дарназардошти иловапулӣ ва кӯмакпулиҳо дар як моҳ 84,7 млн. сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақа ба 313,45 сомонӣ баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта (буд 287,71) 25,74 сомонӣ зиёд гардидааст.
Тибқи маълумотҳои ҷамъбастгардида дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 203267 нафарашро гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ ташкил медиҳад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 340,36 сомонӣ баробар мебошад. Гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ 56587 нафарро ташкил карда, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо 216,77 сомониро ташкил медиҳад.
Дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 55904 нафарро ё ин, ки 21,5% нафақагиронро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2673 нафар ё ин, ки 5,0 фоиз зиёд гардидааст.
Нафақагирони маъюб дар як моҳ 17,9 млн. сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 320,28 сомонӣ баробар аст.
Аз шумораи умумии маъюбон 5608 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 25389 нафарашон маъюбони гурӯҳи дуюм ва 12666 нафарашонро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то синни 18-сола дар вилоят 12241 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 306,20 сомонӣ баробар аст.
Дар қайди Раёсату шӯуъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1-уми октябри соли равон 523 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 28 нафар кам гардида, ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 219,48 сомонӣ баробар аст.
Шумораи маъбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 22 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 931,34 сомонӣ баробар аст.
Айни замон дар вилоят 83942 нафар шаҳрвандон гирандагони нафақаи суғуртавӣ мебошанд, ки ба онҳо дар як моҳ 24,0 млн. сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда мешавад. Ҳисоби миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ дар вилоят 286,08 сомониро ташкил медиҳад.
Дар нуҳ моҳи соли равон ба Раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят 17022 аризаи шаҳрвандон барои таъин намудани нафақаҳои суғуртавӣ ворид гардида, ба Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ пешниҳод гардидааст.
Дар ин давра аз тарафи Марказҳои минтақавии баҳисобгирии ҳудуди вилоят (ш.Бохтар, Кӯлоб ва н.Ҷ.Балхӣ) ба 15908 нафар ба маблағи 5 млн. 218,6 ҳазор сомонӣ нафақаи суғуртавӣ таъин намудаанд, ки аз ин шумора нафақагирони суғуртавӣ аз рӯи синну сол 8271 нафар, аз рӯи маъюбӣ 1929 нафар, маҳрум шудан аз саробон 2075 нафар, нафақаи имтиёзнок барои занҳои зиёда 5 фарзанд таваллуд карда ва дорои 240 моҳи собиқаи суғуртавӣ дошта 3127 нафар, бозҳисобии нафақаҳои суғуртавӣ 505 нафарро ташкил медиҳад. Аснодҳои нафақаҳои суғуртавии дар баррасӣ қарор дошта 944 адад ва аснодҳои суғуртавие, ки таъини нафақаашон рад шудааст 170 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон аз тарафи Раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар давраи сипаришуда ба 5810 нафар ба маблағи 1 млн. 169,4 ҳазор сомонӣ нафақаҳои давлатӣ (иҷтимоӣ) таъин карда шуд. Аз ҷумла аз рӯи синну сол 1608 нафар, аз рӯи маъюбӣ 3141 нафар, маҳрум шудан аз саробон 1061 нафар мебошад.
Баъдан камбудию норасоиҳои дар фаъолияти Раёсату шуъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби сардори Раёсат Мусозода Саймумин Абдухолиқ, ба сардорони Раёсату шӯъбаҳои АСИН дар шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки минбаъд фаъолияти ҳамаи кормандонашонро таҳти назорати доимӣ қарор диҳанд. Дар охир сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони ҷаласаи корӣ саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъдаашон бурдбориҳоро орзу намуд.
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
Кучаи Дустии Халқҳо
Бинои №28 а
Designed by MATHEMA