You are here

Натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсат дар соли 2021

       05 январи соли 2022 маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2021 баргузор гардид

      Дар кори ҷаласа намояндаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Муродзода Мирзоалӣ, аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мӯҳтарам Нуралиев Зоиршо, сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ, кормандони масъули дастгоҳи марказии Раёсат ва сардорони Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят, сардорони Марказҳои минтақавии баҳисобгирии инфиродӣ дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб ва ноҳияи Ҷ.Балхӣ иштирок доштанд.

 

 

Рӯзномаи  маҷлис:

 

 

1. Дар бораи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 21-уми декабри соли 2021.

2. Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022.

 

Маҷлиси ҷамъбастиро сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Мусозода Саймумин Абдухолиқ, ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба иштирокчиёни маҷлис меҳмононро муаррифӣ карда, тибқи тартиб ба ҳозирин рӯзномаи маҷлисро, ки иборат аз ду масъала пешниҳод гардида буд, шинос намуда, барои баррасӣ пешниҳод кард.

Сипас доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис маърӯзаи сардори шуъбаи таъини қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии ММБИ-и шаҳри Бохтар Одинаев А.Ш., оид ба мӯҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шунида шуд.

Зимни суханрони иброз намуд, ки санаи 21-уми декабри соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, ки он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян намуд.

Воқеан, ҳам дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Бо мақсади идомаи тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ятимону бепарасторон дар Паёми навбатӣ пешниҳод гардид, ки:

- аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида, зиёд карда шаванд.

Тибқи маълумотҳои ҷамъбастгардида дар вилоят аз шумораи умумии 264661 нафар нафақагирон 31858 нафарашонро ятимони кулл ва нимятимон ташкил медиҳад, ки ба зиёдшавии нафақа фаро гирифта мешаванд, ҳаҷми маблағи моҳонаи нафақаи онҳо тақрибан 1 млн. 648,7 ҳазор сомонӣ зиёд мешавад.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки дар вилоят шароити иҷтимоии қариб 31,8 ҳазор нафар ятимони кулл ва нимятимон беҳтар гардад.

 Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар соли 2021 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2022» маърӯзаи муовини сардори Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Хатлон Шамсзода Шарифхон Амирхон шунида шуд.

Муовини сардори Раёсат зимни суханронии худ қайд намуд, ки Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолияти худро тибқи талаботи Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супоришҳои роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба роҳ монда, дар соли 2021 корҳои муайянеро ба анҷом расонид.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ин дар доираи ҷамъоварии маблағҳои андози иҷтимоӣ маблағгузории саривақтии нафақапулиҳо мебошад.

Бо мақсади таъмини саривақтии маблағи нафақаю кӯмакпулиҳо соли 2021 дар вилоят нақшаи андози иҷтимоӣ (25%) 744 млн. 942,9 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардида буд.

Дар ин давраи сипаришуда иҷрои нақша бо дарназардошти хароҷотҳои дар ташкилоту корхонаҳо ба инобат гирифташуда, ба андозаи 737 млн. 145,3 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 99,0 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Маблағҳои воридшудаи андози иҷтимоӣ дар соли 2021 нисбати нақшаи пешбинишуда 7 млн. 797,6 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бошад 116 млн. 992,5 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 20,4 фоиз зиёд мебошад.

 

 Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи вилоят бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои пардохти саривақтии маблағҳои нафақа тамоми чораҳоро андешида то санаи 30 декабри соли 2021 ба нуқтаҳои ваколатдори “Амонатбонк”-и шаҳру ноҳияҳои вилоят ба маблағи 1 млрд. 16 млн. 111,4 ҳазор сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда шуд, ки талаботи нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2021 пурра маблағгузорӣ гардида, қарзи нафақа вуҷуд надорад.

 Аз маблағи умумии нафақапулиҳои ҷудогардида 359,2 млн.  сомониашро кӯмаки молиявии Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки ба 35,4 фоизи талаботи нафақа баробар аст.

Теъдоди умумии нафақагирон дар вилояти Хатлон ба ҳолати 1-уми январи соли 2022 – 264661 нафарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7701 нафар ё ин, ки 3,0 фоиз зиёд гардидааст.

Маблағи талаботи моҳонаи нафақагирон дар вилоят бо дарназардошти  иловапулӣ ва кӯмакпулиҳо дар як моҳ 86,7 млн. сомониро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақа ба 314,79 сомонӣ баробар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта (буд 311,31) 3,48 сомонӣ зиёд гардидааст.

Тибқи маълумотҳои ҷамбастгардида дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 206579 нафарашро гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ ташкил медиҳад, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 341,27 сомонӣ баробар мебошад. Гирандагони нафақаҳои иҷтимоӣ 58082 нафарро ташкил карда,  ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо 216,55 сомониро ташкил медиҳад.

Дар вилоят аз шумораи умумии нафақагирон 56255 нафарро ё ин, ки 21,2 фоизи нафақагиронро нафақагирони маъюб ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1933 нафар ё ин, ки 3,6 фоиз зиёд гардидааст.

Нафақагирони маъюб дар як моҳ 18,1 млн. сомонӣ нафақапулӣ мегиранд, ки ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 322,46 сомонӣ баробар аст.

Аз шумораи умумии маъюбон 5648 нафарашон маъюбони гурӯҳи якум, 25576 нафарашон маъюбони гурӯҳи дуюм ва 12633 нафарашонро маъюбони гурӯҳи сеюм ташкил медиҳанд. Шумораи маъюбони аз овони кӯдакӣ то синни 18 сола дар вилоят 12398 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 306,40 сомонӣ баробар аст.

Дар қайди Раёсату шӯъбаҳои Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ҳолати 1-уми январи соли равон 624 нафар ятими кулл ба қайд гирифта шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 73 нафар кам гардида, ҳаҷми миёнаи нафақаи онҳо ба 232,24 сомонӣ баробар аст.

Шумораи маъбон ва иштирокчиёни ҶБВ солҳои 1941-1945 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 21 нафарро ташкил дода, ҳисоби миёнаи нафақаи онҳо ба 929,92 сомонӣ баробар аст.

Гирандагони нафақаи аҳамияти Ҷумҳуриявӣ дошта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 386 нафар ва аҳамияти маҳаллӣ дошта 14 нафарро ташкил медиҳад.

Айни замон дар вилоят 87836 нафар шаҳрвандон гирандагони нафақаи суғуртавӣ мебошанд, ки ба онҳо дар як моҳ 25,4 млн. сомонӣ нафақапулӣ ҷудо карда мешавад. Ҳисоби миёнаи нафақаҳои суғуртавӣ дар вилоят 288,78 сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҷараёни муҳокима аввал аз сардорон ва муовинони Раёсату шӯъбаҳои Агентии нафақаи шаҳру ноҳияҳое, ки дар фаъолияташон камбудию норасоиҳо вуҷуд доштанд, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Ҳамзамон аз ҷониби сардори Раёсат Мусозода С.А. ба сардорони Раёсату шӯъбаҳое, ки нишондодҳои фаъолияташон пасттарин ва ғайриқаноатбахш буданд, супориш дода шуд, ки то ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2022, ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта тадбирҳои заруриро андешанд.

Дар охир сардори Раёсат ба ҳамаи ҷамъомадагони маҷлис саломатӣ ва дар фаъолияти кории минбаъдаашон бурдбориҳоро орзу намуд.

МО ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

facebook.pngvk.pngyoutube.pngtwitter.png

Суроға

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

Кучаи Дустии Халқҳо

Бинои №28 а

Тамос

Tel: (83222) 2-23-54

Fax: (83222) 2-88-19

Email: asinhatlon@mail.ru

Designed by MATHEMA