You are here

15 ноябри соли 2021 дар Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон љамъомади тантанавї баргузор гардид.

 Ҳамасола 16-уми ноябр мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Баробари Истиқлолият Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонид, ки бо кирдору амалҳои некаш тавонист мардуми парешонро муттаҳид, дар кишвар сулҳу ваҳдатро пойдор ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима диҳад. Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Сарвари давлат дар тӯли солҳои гузашта тамоми рукнҳои давлатдорӣ барқарор гардида, сулҳу ваҳдати миллии пойдор ба тамоми табақаҳои ҷомеа афзуд.  Ба ҳамаи ин дастовардҳои беназир мо тавассути роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хиради халқи сулҳпарвар, меҳнатдӯсту соҳибмаърифатамон ноил шудем.

 Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Бо ташаббуси ӯ соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд. Президент ба қавлаш вафо карда, фирориёнро ба Ватан баргардонид, бо кӯшишу заҳматҳо 27-уми июни соли 1997 Шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расонд ва ба ҷанг хотима гузошт.

 Сардори Раёсат Мусозода С.А. иштирокчиёни ҷамъомадро ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” самимона муборакбод гуфта, бурдборињо таманно намуданд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA